https://sputnik.tj/20220722/zud-boetimod-behtarin-rohi-intiqoli-pul-1050171401.html
Зуд ва боэътимод: роҳи беҳтарини интиқоли пул ба Тоҷикистон
Зуд ва боэътимод: роҳи беҳтарини интиқоли пул ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бо якчанд пахшкунӣ дар смартфон – маблағ фавран ба дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон интиқол меёбад.
2022-07-22T08:00+0500
2022-07-22T08:00+0500
2022-08-25T12:49+0500
дар тоҷикистон
дар русия
"мегафон"
интиқоли пул
эътимод
алоқа
ахбори ширкатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050170469_0:112:1280:832_1920x0_80_0_0_fcee49765cbaeea9f1273338a9fb0781.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ, яъне электронии молиявӣ, дар ҳама ҷо дастрас мегарданд. Онҳоро на танҳо бонкҳо бо фаъолияти тиҷоратии дахлдор, балки операторони мобилӣ низ роҳандозӣ менамоянд. Самти мазкур барояшон чи манфиат дорад ва аз саҳмгузории онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба чӣ ноил мешаванд?Бонкҳо ва шарикони онҳоСокинони шаҳрҳои калон бо мурури замон интиқоли анъанавии маблағро тариқи почта фаромӯш мекунанд. Зимнан, якчанд сол пеш барои фиристодани маблағ ба фарзанди донишҷӯи худ (ё баръакс ба волидайни пиронсол) ба шуъбаи почта рафтан лозим меомад. Баъдан, шахси қабулкунандаи маблағ бо шиносномааш ба почта ҳозир мешуд, то ин ки огоҳиномаи коғазиро нишон дода, маблағи интиқолдодашударо дастрас намояд. Албатта, ин хизматрасонӣ пулакӣ буд.Бо пайдошавии интернет раванди мазкур ниҳоят осон шуд. Баъзе замимаҳои мобилӣ барои интиқоли маблағ бе комиссия дар ҷои дилхоҳ имконият медиҳанд ва аз ин рӯ ба почта рафтанро метавон фаромӯш кард. Бисёриҳо аллакай чунин тарзи амалро интихоб намуданд, ҳол он ки хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ дар гузаштаи начандон дур пайдо шудаанд (ҳатто дар ВАО ҳоло аниқ муайян нашудааст, ки он бояд чӣ гуна ном бурда шавад - "хизматрасонии молиявӣ-техникӣ" ("финтех") ё "FinTech"). Вале, барои хизматрасониҳои қулайи замонавӣ се восита лозим аст: смартфон, таъминоти барномавии (ТБ) дахлдор ва интернет. Воситаҳои мазкур худ “чархҳое” ба ҳисоб мераванд, ки бидуни онҳо хизматрасониҳои электронӣ ҳаракат карда наметавонад. Агар сомона ё замимаро барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ феълан дилхоҳ бонк таҳия карда тавонад ҳам, вале бунёди шабакаҳои худии алоқа ҳатто барои бузургтарини онҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзию молиявӣ воқеан миёнаравон ва шарикон дар шахсияти интернет-провайдерҳо ва операторони мобилӣ, ки аз инфрасохторашон дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ вобаста аст, зарур мебошанд.Бонк дар смартфонДар бозори телекоммуникатсионии кишвар, МегаФон Тоҷикистон пешрави хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) гардид. Зимнан, барои он, ки оператор шабакаҳоро фаъолона бунёд мекунад ва интернети баландсуръати 4G дар дурдасттарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайдо мешавад. Ин яъне ки дар он ҷо ҳамаи хизматрасониҳои интернетӣ, аз ҷумла замимаҳои мобилии бонкӣ ба кор медароянд. Аммо, барои истифодабарандагони навкор интихоби бонк, боргирии барнома ва азхудкунии функсияҳои он на ҳамеша осон аст. Бо худи оператор осонтар аст – он аллакай "дар телефон" насб шудааст, ҳангоми пардохти ҳаққи тарофаҳо ва хизматрасониҳо ҳисоббаробаркунӣ аллакай тавассути он анҷом дода мешавад. Пас чаро идоракунии хизматрасониҳои алоқаро масалан бо интиқоли маблағ якҷоя накунем?МегаФон маҳз ҳамин корро бо таҳияи замимаи мобилии "МегаФон Life" анҷом дод, ки он намуди аввалин дар бозори алоқаи Тоҷикистон мебошад ва зимнан дар соли 2021 аз ҳама бештар дар кишвар боргирӣ шудааст. Дар ҳақиқат, "Ҳамён"-и замима ба зудӣ пайдо нашудааст, вале аз рӯи функсияҳои худ он зуд шуҳрат пайдо намуд. Чаро? Барои он, ки ба муштариён “ҷаҳидан” аз як замимаи мобилӣ ба замимаи дигар лозим набуда, барои бисёр ҳолатҳои зиндагӣ ҳамин як замима кифоя аст. Шумо метавонед тарофаро тағйир диҳед, маблағи тавозунро бисанҷед ва ҳамзамон масъалаҳои молиявиро ҳал кунед. Масалан, гузаронидани маблағ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва маблағи харид дар мағоза тавассути рамзи QR, интиқоли маблағ аз як корти бонкӣ ба корти дигар, вобаста кардани дилхоҳ корти бонкӣ ба замима имконият дорад. Барои муштариён қулай аст, ки дар "як равзана" амалҳои зиёдеро иҷро намоянд. Ба оператор низ муфид аст, чунки муштариён роҳат ва имкониятҳоро қадр мекунанд ва онҳо ҳатто дар кӯҳҳо баланд, он ҷое ки мавҷҳои операторони дигар мерасанд, дастрас мебошанд. Дар натиҷа, интихоб ба ҷониби МегаФон аён мегардад.Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ чи мушкилиҳо дорандҲамин тавр, хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) фаъолона рушд мекунанд. Пас чаро коршиносон нуфузи онро дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ баланд арзёбӣ мекунанд? Дар ниҳоят, пардохтҳои электронии ғайринақдӣ танҳо тахминан 20% тамоми пардохтҳоро дар кишвар ташкил медиҳанд ...Ду сабаби асосӣ вуҷуд дорад. Якум - инкишофи нокифояи инфрасохтори "молиявӣ". Воқеан ҳам дар бозори маркази ноҳия пайдо кардани банкомат мушкил аст ва фурӯшандаҳо барои пардохт бо корт терминал надоранд. Аммо, ҳоло ҳеҷ омил барои интиқоли маблағ "аз телефон ба телефон" халал намерасонад. Асосаш ин ки бояд Интернети мобилӣ мавҷуд бошад ва он бештар дастрас аст. Сабаби дуюм ин аст, ки агар шаҳрвандон комилан ба технологияи нав одат накунанд, пас эътимоди пурра надоранд. Аммо ин ҳам масоили вобаста ба вақт аст. Интиқоли аввалини электронӣ, масалан, аз хешованде, ки дар Россия кор мекунад, барои дарки қулайнокии хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ нисбат интиқоли маъмулӣ тариқи почта имкон медиҳад.Операторон вусъат мебахшандКай ҳамаи сокинони кишвар аз хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) истифода хоҳанд кард? Ба ин савол ҷавоби дақиқ додан душвор аст. Ду сол пеш дар Душанбе нишасти намояндагони ниҳодҳои молиявии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шуда буд. Яъне, ҷонибдорони усулҳои пешинаи идоракунии молия, тибқи ин пешгӯиҳо, бояд ҳадди аққал то соли 2030 финтехро аз худ кунанд. Аммо, пас аз ин вохӯрӣ бисёр чиз тағйир ёфт.Аввалан, ҷаҳон бо пандемия дучор шуда буд. Ин барои садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон маънои гузаштан ба “кори дурдаст”, дар хона ҳал кардани як қатор масоили кору рӯзгорро дошт.Дар чунин вазъият маъруфияти хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ ( финтех) ба таври назаррас афзуд: ба ҷои рафтан ба бонк ё почта, пардохти хароҷоти коммуналӣ ва интиқоли пул тавассути замимаи мобилӣ нисбатан бехатар буд. Аҷиб аст, ки бисёриҳо ҳатто пас аз бекоркунии маҳдудиятҳои ковид низ аз хизматрасониҳои финтех истифода мебаранд.Сониян, роҳбарони хизматрасониҳои молиявӣ-техникии Тоҷикистон бо муваффақиятҳои ноилшудаи худ қаноатманд намешаванд. Ҳамон МегаФон Тоҷикистон фаъолияти замимаи худро пайваста тавсеа дода, қобилияти истифодаашро беҳтар мекунад, Ҳоло нашри версияи нави MegaFon Life 3.0 таҳия шуда истодааст. Ширкат экосистемаи хизматрасонии молиявӣ-техникиро таҳия карда, барориши кортҳои кобрендингро бо бонкҳои пешқадам ва ТАҚХ амалӣ мекунад. Ба ибораи дигар, он мақоми оператори аввалини имкониятҳои нави рақамиро пурра асоснок мекунад. Бо бунёди минбаъдаи шабака онҳо дастраси шумораи афзояндаи сокинони Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ин маънои онро дорад, ки "рақамсозии универсалии молиявӣ" метавонад то соли 2030 хотима ёбад.
https://sputnik.tj/20220526/putin-intiqol-pul-muhojiron-kori-1048729090.html
https://sputnik.tj/20220517/rusiya-intiqol-pul-muhojiron-sodda-1048502434.html
https://sputnik.tj/20220207/amonatbonk-intiqol-pul-tojikiston-1045559168.html
https://sputnik.tj/20220407/muhojiron-tojikiston-pul-intiqol-1047424888.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050170469_12:0:1269:943_1920x0_80_0_0_e14383b45aab335d0a020f5ce100840d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мегафон, интиқоли пул, смартфон, эътимод, зуд
тоҷикистон, мегафон, интиқоли пул, смартфон, эътимод, зуд
Зуд ва боэътимод: роҳи беҳтарини интиқоли пул ба Тоҷикистон
08:00 22.07.2022 (Навсозишуда: 12:49 25.08.2022) Ахбори ширкатҳо
Бо ангуштзании чанддаъфаӣ бар рӯйи смартфон маблағи ирсолии Шумо ба сурати фаврӣ ба дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон интиқол хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ, яъне электронии молиявӣ, дар ҳама ҷо дастрас мегарданд. Онҳоро на танҳо бонкҳо бо фаъолияти тиҷоратии дахлдор, балки операторони мобилӣ низ роҳандозӣ менамоянд. Самти мазкур барояшон чи манфиат дорад ва аз саҳмгузории онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба чӣ ноил мешаванд?
Сокинони шаҳрҳои калон бо мурури замон интиқоли анъанавии маблағро тариқи почта фаромӯш мекунанд. Зимнан, якчанд сол пеш барои фиристодани маблағ ба фарзанди донишҷӯи худ (ё баръакс ба волидайни пиронсол) ба шуъбаи почта рафтан лозим меомад. Баъдан, шахси қабулкунандаи маблағ бо шиносномааш ба почта ҳозир мешуд, то ин ки огоҳиномаи коғазиро нишон дода, маблағи интиқолдодашударо дастрас намояд. Албатта, ин хизматрасонӣ пулакӣ буд.
Бо пайдошавии интернет раванди мазкур ниҳоят осон шуд. Баъзе замимаҳои мобилӣ барои интиқоли маблағ бе комиссия дар ҷои дилхоҳ имконият медиҳанд ва аз ин рӯ ба почта рафтанро метавон фаромӯш кард. Бисёриҳо аллакай чунин тарзи амалро интихоб намуданд, ҳол он ки хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ дар гузаштаи начандон дур пайдо шудаанд (ҳатто дар ВАО ҳоло аниқ муайян нашудааст, ки он бояд чӣ гуна ном бурда шавад - "хизматрасонии молиявӣ-техникӣ" ("финтех") ё "FinTech"). Вале, барои хизматрасониҳои қулайи замонавӣ се восита лозим аст: смартфон, таъминоти барномавии (ТБ) дахлдор ва интернет.
Воситаҳои мазкур худ “чархҳое” ба ҳисоб мераванд, ки бидуни онҳо хизматрасониҳои электронӣ ҳаракат карда наметавонад. Агар сомона ё замимаро барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ феълан дилхоҳ бонк таҳия карда тавонад ҳам, вале бунёди шабакаҳои худии алоқа ҳатто барои бузургтарини онҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзию молиявӣ воқеан миёнаравон ва шарикон дар шахсияти интернет-провайдерҳо ва операторони мобилӣ, ки аз инфрасохторашон дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ вобаста аст, зарур мебошанд.
Дар бозори телекоммуникатсионии кишвар, МегаФон Тоҷикистон пешрави хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) гардид. Зимнан, барои он, ки оператор шабакаҳоро фаъолона бунёд мекунад ва интернети баландсуръати 4G дар дурдасттарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайдо мешавад. Ин яъне ки дар он ҷо ҳамаи хизматрасониҳои интернетӣ, аз ҷумла замимаҳои мобилии бонкӣ ба кор медароянд. Аммо, барои истифодабарандагони навкор интихоби бонк, боргирии барнома ва азхудкунии функсияҳои он на ҳамеша осон аст. Бо худи оператор осонтар аст – он аллакай "дар телефон" насб шудааст, ҳангоми пардохти ҳаққи тарофаҳо ва хизматрасониҳо ҳисоббаробаркунӣ аллакай тавассути он анҷом дода мешавад. Пас чаро идоракунии хизматрасониҳои алоқаро масалан бо интиқоли маблағ якҷоя накунем?
МегаФон маҳз ҳамин корро бо таҳияи замимаи мобилии "МегаФон Life" анҷом дод, ки он намуди аввалин дар бозори алоқаи Тоҷикистон мебошад ва зимнан дар соли 2021 аз ҳама бештар дар кишвар боргирӣ шудааст. Дар ҳақиқат, "Ҳамён"-и замима ба зудӣ пайдо нашудааст, вале аз рӯи функсияҳои худ он зуд шуҳрат пайдо намуд. Чаро? Барои он, ки ба муштариён “ҷаҳидан” аз як замимаи мобилӣ ба замимаи дигар лозим набуда, барои бисёр ҳолатҳои зиндагӣ ҳамин як замима кифоя аст. Шумо метавонед тарофаро тағйир диҳед, маблағи тавозунро бисанҷед ва ҳамзамон масъалаҳои молиявиро ҳал кунед.
Масалан, гузаронидани маблағ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва маблағи харид дар мағоза тавассути рамзи QR, интиқоли маблағ аз як корти бонкӣ ба корти дигар, вобаста кардани дилхоҳ корти бонкӣ ба замима имконият дорад. Барои муштариён қулай аст, ки дар "як равзана" амалҳои зиёдеро иҷро намоянд. Ба оператор низ муфид аст, чунки муштариён роҳат ва имкониятҳоро қадр мекунанд ва онҳо ҳатто дар кӯҳҳо баланд, он ҷое ки мавҷҳои операторони дигар мерасанд, дастрас мебошанд. Дар натиҷа, интихоб ба ҷониби МегаФон аён мегардад.
Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ чи мушкилиҳо доранд
Ҳамин тавр, хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) фаъолона рушд мекунанд. Пас чаро коршиносон нуфузи онро дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ баланд арзёбӣ мекунанд? Дар ниҳоят, пардохтҳои электронии ғайринақдӣ танҳо тахминан 20% тамоми пардохтҳоро дар кишвар ташкил медиҳанд ...
Ду сабаби асосӣ вуҷуд дорад. Якум - инкишофи нокифояи инфрасохтори "молиявӣ". Воқеан ҳам дар бозори маркази ноҳия пайдо кардани банкомат мушкил аст ва фурӯшандаҳо барои пардохт бо корт терминал надоранд. Аммо, ҳоло ҳеҷ омил барои интиқоли маблағ "аз телефон ба телефон" халал намерасонад. Асосаш ин ки бояд Интернети мобилӣ мавҷуд бошад ва он бештар дастрас аст. Сабаби дуюм ин аст, ки агар шаҳрвандон комилан ба технологияи нав одат накунанд, пас эътимоди пурра надоранд. Аммо ин ҳам масоили вобаста ба вақт аст.
Интиқоли аввалини электронӣ, масалан, аз хешованде, ки дар Россия кор мекунад, барои дарки қулайнокии хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ нисбат интиқоли маъмулӣ тариқи почта имкон медиҳад.
Операторон вусъат мебахшанд
Кай ҳамаи сокинони кишвар аз хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ (финтех) истифода хоҳанд кард? Ба ин савол ҷавоби дақиқ додан душвор аст. Ду сол пеш дар Душанбе нишасти намояндагони ниҳодҳои молиявии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шуда буд. Яъне, ҷонибдорони усулҳои пешинаи идоракунии молия, тибқи ин пешгӯиҳо, бояд ҳадди аққал то соли 2030 финтехро аз худ кунанд. Аммо, пас аз ин вохӯрӣ бисёр чиз тағйир ёфт.
Аввалан, ҷаҳон бо пандемия дучор шуда буд. Ин барои садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон маънои гузаштан ба “кори дурдаст”, дар хона ҳал кардани як қатор масоили кору рӯзгорро дошт.
Дар чунин вазъият маъруфияти хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ ( финтех) ба таври назаррас афзуд: ба ҷои рафтан ба бонк ё почта, пардохти хароҷоти коммуналӣ ва интиқоли пул тавассути замимаи мобилӣ нисбатан бехатар буд. Аҷиб аст, ки бисёриҳо ҳатто пас аз бекоркунии маҳдудиятҳои ковид низ аз хизматрасониҳои финтех истифода мебаранд.
Сониян, роҳбарони хизматрасониҳои молиявӣ-техникии Тоҷикистон бо муваффақиятҳои ноилшудаи худ қаноатманд намешаванд. Ҳамон МегаФон Тоҷикистон фаъолияти замимаи худро пайваста тавсеа дода, қобилияти истифодаашро беҳтар мекунад, Ҳоло нашри версияи нави MegaFon Life 3.0 таҳия шуда истодааст.
Ширкат экосистемаи хизматрасонии молиявӣ-техникиро таҳия карда, барориши кортҳои кобрендингро бо бонкҳои пешқадам ва ТАҚХ амалӣ мекунад. Ба ибораи дигар, он мақоми оператори аввалини имкониятҳои нави рақамиро пурра асоснок мекунад. Бо бунёди минбаъдаи шабака онҳо дастраси шумораи афзояндаи сокинони Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ин маънои онро дорад, ки "рақамсозии универсалии молиявӣ" метавонад то соли 2030 хотима ёбад.