https://sputnik.tj/20220826/alisher-mirzonabot-majlisi-olii-tojikiston-intikhob-1050972249.html
Алишер Мирзонабот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд
Алишер Мирзонабот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
КМИР Тоҷикистон эълон кардааст, ки Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуданд
2022-08-26T20:00+0500
2022-08-26T20:00+0500
2022-08-26T20:12+0500
дар тоҷикистон
интихобот
кмир
вмкб
алишер мирзонабот
маҷлиси миллии маҷлиси олии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_aee2c70aff3fd0cd0dd0de96d13eaf9f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, иттилоъ додааст Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.Ба иттилои Комиссияи марказӣ, имрӯз таҳти роҳбарии Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид.Дар ин ҷаласа масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт."Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бораи интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд”, - қайд кардааст КМИР.Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20220725/prezident-vmkb-taghyirot-kadri-1050245984.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:853:640_1920x0_80_0_0_52afa574646045e3012f5621d52c6513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, интихобот, кмир, алишер мирзонабот, вмкб, маҷлиси миллӣ маҷлиси олӣ, интихобот
тоҷикистон, интихобот, кмир, алишер мирзонабот, вмкб, маҷлиси миллӣ маҷлиси олӣ, интихобот
Алишер Мирзонабот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд
20:00 26.08.2022 (Навсозишуда: 20:12 26.08.2022) КМИР Тоҷикистон эълон кардааст, ки Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода ба унвони аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, иттилоъ додааст Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Ба иттилои Комиссияи марказӣ, имрӯз таҳти роҳбарии Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бораи интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд”, - қайд кардааст КМИР.
Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.