Байден аз ихтисоси бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба Украина хабар дод

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Обуна шудан
Кохи Сафед ахиран мардуми Украинаро ба Рӯзи истиқлол табрик ва эълон кард, ИМА бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба ин кишварро ихтисос медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден тайи як эъломияе, ки дар сомонаи расмии Кохи Сафед мунташир шудааст, гуфтааст, Украинаро ба маблағи 2,98 миллиард доллар кумак хоҳад кард.
Ҳамзамон Байден дар ин эъломия мардуми Украинаро ба Рӯзи истиқлоли кишварашон табрик гуфта, таъкид кардааст, ки иёлоти Муттаҳида аз мардуми Украин ҳимоят мекунад, мардуме, ки ба гуфта вай “ба мубориза барои дифо аз ҳокимияти худ идома медиҳанд".
"Ба унвони бахше аз ин таъаҳҳуд, ман ифтихор дорам, ки бузургтарин кумаки амниятии худро то ба имрӯз эълом кунам: тақрибани 2.98 миллиард доллар барои таслиҳоту таҷҳизот, ки аз тариқи ибтикори кумаки амниятии Украина ироа мешавад”, - афзуд ӯ.
Председатель Единой России Д. Медведев провел онлайн-совещание по поддержке туристической отрасли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Медведев: Кафолати амниятро ба Украина танҳо созиш бо Русия медиҳад
Ба гуфта вай, ин кумак ба Украина иҷозат медиҳад то низомҳои дифои ҳавоӣ, системаҳои тӯпхонаӣ, муҳимоти ҷангӣ, системаҳои зиди паҳпод ва ғайраро харидорӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин раисҷумҳури Амрико бо интишори баёнияе гуфтугӯӣ телефонии ӯ бо Владимир Зеленский, ҳамтои Украинии худ ишора ва эълом кард, ки ба ин кишвар кумаки амниятии ҷадид ба маблағи як миллиард долр ироа хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0