Киев барои бурунории мардуми осоишта аз "Азот" долони башардӯстона хост

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОтработка сопровождения гуманитарной помощи
Отработка сопровождения гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, Киев барои баровардани мардуми осоишта аз корхонаи “Азот” ба Лисичанск долони башардӯстона хостааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Мақомоти Киев барои хуруҷи мардуми осоишта аз корхонаи “Азот” дар шимоли Северодонетск долони башардӯстона хост, гуфт Михаил Мизинтсев, раиси Маркази назорати миллии дифои Русия.
"Ҷониби Украина барои тахлияи шаҳрвандони осоишта (занҳо, кӯдакон ва пиронсолон), ки дар корхонаи кимиёвии "Азот" қарор доранд, ба шаҳри Лисичанск долони башардӯстона , дархост кардааст", — гуфт ӯ.
Генерал таъкид кард, ки вазорати дифои Русия ин дархостро як кӯшиши хурӯҷи воҳидҳои ҷангии наҷотёфта зери пардаи амалиёти башардӯстона тибқи “сенарияи Мариупол” арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёни украинӣ аз маҳаллаҳои истиқоматии Северодонетск ақибнишинӣ карда, дидаву дониста садҳо сокини осоиштаро аз шаҳр ба минтақаи саноатии корхона овардаанд, то дар пушти онҳо пинҳон шаванд.
Дар навбати худ низомиёни Русия ва ҶМЛ омодаанд, ки амалиёти тахлияи мардуми осоиштаро дар самти шимол ба шаҳри Сватово анҷом диҳанд.
"Барои ин 15 июни соли 2022 аз соати 08:00 то соати 20:00 ба вақти Маскав як долони башардӯстона боз мешавад", - гуфт Мизинтсев.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба сарбозони украинӣ, ки дар завод ҳузур доранд, дар сурати таслими ихтиёрӣ риояи тамоми меъёрҳои Конвенсияи Женева кафолат дода мешавад.
"Омодагии амалии ҷониби Украина барои оғози амалиёти башардӯстона бо баланд шудани парчамҳои сафед нишон дода мешавад", - хулоса кард генерал.
Военнослужащий РФ в подвалах комбината Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бозёфтҳо аз "Азовстал" артиши Русияро ба даҳшат овард - аксҳои ҳайратангез
Рӯзи сешанбе подполковники милитсияи халқии ҶМЛ Андрей Марочко дар бораи вазъи фоҷеъабори сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар корхонаи "Азот" басташуда гузориш дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои тахлияи бехатари мардум бояд ба сӯи Сватово "долони сабз" боз шавад, аммо Киев дар паси мардуми осоишта пинҳон шуда, талош дорад, ба тиҷорат машғул шавад.
Мубориза барои Северодонетск аз аввали моҳи май ба ин сӯ давом дорад. Ҳафтаи гузашта вазири дифоъ Сергей Шойгу аз озодкунии пурраи маҳаллаҳои истиқоматии шаҳр хабар дод.
Артиши Русия як бахши бузурги силоҳҳои ғарбиро дар Украина нобуд кард
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0