"Амонатбонк" гуфт, интиқоли пул ба Тоҷикистон афзудааст

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard
Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Раёсати "Амонатбонк"-и Тоҷикистон гуфт, ки дар тӯли сол ҳаҷми интиқоли пул чанд дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон афзоиш меёбад, гуфт раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарияш дар Душанбе.
Дар ҳамин ҳол ӯ маблағи дақиқи интиқоли солонаро нагуфт, аммо қайд кард, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

"Як чизро мегӯям, афзоиш дар "Амонатбонк" 7%-ро ташкил медиҳад", - изҳор дошт роҳбари ин бонк.

Ба гуфтаи вай, бояд дар ояндаи наздик омори дақиқ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул эълон шавад.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли пул аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Ҳамин тариқ интиқоли шахсони воқеӣ 8% коҳиш ёфтааст, ки он дар як сол ба 496 миллион доллар баробар аст.
Денежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт: чӣ андоза
Дар ҳамин ҳол ҳаҷми умумии интиқолҳои шахсони воқеӣ аз Федератсияи Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи сеюми соли 2021 12 фоиз афзуда, ба 3 миллиарду 586 миллион доллар расидааст.
Илова бар ин маълум аст, ки ҳаҷми пулҳои ирсолии муҳоҷирони кории тоҷик ба Ватан дар соли гузашта нисбат ба содироти сангҳои қиматбаҳо, сангҳои нимқиматбаҳо ва филизот 54,6 дарсад бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0