Нашри навори амалиёти ҷангии нерӯҳои десанти ҳавоӣ дар Украина - видео

Обуна шудан
Низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Русия бо оташкушоӣ аз оташандозҳои реактивии пиёдагардон мавсум бо "Шмел" нерӯҳои ҳамлагари украиниро нобуд карданд
Вазорати мудофиаи Русия навори амалиёти ҷангии гуруҳи нерӯҳои десанти ҳавоӣ - ВДВ-ро зимни амалиёти низомӣ дар Украина нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар яке аз қитъаҳои ҷабҳа рақиб оҳанги ҳамла ва гузаштан ба пеш кард. Барои пешгирии ин нақша, тасмим гирифта шуд, ки аз нерӯҳои захиравии фармондеҳ - воҳиди оташандозҳо истифода гардад.
Таъкид шудааст, ки нерӯҳои десант бо истифода аз оташандозҳои пиёдагардон, мавсум бо "Шмел" нерӯҳои ҳарифро нобуд сохта, аз пешравияшон ҷилавгирӣ намуданд.
"Нуқтаи заъф"-и силоҳҳои ба ғаниматгирифташуда аз НАТО
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0