Тоҷикистон корхонаи бузурги коркарди хокаи мис месозад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПлавка в анодной печи в плавильном цехе
Плавка в анодной печи в плавильном цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Барои ҷилавгирӣ аз содироти маъдани хом ба хориҷа, мақомоти Тоҷикистон азм доранд, аз ин ба баъд онро дар дохили кишвар коркард намоянд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон барои коркарди хокаи мис бузургтарин корхона бунёд мекунад.
Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар мегӯяд, ин маъдан қаблан ба хориҷ содир мешуд ва мо мехоҳем онро дар дохили кишвар коркард намоем.
Ӯ гуфт, ки кишвар бо сохтани корхона аввалин маротиба миси металиро худаш истеҳсол хоҳад кард, ки соҳаи ояндадор дар бозори ҷаҳонӣ аст.
"Сохтмони корхонаи метталургӣ идома дорад ва мо барнома дорем, ки дар охири моҳи июни соли 2023 корхонаи калонтарини истеҳсоли миси металӣ ба истифода диҳем",- афзуд Шералӣ Кабир.
Гуфта мешавад, қобилияти коркарди солонаи ин корхона 50 ҳазор тонна буда, метали холис исттеҳсол хоҳад кард
Ба иттилои манбаъ, хокаи мис, ки аз ширкати муштараки "Зарафшон" таърихан ба хориҷи кишвар содир мешуд.
Золотоизвлекательная фабрика СП Зарафшон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?
Ин корхона низ шомили оилаи ТАЛКО буда, онро "Талко Голд" месозад.
Вазири саноат гуфт, ки дар ҳоли ҳозир муаррифии иқтидорҳои манданҳои куҳии кишвар дар хориҷ идома дорад, ки боиси ҷалби сармоягузориҳо мегардад.
Мавсуф гуфт, ин аср асри металҳост ва 93%-и Тоҷикистон, ки куҳ аст ва тибқи тадқиқотҳо дар он беш аз 800 кон мавҷуданд.
Ин иқтидорҳо ба кишвар имкон медиҳад, ки дар оянда як сохтори бузурги куҳиро роҳандозӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0