Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?

© Sputnik / Нилуфар КаримоваЗолотоизвлекательная фабрика СП "Зарафшон". Архивное фото
Золотоизвлекательная фабрика СП Зарафшон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Аз 19 корхонаи тавлиди тило дар Тоҷикистон 4 ададашон марбути Чин мебошанд, ки бузургтаринашон корхонаи "Зарафшон", воқеъ дар шимоли ҷумҳурист
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон 15% зиёд шуд, иттилоъ дод Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи апрели соли равон корхонаи бузурги ТВЕА ва "ТАлКо голд" ба кор даромаданд, ки интизор меравад, нишондоди тавлиди тило дар ҷумҳурӣ то охири сол боз беҳтар шавад.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, дар Тоҷикистон 19 корхонаи тавлиди тило фаъолият дорад, ки 4 ададашон чинӣ мебошанд. Аз ин бузургтаринашон корхонаи "Зарафшон" аст, ки 30%-и саҳмияҳои он моли Тоҷикистон ва боқимонда марбути Чин мебошанд.
Вазири саноат илова намуд, ки соли 2023 дар Тоҷикистон чаҳор корхонаи бузурги коркарди тило ва дигар сангҳои қиматбаҳо барои ҷавоҳирот ба истифода дода мешавад.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
"Дар бораи коркарди тило супориши раисҷумҳури кишвар низ ҳаст ва мо барои сохтани он ваъда додаем", - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Феълан аз харидорони асосии тило дар ҷумҳурӣ Бонки миллӣ ва Вазорати молия мебошанд.
Бонки миллӣ мегӯяд, то охири нимсолаи аввали соли 2022 захираи тилою асъори Тоҷикистон ба ҳаҷми воридоти 8,1-моҳаи ҷумҳурӣ баробар шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод нисбат ба аввали сол 1 моҳ бештар аст.
Масъулини раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз баёни он ки захираи асъору тилои байналмилалиро дар куҷо нигоҳдорӣ мекунанд, худдорӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0