Ояндаи нерӯҳои ҳавоии Украина: халабонҳои афғон, "Миг"-ҳои славакӣ ва фирор ба Лаҳистон

CC BY-SA 2.0 / mashleymorgan / Embraer EMB-314 Super TucanoСамолет Embraer EMB-314 Super Tucano
Самолет Embraer EMB-314 Super Tucano - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Обуна шудан
Вашингтон бар ин бовар аст, ки миқдори муайяни доллар ва таҳвили аслиҳаҳои аз лиҳози технологӣ куҳнашуда ба режими лухтаксони Киев Русияро мағлуб мекунад
Иёлоти Муттаҳида дар ҷиҳати таъмини нерӯҳои ҳавоии Украина халабонҳои фирории афғонистонӣ, “турбовинтӣ”-ро барои ҷангандаҳои кӯҳнаи "МиГ-29" аз Словакия ва дигар ҳавопаймоҳои замони шӯравӣ, ки дар кишварҳои мухталиф пайдо мешаванд, ба давраҳои бозомӯзӣ фарогирифтааст.
Кӯмаки ғайримустақими низомии ИМА фалокати режими Киевро барои чанд муддате ба таъхир меандозад, аммо ба натиҷаи ниҳоии амалиёти вижа таъсир намерасонад.
Рӯзи 29 август як манбаи низомии Русия ба хабарнигорон гуфт, ки халабонҳои касбии нирӯҳои ҳавоии собиқи Украина – дар ҳавопаймоҳои МиГ-29, Су-27 ва Су-25 тавассути нерӯҳои ҳавоӣ ва системахои зидди ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.
Танҳо дар як рӯзи гузашта ду ҳавопаймои ҷангии украинии Су-25 дар вилояти Запорожие ва ҶМД сарнагун карда шуданд. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 276 ҳавопаймо, 148 чархбол ва 1832 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуданд - ин рақамҳо аз талафоти бебозгашти беш аз 500 халабони нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳодат медиҳанд.
Многоцелевые истребители Су-27 ВС Украины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Манбаъ: Халабонҳои афғон ба Украина ҷалб мешаванд
Президенти Украина Владимир Зеленский барои рафъи камбуди "арвоҳҳои Киев"-ро роҳи ҳалле пойдо кард, ӯ курсантҳои нохондаи Донишкадаи низомии Харковро, ба ҷанг кашонд, ки дар парвози якум ё дуюм нобуд карда шуданд (наврасони 17-солаи Ҷавонони Гитлерро ба ёд оред). Барои ҷуброни талафоти фалокатбори нерӯҳои ҳавоии Украина кишварҳои ғарбӣ талош карданд, ки халабонҳои ҳавопаймоҳои "Шӯравӣ"-ро тибқи қарордод дар Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ киро кунанд.
Имрӯз Пентагон мехоҳад халабонҳои афғонро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷалб намояд, ки як сол пеш ба Амрико ва кишварҳои дигар фирор карда буданд. Бозомӯзӣ дар Калифорния оғоз шудааст аммо ҳузури афғонҳо дар осмони Украина вазъро дар майдони амалиётии аврупоӣ тағйир нахоҳад дод.
Артиши Афғонистон, ки аз рӯи стандартҳои амрикоӣ сохта шуда буд, дар моҳи августи соли 2021 мисли хонаи коғазӣ хароб шуд; Халабонҳои афғон бо мошинҳои комилан омодаи ҷангӣ шармандавор аз дасти толибон ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ҷалби чунин “мутахассисон” аз сӯйи Пентагон барои ҳифзи Украина танҳо бо вазъи ноумедӣ ва ё дур шудан аз воқеият шаҳодат медиҳад.
Невероятное мастерство: штурмовики Су-25 работают на предельно малой высоте
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Посухи халабонҳои Русия ба қасди зарбаи нерӯҳои украинӣ - видео
Дар ватан афгонхо асосан бо ҳавопаймоҳои ҷангии EMB-312 Tucano парвоз мекарданд. Ба ҳавопаймоҳои реактивии МиГ-29 ё Су-25 гузарондани халабонҳо хеле душвор, қариб имконнопазир аст. Дар минтақаи амалиёти вижаи Русия сарблзони афғонистонӣ бо ҳавопаймоҳои “шӯравӣ” дер парвоз нахоҳанд кард.
Бозгашт ба воқеият
Ҳавопаймои ҷангии сабуки бразилӣ Тукано ҳамчун як ҳавопаймои тамринӣ сохта шуда, ва он ҳамчун як ҳавопаймои ҳамлагари сабук дар амалиётҳои полис (зидди исёнгарон) - дар сурати мавҷуд набудани ҷангандаҳои душман ва системаҳои дифои ҳавоӣ истифода мешуд.
Тавоноии ҷангии Тукано - 550 км аст, борбардориаш - 1500 кг (тӯпҳо, пулемётҳо, бомбаҳо), суръаташ - 500 км / соат. Артиши Афгонистон ҷанганда надошт. Барои муқоиса, суръати МиГ-29 дар сатҳи замин 1500 км дар як соат, максималӣ 2450 км / соат аст.
Ба халабонҳои ҷанганда маҳорати сифатан гуногуни идоракунанда лозим аст. Гузашта аз ин, ба наздикӣ мушакҳои зиддирадарии амрикоии AGM-88 HARM бо масофаи то 48 км ба маҷмааи аслиҳаи МиГ-29-ҳои Украина ворид карда шуданд. Истифодаи мушакҳо коркарди моҳирона бо электроника ва муносибати хатарнок ба системаҳои дифои ҳавоии душманро талаб мекунад, таҷрибаи Афғонистон дар мубориза бо толибон дар ин ҷо кӯмак намекунад.
Боевая работа подразделений ВДВ в ходе специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Нашри навори амалиёти ҷангии нерӯҳои десанти ҳавоӣ дар Украина - видео
Нашрияи америкоии “Air Force Magazine” кайд мекунад, ки аз ҳавопаймоҳои “Шӯравӣ” ба ҳавопаймоҳои ғарбӣ гузаштан аз халабонҳо талаб мекунад, ки тафаккури худро тағйир дода, тактики дигарро азхуд кунанд, ин кори осон нест. Нерӯҳои ҳавоии Руминия қариб дах сол боз ба ҳавопаймоҳои F-16 мегузаранд ва халабонҳо ҳануз ба дараҷаи зарурӣ нарасидаанд. На ҳама чизро бо пул харидан мумкин аст. Дар шароити амалиёти вижаи низомии Русия, Киев барои "аз нав танзим" кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина вақт надорад.
Вазорати дифои Словакия эълон кард, ки ҷангандаҳои аз кор мондаи МиГ-29 дар охири моҳи август - аввали моҳи сентябр ба Украина интиқол дода мешаванд (фурӯхта мешаванд). Ҳавопаймоҳо воқеан аллакай "омода шудаанд", бархе расмиятҳо боқӣ мондаанд. Дар ояндаи наздик нерӯҳои ҳавоии Украина пур мешавад, аммо пул ва оҳани кӯҳна наметавонанд, халабонҳои пуртачрибаро иваз намояд.
Ба Киев супурдани 11 ҷангандаи МиГ-29-и словакӣ дар ҳақиқат як кори нави қурбонист. Дар Украина ин ҷангандаҳо ҷои ҷойгиршавӣ надоранд, пойгоҳҳои асосӣ хароб шудаанд, ҳама фурудгоҳҳо дар дастрасии системаҳои мушакии Русия қарор доранд. Даҳҳо МиГ-ҳои словакӣ бо халабонҳои хориҷӣ ҳатто агар дар яке аз минтақаҳои ғарбии Украина як фурудгоҳи нав созанд метавонанд дар давоми як ҳафта, нобуд карда шаванд.
Ҳамин тавр, дар вилояти Ровно дар биноҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки дар онҷо силоҳҳои НАТО дар рӯзҳои охир захира мешуданд ва нерӯҳо барои интиқол ба наздикии Харков ва ба минтақаи Славянск-Краматорск ҷойгир шуда буданд, таркишҳо сурат гирифт.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Байден аз ихтисоси бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба Украина хабар дод
Иёлоти Муттаҳида ва тақрибан 50 кишвари дигар ба Украина дар таҳкими артиши худ бо силоҳҳои аз ҷиҳати технологии кӯҳнашудаи НАТО кӯмак мекунанд. Ҳамзамон, лоиҳаи интиқоли ҷангандаҳои амрикоии F-16 ба режими Киев дар Конгресс дар марҳилаи овоздиҳӣ (барои ҷудо кардани 100 миллион доллар барои бозомӯзии халабонҳо ва техникҳои украинӣ) қарор дорад.
Кӯмаки низомии ИМА ва НАТО фалокати Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро танҳо муваққатан ба таъхир меандозад ва ба натиҷаи ниҳоии амалиёти низомии махсуси Русия таъсире намерасонад. Ҳайати халабонҳои соҳибихтисоси Нерӯҳои ҳавоии Украина нобуд карда шуд, аслиҳаи Ғарб барои режими Киев тамом мешавад.
"Афғонизатсия"-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина табиатан бо шикаст ва фирори нерӯҳои украинӣ ба Лаҳистон (Словакия, Маҷористон, Руминия) анҷом меёбад. Чуноне ки пештар ҳамингуна ҳодиса бо америкоиён ва артишҳои миллии тарафдорони Америка дар Кобул ва Сайгон рух дода буд.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0