Путин дар бораи интиқоли пули муҳоҷирон дар шароити буҳронӣ гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме
Президент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Президенти Русия гуфт, ки бо интиқоли маблағҳои хориҷиёне, ки дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, дар ҳолати буҳрони васеъмиқёс чӣ рух медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Интиқоли маболиғи муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳои онҳо коҳиш намеёбад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дод.
Ба гуфтаи президент, ҳаҷми интиқол аз Русия ба хориҷа, ба баъзе давлатҳо, баръакс афзоиш ёфтааст.

"Бо вуҷуди падидаҳои буҳронии марбут ба вазъи сиёсии кунунӣ, ҳаҷми маблағҳои муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳои худ амалан коҳиш намеёбад ва дар баъзе кишварҳо онҳо ҳатто афзоиш меёбанд, чунон ки ҳамкорони ман аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ман гуфтанд", - таъкид кард Путин.

Амалияи ҳисоббаробаркунӣ бо пули миллӣ низ вусъат меёбад. Ҳиссаи онҳо дар савдои байниҳамдигарии мамлакатҳои иттиҳод ба 75 фоиз расид.
Раҳбари Русия афзуд, корҳои ҷуфтсозӣ ва истифодаи мутақобилаи низоми пардохтҳои миллӣ ва кортҳои бонкӣ идома хоҳанд ёфт.
Қаблан барои муҳоҷирон интиқоли маблағ аз Федератсияи Русия ба хориҷ осонтар буд. Ҳамин тариқ Бонки марказии кишвар иҷоза дод, ки аз суратҳисобҳои Русия ба хориҷ бо рубл ва асъори хориҷӣ ба миқдори маоши онҳо пул фиристода шавад.
Банкоматы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Интиқоли маблағ осон шуд: “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн" пайваст гардид
Қабл аз ин дар сурати интиқоли шахсони воқеӣ тавассути ширкатҳо маҳдудияти 10 000 доллар аз суратҳисоб ва то 5 000 доллар бидуни кушодани суратҳисоб талаб мешуд.
Дар авоили моҳи май ба далели тақвияти қурби рубл дар баробари доллар қимати интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар чанд соат башиддат боло рафт.
Ба гуфтаи намояндаи яке аз бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, ин падида ба иқтисоди Тоҷикистон ва некӯаҳволии хонаводаҳо, ки бештари онҳо тавассути фиристодани маблағ аз Федератсияи Русия рӯз мегузаронанд, таъсири судманд дорад.
Лентаи хабарҳо
0