Пас аз таҷдид боз як корхонаи “ТАлКо” ба кор сар кард

© Дафтари матбуоти ТалкоҶамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи бойгардонии Такоб”
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи бойгардонии Такоб”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Обуна шудан
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи бойгардонии Такоб” баъд аз таҷдиди дубора фаъолияти истеҳсолии худро шуруъ кард. Ин дуюмин чунин як корхона дар ҷумҳурист
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. “Корхонаи бойгардонии Такоб” бо сармоягузории хориҷӣ аз нав таҷҳизонӣ ё навсозӣ шуда, акнун бо зарфиятҳои тавлидотии мутафовит аз гузашта фаъолият хоҳад кард.
Наҷибулло Раҷабзода, раиси Шӯрои директорони “ТАлКо” дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкати “Корхонаи бойгардонии Такоб” дар пайи бастани як шартномаи сармоягузорӣ бо ширкати "Central Asia Minerals and Metals Ore Trading FZCO "муваффақ шуд, ки корхонаи ғанигардонии худро таҷдид ва бозсозӣ намояд.
“Дар доираи ин шартнома сармоягузор на танҳо бо ҷалби маблағ, инчунин бо татбиқи донишу таҷрибаи пешрафтаи соҳа дар раванди истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ саҳм ва иштирок дорад", - гуфт Раҷабов.
Вай афзуд, ки бино ба ин шартнома тарафҳо ба тавофуқ расидаанд, ки зиёда аз 5 млн доллар барои таҷдиди хатҳои технологӣ сармоягузорӣ карда шавад. Бо ин вуҷуд, барномаи таҷдид пурра ба анҷом нарасида ва то охири сол марҳила ба марҳила давом хоҳад ёфт, тавзеҳ дод раиси Шӯрои мудирон.
Ин дуввумин корхонаест, ки дар Тоҷикистон бо истеҳсоли флюорит машғул хоҳад шуд.
Моҳи сентябри соли 2020 дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҶДММ “ТАлКо Флюорит” бо зарфияти тавлиди 100 то 120 тон консентрати флюорит дар як шабонарӯз ба кор шурӯъ карда буд. Тибқи иттилои расмӣ, “ТАлКо Флюорит” барои содироти маҳсулоти он бо се ширкати Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар ҳамин ҳол, маҳсулоти “Корхонаи бойгардонии Такоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, барои таъмини маводи хоми “Талко Кемикал”, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки фториди алюминий, криолит ва чанд маҳсулоти дигари зарурӣ барои истеҳсоли алюминиум дар Ширкати алюминийи Тоҷикистон – “Талко” тавлид мекунад, пешбинӣ шудааст.
Плавка в анодной печи в плавильном цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Тоҷикистон корхонаи бузурги коркарди хокаи мис месозад
Дар ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб” истихроҷи санги маъдан ва ва коркарди онро барои ба даст овардани флюорити флотатсионӣ (97-98%) анҷом медиҳад.
Раиси Шӯрои директорони “ТАлКо” гуфт, феълан “Корхонаи бойгардонии Такоб” омодааст, истеҳсоли ду намуди мухсулотро ба роҳ монад, ки яке истеҳсоли 1250 тон консентрати флюорит ва дигаре 250 тон консентрати омехтаи руҳу сурб дар моҳ буда, дар умум иқтидори моҳонаи коркарди маъдан дар корхона 7 ҳазор тон аст.
“Аммо тибқи барномаи навсозӣ дар оянда бар ивази консентрати омехтаи рух ва сурб тавлиди ҳарду консентрат - рух ва сурб - дар алоҳидагӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин барнома қарор аст бо ширкатҳои ҷаҳонии Vast Resources LTD ва Stark Resources LTD, ки таҷрибаи бузурги ғанигардониро доранд, ҳамкорӣ кунем”, - гуфт Наҷибулло Раҷабзода.
Бино ба иттилоъи мутахассисон, технологияҳои наве, ки дар “Корхонаи бойгардонии Такоб” ба кор андохта шуданд, ҳамон сифати лозимиро флюорити 95-98% - ро таъмин мекунанд. Ба қавли онҳо, дар таркиби ин кон қурғошиму синк низ вуҷуд дорад, ки тариқи технологияҳои ҷадид онҳоро низ ҷудо карда мегиранд. Дар умум зарфияти кони мазкур дар Тагоб 700-800 ҳазор тон флюорит ҳисоб шудааст.
Золотоизвлекательная фабрика СП Зарафшон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?
ҶСК “Корхонаи бойгардонии Такоб” яке аз зерширкатҳои хонаводаи "Талко" – Ширкати алюминийи тоҷик, як ширкати пешгоми соҳаи алюминиум дар Осиёи Марказӣ ва яке аз бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон аст, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бо истеҳсоли алюминиум шуҳрат дошт.
Ин ширкат тайи даҳ соли ахир ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла "Алюминсохтмон", "Талко кабел", "Талко флюорит", "Талко Кемикал", "Талко Ресурс", "Талко Голд" ва ғайраро рӯи кор оварда, ба як гурӯҳи ширкатҳо табдил ёфт. "Талко" 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва таъини раҳбаронаш низ аз салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0