Масъулин: Ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ саривақт хун расонидем

© Sputnik / Камар АхрорЖитель Худжанда Рустам Олимзод, добровольно пришедший сдать кровь для пострадавших в конфликте на таджикско-кыргызской границе
Житель Худжанда Рустам Олимзод, добровольно пришедший сдать кровь для пострадавших в конфликте на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Масъулони Маркази захираи хун дар Суғд мегуянд, сокинони наздимарзии шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров, ки захмӣ гардида саривақт бо хун таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Шумори зиёди сокинони вилояти Суғд ба Маркази захираи хун омада ихтиёран барои захмиён аз муноқишаи марзӣ хун месупоранд.
Рустами Олимзод, аз шумори сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки ба Маркази хун омадааст.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ихтиёран барои супоридани хун ба ин ҷо омада ва чунин амали худро як кори хайр медонад.
Хунсупорӣ ҳам як амали хайр аст
“Хунсупориро мо амали хайр меҳисебем ва шояд ин кӯмаки мо барои онҳое, ки бар асари муноқишаи марзӣ аз силоҳи марзбонони Қирғизистон захмӣ гардиданду ба хун эҳтиёҷ доранд, расад” – зикр кард, Олимзод.
Музаффар Раҳматов, сокини дигари вилояти Суғд ва аз шумори донорони хун аст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди дидани навори ваҳшатангези муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон, ки даҳҳо хонаҳои сокинон хароб гардида соҳибонашон шадидан захмӣ шудаанд, водор шуд, ки ба марказ омада боз ҳам хун супорад.
© Sputnik / Камар АхрорЗапас крови В центре крови Согда
Запас крови В центре крови Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Запас крови В центре крови Согда
директори Филиали муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилояти Суғд Лутфулло Мадумаров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин коргоҳ солона имкони захира намудани беш аз як тон хун ва зардоба (плазма) мавҷуд аст.
Ӯ гуфт, дар пайи рухдоди муноқишаи марзии низомиёни Қирғизистон, ки ахиран чандин сокинонро дар деҳоти шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров захмӣ барҷой гузошт саривақт ва бидуни мушкил беш аз 120 литр хун ва ҷузъиёти он ба эҳтиёҷмандон дастрас карда шудааст.
“Инро бояд таъкид намоям, ки давоми нуҳ моҳи соли равон 8356 мавриди хунсупории донорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам талаботи муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоятро тибқи нақша ва дар ҳолатҳои фавқуллода таъмин мегардонад” – афзуд, Мадумаров.
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
муовини директори Филиали муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилояти Суғд Маликаббос Шодмонов таъкид намуд, ки баъди рухдоди фоҷиаи марзӣ шумори онҳое, ки ихтиёран барои супоридани хун ба марказ омадаанд бештар шудааст.
Сокинон ин амали худро кори савоб ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ мекунанд.
Хуне, ки донорон гирифта мешавад, аз ташхис гузаронида шуда, навъи он дақиқ ва баъд аз назорати сифати он ба шуъбаи интиқол ба эҳтиёҷмандон фиристода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0