https://sputnik.tj/20220518/ima-tahrim-rusiya-payomad-1048528231.html
"Ҳама пардохт хоҳем кард": дар ИМА гуфтанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия чӣ пайомад дорад
"Ҳама пардохт хоҳем кард": дар ИМА гуфтанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия чӣ пайомад дорад
Sputnik Тоҷикистон
Норасоии нуриҳо аз сабаби таҳримҳои зидди Русия ба деҳқонони амрикоӣ бо зарар таҳдид мекунад, ки он болоравии нархи маводи ғизоиро дар пай хоҳад дошт
2022-05-18T10:09+0500
2022-05-18T10:09+0500
2022-05-18T13:09+0500
дар русия
има
нуриҳои минералӣ
дар ҷаҳон
ғизо
деҳқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/45/1031314545_0:201:2980:1877_1920x0_80_0_0_a23199313890fdd9729adae2f064656b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба нуриҳои минералии Русия ва даст кашидани Ҳукумати ИМА аз истеҳсоли бештари нафт барои деҳқонони америкоӣ мушкилоти ҷиддиеро ба амал оварда метавонад, ки барои он "ҳама пардохт хоҳем кард" менависад нашрияи "The American Conservative".Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки норасоии ғалла дар ҷаҳон бо тамоми миқёсаш ба норасоии нуриҳои минералӣ бастагӣ хоҳад дошт, ки дар навбати худ на танҳо ба ҳосил, балки нархи ҷаҳонии ғизо низ ба он марбут мешавад.Бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳо алайҳи Русия, ки аз бузургтарин содиркунандаи нуриҳои нитрогенӣ дар ҷаҳон аст, кишварҳои ҷаҳон маҷбур шуданд, ки ба манобеи алтернативӣ муроҷиат кунанд. Президенти ИМА Ҷо Байден баназдикӣ нақшаи ҷудо кардани 250 миллион доллар барои ҳавасмандгардонии бозори дохилии нуриҳои минералиро эълон кард, аммо ба гуфтаи муаллифи матлаб, бо назардошти нозукиҳои истеҳсоли нуриҳои синтетикӣ, ин маблағҳо ба гумон аст, ки фоидаи фаврӣ диҳанд.Моҳи март Вашингтон маҳдудиятҳо дар нисбати нуриҳои Русияро лағв кард, аммо то он вақт, тавре ки нашрия қайд мекунад, зарар ба фермерҳои амрикоӣ аллакай расида буд. Тибқи иттилои иқтисодчии аршади Федератсияи фермерҳои амрикоӣ Вероника Най, "нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ қисми зиёди хароҷоти дохили хоҷагиро ташкил медиҳанд, ки он тақрибан 18% аст". Дар баробари ин имкониятҳои воридотии ИМА ба поён мерасад ва намояндагони бахши саноати маҳаллӣ ба он шубҳа доранд, ки истеҳсоли ватанӣ зуд кор кардаву камбудро бартараф мекунад."Аз сабаби нархи баланди газ ва якравии ҳукумати Байден барои кашфи конҳои нав хароҷоти истеҳсолкунандагони нуриҳои ватанӣ аллакай гарон аст. Афзоиши талабот ба захираҳои гидроген қимати онро боз ҳам бештар мекунад", - гуфта мешавад дар матлаб.Ҳатто агар сатҳи воридоти нуриҳо аз Русия ба сатҳи пеш аз таҳрим баргардад, ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки корҳо барои фермерҳои амрикоӣ осон пеш мераванд, менависад муаллиф. Дар баробари ин шарти Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳо ба истеҳсоли ватанӣ ва манобеи алтернативии воридот ба ҷои ашёи хом аз Русия низ боиси афзоиши минбаъдаи хароҷоти истеҳсоли кишоварзони ИМА мешавад.Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, агар сиёсати маҳдуд кардани нуриҳои Русия дар ҷаҳон идома ёбад ва ҳукумати Байден аз зиёд кардани истихроҷи нафт даст кашад, имкон дорад, ки вазъ барои деҳқонони амрикоӣ пеш аз он ки онҳо дубора барқарор шавад, бадтар гардад.
https://sputnik.tj/20220422/rusiya-silohhoi-vahshatnoktare-az-mushak-1047875779.html
https://sputnik.tj/20220514/berbok-buhroni-ukraina-gurusnagii-margbor-1048454406.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/45/1031314545_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_fc8b890573a6bb0c3e0c2a192f45f81e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има таҳримҳо русия паёмад
има таҳримҳо русия паёмад
"Ҳама пардохт хоҳем кард": дар ИМА гуфтанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия чӣ пайомад дорад
10:09 18.05.2022 (Навсозишуда: 13:09 18.05.2022) Норасоии нуриҳо аз сабаби таҳримҳои зидди Русия ба деҳқонони амрикоӣ бо зарар таҳдид мекунад, ки он болоравии нархи маводи ғизоиро дар пай хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба нуриҳои минералии Русия ва даст кашидани Ҳукумати ИМА аз истеҳсоли бештари нафт барои деҳқонони америкоӣ мушкилоти ҷиддиеро ба амал оварда метавонад, ки барои он "ҳама пардохт хоҳем кард" менависад нашрияи "The American Conservative".
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки норасоии ғалла дар ҷаҳон бо тамоми миқёсаш ба норасоии нуриҳои минералӣ бастагӣ хоҳад дошт, ки дар навбати худ на танҳо ба ҳосил, балки нархи ҷаҳонии ғизо низ ба он марбут мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳо алайҳи Русия, ки аз бузургтарин содиркунандаи нуриҳои нитрогенӣ дар ҷаҳон аст, кишварҳои ҷаҳон маҷбур шуданд, ки ба манобеи алтернативӣ муроҷиат кунанд.
Президенти ИМА Ҷо Байден баназдикӣ нақшаи ҷудо кардани 250 миллион доллар барои ҳавасмандгардонии бозори дохилии нуриҳои минералиро эълон кард, аммо ба гуфтаи муаллифи матлаб, бо назардошти нозукиҳои истеҳсоли нуриҳои синтетикӣ, ин маблағҳо ба гумон аст, ки фоидаи фаврӣ диҳанд.
Моҳи март Вашингтон маҳдудиятҳо дар нисбати нуриҳои Русияро лағв кард, аммо то он вақт, тавре ки нашрия қайд мекунад, зарар ба фермерҳои амрикоӣ аллакай расида буд.
"Индекси охирини нархи нуриҳои ИМА, нархи миёнаи вазншудаи сангҳои фосфати табиӣ, фосфор, калий ва нитроген 254,97 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2021 ду баробар зиёдтар аст", - менависад "The American Conservative".
Тибқи иттилои иқтисодчии аршади Федератсияи фермерҳои амрикоӣ Вероника Най, "нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ қисми зиёди хароҷоти дохили хоҷагиро ташкил медиҳанд, ки он тақрибан 18% аст".
Дар баробари ин имкониятҳои воридотии ИМА ба поён мерасад ва намояндагони бахши саноати маҳаллӣ ба он шубҳа доранд, ки истеҳсоли ватанӣ зуд кор кардаву камбудро бартараф мекунад.
"Аз сабаби нархи баланди газ ва якравии ҳукумати Байден барои кашфи конҳои нав хароҷоти истеҳсолкунандагони нуриҳои ватанӣ аллакай гарон аст. Афзоиши талабот ба захираҳои гидроген қимати онро боз ҳам бештар мекунад", - гуфта мешавад дар матлаб.
Ҳатто агар сатҳи воридоти нуриҳо аз Русия ба сатҳи пеш аз таҳрим баргардад, ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки корҳо барои фермерҳои амрикоӣ осон пеш мераванд, менависад муаллиф.
Дар баробари ин шарти Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳо ба истеҳсоли ватанӣ ва манобеи алтернативии воридот ба ҷои ашёи хом аз Русия низ боиси афзоиши минбаъдаи хароҷоти истеҳсоли кишоварзони ИМА мешавад.
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, агар сиёсати маҳдуд кардани нуриҳои Русия дар ҷаҳон идома ёбад ва ҳукумати Байден аз зиёд кардани истихроҷи нафт даст кашад, имкон дорад, ки вазъ барои деҳқонони амрикоӣ пеш аз он ки онҳо дубора барқарор шавад, бадтар гардад.