https://sputnik.tj/20220407/muhojiron-tojikiston-pul-intiqol-1047424888.html
Маълум шуд, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон чанд қадар пул интиқол доданд
Маълум шуд, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон чанд қадар пул интиқол доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми интиқолии пули афроди воқеӣ аз русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар семоҳаи соли гузашта ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил додааст
2022-04-07T10:55+0500
2022-04-07T10:55+0500
2022-04-07T13:15+0500
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_1:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_b4b5e7507c065684d9e3d76a99ad3235.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон муодили 90%-и касри савдои хориҷии кишвар маблағ интиқол додаанд. Интиқоли пул аз рӯи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар соли 2021 сурат гирифтааст.Қобили зикр аст, ки тавозуни манфии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар тамоми соли 2021 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки ҳаҷми интиқоли пули афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар се семоҳаи соли гузашта ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил додааст. Қаблан коршиносони Бонки миллӣ таъкид карда буданд, ки камбуди пули Амрико дар бозори кишвар, аз ҷумла ба тавозуни манфии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рабт дорад. Иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон касри бузурги тиҷоратӣ дорад, зеро воридоти коло нисбат ба содирот ду баробар бештар аст.Илова мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 6 миллиарду 360 миллион долларро ташкил дод. Тавозуни савдо манфӣ буда, ба 2,6 миллиард доллар баробар буд.Ҳамзамон аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,1 миллиард доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2020 52,8 фоиз зиёд мебошад. Ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4,2 миллиард доллар ё нисбат ба семоҳаи соли 2021 33,6 фоиз зиёд ворид шудааст. Намояндагӣ ба муҳоҷирон: Пулҳоятонро сарфакорона истифода намоедҚаблан Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки ҳаҷми интиқоли пулии афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар як соли ахир 1 миллиарду 790 миллион долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220317/rusiya-pul-intiqol-muhojiron-tojik-1046859721.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_911:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_d511fcf368d89dec255fc8376eda40c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон муҳоҷирон пул
русия тоҷикистон муҳоҷирон пул
Маълум шуд, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон чанд қадар пул интиқол доданд
10:55 07.04.2022 (Навсозишуда: 13:15 07.04.2022) Ҳаҷми интиқолии пули афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар семоҳаи соли гузашта ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон муодили 90%-и касри савдои хориҷии кишвар маблағ интиқол додаанд. Интиқоли пул аз рӯи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар соли 2021 сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки тавозуни манфии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар тамоми соли 2021 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки ҳаҷми интиқоли пули афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар се семоҳаи соли гузашта ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.
Қаблан коршиносони Бонки миллӣ таъкид карда буданд, ки камбуди пули Амрико дар бозори кишвар, аз ҷумла ба тавозуни манфии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рабт дорад.
Иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон касри бузурги тиҷоратӣ дорад, зеро воридоти коло нисбат ба содирот ду баробар бештар аст.
"Ин каср тақрибан пурра аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирон пӯшонида мешавад", - қайд мекунанд онҳо.
Илова мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 6 миллиарду 360 миллион долларро ташкил дод. Тавозуни савдо манфӣ буда, ба 2,6 миллиард доллар баробар буд.
Ҳамзамон аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,1 миллиард доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2020 52,8 фоиз зиёд мебошад. Ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4,2 миллиард доллар ё нисбат ба семоҳаи соли 2021 33,6 фоиз зиёд ворид шудааст.
Қаблан Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки ҳаҷми интиқоли пулии афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар як соли ахир 1 миллиарду 790 миллион долларро ташкил додааст.