Президент дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод: насиҳат ба мақомдорони нав

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон президент РТ
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ анҷом ва мақомдорони ҷадидро тавсия дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард. Дар қарор далели барканорӣ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Инчунин Қонунзода Шодигул Худобахш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Комилбек Амид ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шуд.
Заседание Маджлиси милли, Верхней палаты парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Таъйини интихобот дар ВМКБ: Кӣ ноиби нави Рустами Эмомалӣ мешавад?
Манбаъ афзуд, ки ректори навтаъйин то ҳол ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Инчунин Бойназарзода Мавлуда директори нави Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ"-и ВМКБ таъин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳои мазкур ва дигар афроди навтаъйин таъкид намуд, ки дар хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.
Ӯ аз кадрҳои навтаъйин хост, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.
Лентаи хабарҳо
0