Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Масхарабозӣ: вокуниши роҳбари Қрим ба иддаои Зеленский

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкГлава Республики Крым Сергей Аксенов
Глава Республики Крым Сергей Аксенов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Роҳбари Қрим иддаои раисҷумҳури Украина дар мавриди бозгардондани ин нимҷазира ба тобеияти Киевро масхарабозӣ унвон кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Иддаои Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои бозгардондани назорат ба Қрим ва дигар минтақаҳои озодшуда, далели он аст, ки ин низом аз наслкушӣ даст намекашад, изҳор дошт роҳбари Қрим, Сергей Аксёнов.
Ӯ дар саҳифаш дар "Telegram" изҳор дошт, ки ваъдаҳои махсарабозонаи Зеленский дар пасманзари ҳамлаҳо ба Донбасс, ки бидуни шубҳа бо фармонаш амалӣ мешаванд, ишораи равшан ба идомаи наслкушист.
"Ба мо расонда истодаанд, ки куштори аҳолии осоишта дар ҳар ҷое, ки дасти низоми Киев мерасад, идома меёбад", - таъкид кардаст кардаст ӯ.
Аксёнов таъкид намудаст, ки хулосаи гапҳои Зеленский рӯшан аст, ки то замоне ин низом боқист, барои Русия хатар хоҳад дошт.
"Барои ин танҳо шикасти кулли душман ва танҳо пирӯзӣ. Ва албатта мурофиаи додгоҳии ҷинояткорони низомӣ, ки умедворам, "стендапҳо"-и президентӣ низ дар он баррасӣ мешаванд", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, Итолиё, Фаронса ва Олмон аз талаби Владимир Зеленский дар мавриди Қрим ҳимоят накардаанд. Ба навиштаи "American Conservative" Зеленский мунтазам талабот дар мавриди баргардондани Қрим ба таҳти идораи Киевро изҳор мекунад, аммо Рим, Порис ва Берлин аз ин иддао ҳимоят намекунанд.
Отработка сопровождения гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Киев барои бурунории мардуми осоишта аз "Азот" долони башардӯстона хост
Маврид ба зикр аст, ки Қрим соли 2014 дар пайи як раъйпурсии умумихалқӣ ба Русия пайваст шуд. Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки дар Украина табаддулоти давлатӣ сурат гирифт.
Мақомоти Русия мегӯянд, ин интихоби сокинони Қрим буд ва аз роҳи демократӣ, бар асоси меъёрҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид пайвастшавӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани Қрим барои ҳамеша баста шуд.
Лентаи хабарҳо
0