Супориши Раҳмон: Хонаҳои зарардида дар марз то 1 ноябр барқарор шаванд

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон президент РТ
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Кумаки навбатии Ҳукумати Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд равон шуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармонеро имзо кард, ки тибқи он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотӣ раисҷумҳур.
Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон фармоиши Ҳукумати Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.
“Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас карда мешавад”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки кумаки Президенти кишвар барои дастгирии сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо гардидааст.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки манзилҳои истиқоматии харобгардидаи сокинони деҳоти зикршуда то 1 ноябри соли ҷорӣ барқарор карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0