Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Посухи халабонҳои Русия ба қасди зарбаи нерӯҳои украинӣ - видео

Обуна шудан
Нерӯҳои украинӣ кӯшиш карданд, ки ба ҳавопаймоҳои ҳамлагари Русия - "Су-25" зарба зананд, аммо муваффақ нашуданду вокуниши шадид гирифтанд
Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кард, ки дар он ҳавопаймоҳои ҳамлагари "Су-25" дар масофаи камтар аз замин мавқеъҳои пинҳонкардашудаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд мекунанд.
Ҳавопаймои низомӣ бо мушакҳои S-13, ки бо номи "Тулумбас" маъруф аст, ба паноҳгоҳҳои ҳариф зарба зуданд. Бар асари ин ҳамла техника ва аслиҳаи ҳариф нобуд карда шуд, мегӯяд Вазорати мудофиаи Русия.
Видеое, ки ин ниҳод нашр кардааст, имкон медиҳад, ки раванди ҳамларо аз дидгоҳи халабон тамошо кард.
Чӣ тавр "Солнсепек"-и Русия дар Украина кор мекунад
Ҳавопаймоҳои ҳамлагар дар фазо ҳаракатҳои хатарнокро анҷом медиҳанд. "Су-25" ба паҳлу гашта, ба ҳадаф наздик мешавад ва дар муддати ҳамагӣ чанд сония онҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва чанд мушак партоб мекунад.
Дарҳол пас аз ҳамла ҳавопаймо ҳаракати канорравӣ аз зарбаи ҷавобиро анҷом медиҳад.
"Партоби мушакҳо аз ҷониби ҷуфти ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда аз баландиҳои кам анҷом дода шуда, барои муқовимат ба низомҳои мудофиаи ҳавоии душман халабонҳо домҳои ҳароратиро партоб карданд", - таъкид намуд Вазорати дифои Русия.
Дар бораи ин амалиёти анҷомдода халабон Евгений нақл кард, ки ҳавопаймои ҳамлакунанда бояд кори хеле душворро иҷро кунад.
"Нерӯҳои пиёдагард тасдиқ мекунанд, ки бисёр тарафи мо зарбаҳо равона карда мешаванд ва барои канорравӣ дар баландиҳои кам ҳаракатҳои вазнинро анҷом медиҳем", - гуфт халабон.
Вай афзуд, ки ба чунин қувват ҳаракат анҷом медиҳад ва пешравиро пайгирӣ мекунад, то анҷоми вазифаи гузошташуда осону зудтар ва ҳам зарбаи ҷавобӣ ғайриимкон гардад.
Лентаи хабарҳо
0