Русия силоҳҳои ваҳшатноктаре аз мушак дар қиболи Ғарб дорад

© Pixabay / Ylanite Пшеничное поле
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Кӯшишҳои ноумедонаи Ғарб барои даст кашидан аз захираҳои энергетикии Русия дар фазои хабарӣ як ҷабҳаи дигарро ба вуҷуд овардааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik, Сергей Савчук. Матбуоти хориҷӣ ба таври хушк изҳор мекунад, ки чаҳор холдинги пешрафтаи агросаноатии ҷаҳон, “Archer Daniels Midland” (ADM), “Bunge”, “Cargill” ва “Луис Дрейфус”, ки дар бо ихтисораи коллективии ABCD маъруфанд, аз бастани корхонаҳои худ дар Русия худдорӣ мекунанд.
Дар ин ҷо пеш аз ҳама оҳанги умумии нашрияҳо ҷолиби диққат аст. Дар пасманзари ширкатҳои энергетикӣ ва ҳатто кишварҳое ба мисли Олмон дар зимни талошҳои номуваффақ дар ҷиҳати қатъи равобити тӯлонимуддат бо Маскав маҳкумияти мардумиро нодида мегиранд ва мекӯшанд, тазоҳури омилони саноатро дар паси рӯйдодҳои дигар пинҳон намоянд.
Ва ин дар ҳолест, ки ҳар чаҳор ширкат дар авоили моҳи март нахуст эълом доштанд, ки дар иртибот ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳузури Русияро маҳдуд хоҳанд кард ва рӯзи дигар ин ҳарфҳоро рад карда, хеле мухтасар гуфтанд: мо хоҳем монд.
Дар ин ҷо ҳеҷ чизи тааҷҷубовар нест, ба шумо танҳо лозим аст, ки каме ба динамикаи бозор ва омор ғарқ шавед.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Путин гуфт, ҷои тарабхонаҳои ғарбиро чӣ мегирад
Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки дар наворҳои хабарӣ, вақте ки сухан дар бораи нақши Русия дар ҳаёти сайёра меравад, мавзуи энергетика ва пеш аз ҳама, гази табиӣ комилан бартарӣ дорад. Сӯзишвории кабуд, албатта, як манбаи асосии стратегии иқтисоди муосир аст, аммо манобеи дигаре низ ҳастанд, ки муҳимтар аз инанд. Гап дар бораи махсулоти хочагии қишлоқ, аз ҷумла ғалла, рӯған, гӯшти паранда ва як дигар маҳсулот меравад.
Мо аз мушакҳои фалакпаймои худ, навигариҳои комплекси ҳарбӣ ва муваффақиятҳои энергетикаи атомӣ ҳамеша фахр мекунем. Мо аз шӯхии куҳна механдидем, ки гӯё Русия як кишвари сӯзишворӣ аст ва ёдовар шуданро фаромӯш мекунем, ки он як нуқтаи ғалла ва нефт ҳам аст. Аммо шарикони ғарбии мо инро нағз медонанд ва бинобар ин онҳо барои таҳқир кардани деҳқонони худ шитоб намекунанд, зеро сиёсат сиёсат аст ва шумо мехоҳед ҳар рӯз — ва дар як рӯз бештар аз як бор хӯрок хӯред.
Дар тӯли солҳои охир Русия ба як бозигари пешбари бозори ҷаҳонии кишоварзӣ табдил ёфт. Дар баъзе нишондиҳандаҳо саҳми Русия он қадар калон аст, ки кӯшиши нест кардани занҷирҳои таъминоти муқарраршуда (ба мисли газ ва нафт) метавонад на натнҳо боиси буҳрон, балки гуруснагии воқеӣ дар тамоми минтақа гардад.
Манобеи ғарбӣ бо таассуф мегӯянд: Русия як тавлидкунандаи калидии гандум, рӯғани офтобпараст, ҷуворимакка, ҷав, гӯшти гов, парранда ва маҳсулоти қаннодии шоколад боқӣ мемонад. Ин, албатта, дар як сол ба амал наомадааст. Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ғарбӣ, ки беҳтарин инстинкт барои тағйир додани шароити бозор ва фоидаи имконпазирро доранд, фаъолона ва оммавӣ ба бозори Русия ворид шуданд.
Маскав эътироз накард, корпоратсияҳои хориҷӣ мустақиман ба захираҳои бузурги стратегии озуқа дастрасӣ пайдо карданд, деҳқонони мо қарзҳои имтиёзнок, техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, тухмӣ барои тадқиқот, селексия ва ғайраҳо гирифтанд. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ Маскав ҳам ширкатҳои алоҳида ва ҳам тамоми кишварҳоро бо занҷирҳои ноаён ба занҷир бастааст. То вақтҳои охир касе парво намекард.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Тағйири масири нафту гази Русия аз Ғарб ба Ҷануб ва Шарқ
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина Ғарб девона шуд ва ба як хашми ҳассос афтода, талаб мекунад, ки тиҷорати бузург новобаста аз он ки чӣ арзише дошта бошад, ҳар гуна равобит бо Русияро фавран қатъ кунад.
Ва агар энергетикҳо торафт бештар ҳам шуда, ошкоро ба ихтироъ кардани мошини абадие, ки бе сӯзишворӣ кор мекунад, кӯшиш кунанд, пас деҳқонон бетантана, ба тамоми хаёлпарастон хотиррасон мекунанд, ки Русия нисфи бозори ҷаҳонии рӯғани офтобпараст ва 24 фоизи савдои гандумро дар даст дорад. Ин таблиғоти Русия нест, балки охирин маълумоти расмии Комиссияи Аврупо аст, ки Украинаро низ илова мекунад ва меафзояд, мавсими кишоварзӣ дар минтақаҳои асосӣ метавонад халалдор шаванд.
Агар шумо Русияро аз бозор хориҷ кунед ва ба он аҳамияти Украинаро илова кунед, пас манзара комилан таассуфовар хоҳад шуд. Зеро Маскав ва Киев аз чор шиша рӯған сетоашро ба хориҷа мефиристанд, ҳар як маҳсулоти сеюми нонпазии аз гандум тайёршуда низ аз ҳамин ҷо меояд. Агар Вашингтон, Лондон ва Брюссел дар руссофобияи худ пофишорӣ кунанд, дар таносуби нишондодашуда бозори озуқа бо тамоми оқибатҳои мувофиқ дар шакли болоравии нархи маводи ғизоӣ, камчинӣ ва таваррум рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Биёед ба динамикаи бозор бо умқи як панҷсола назар кунем.
Дар ин муддат Русия 19 дарсади гандумро тавлид ва ба бозори ҷаҳонӣ арза кардааст. ИМА ва Канада танҳо бо 13% ва 12% дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд. Мувофиқи маълумоти Департаменти кишоварзии ИМА, мамлакати мо дар давоми панҷ сол нисфи савдои ҷаҳонии рӯғани офтобпарастро ишғол кардааст. Фақат барои муқоиса, агар Украинаро ба назар нагиред, пас мамлакатҳои боқимондаи ҷаҳон ҳамагӣ 17 фоизи нафтро истеҳсол карда тавонистанд, ки бе он даҳҳо, садҳо миллион нафар аз сокинони Деҳлӣ то Буэнос-Айрес пухтупазро тасаввур карда наметавонанд.
Директор первого департамента стран СНГ МИД России Михаил Евдокимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Евдокимов: Ғарб мекӯшад, ҳамгироӣ дар ИДМ-ро тазъиф кунад
Дар бобати ҷуворимакка бошад, нишондиҳандаҳои мо хеле хоксоронаанд, ҳамагӣ ду фоизи бозоранд, вале дар ин ҷо моро Украина "дастгирӣ мекунад", ки имсол 15 фоизи ин ғалларо ба хорича намебарорад.
Пандемония дар атрофи муҳосираи эҳтимолии кишоварзии Русия ба он оварда расонд, ки нархи ин бархе молҳо ба кайҳон парвоз карданд. То нимаи моҳи апрел як тонна гандум 405 доллар буд, ки нисбат ба соли қаблӣ 68% зиёд аст. Рӯғани офтобпараст на камтар аз 1860 доллар барои як тонна фурӯхта шуд ва 24% ба он илова шуд. Онҳо барои ҷуворимакка 334 доллар талаб карданд, яъне афзоиши соф 28% буд.
Агар касе фикр кунад, ки мо муболиға мекунем, бояд бигӯем, ки ин арқом аз гузориши охирини Созмони Милали Муттаҳиданд. СММ вазъи кунунии бозори ҷаҳонии ғизоро фалокатбор арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи Дэвид Бисли, раиси Барномаи ҷаҳонии ғизо, рахна дар равобити бозорӣ бо Русия боиси он хоҳад шуд, ки танҳо дар Яман ҳудуди ҳашт миллион нафар маҷбур мешаванд, ғизои рӯзонаи худро ду баробар коҳиш диҳанд.
Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Русия қодир аст, ба бархӯрдҳои кунунии Ғарб тоб орад
Дар паси каломи зебо манфиатҳои сирф шахсӣ пинҳонанд. Дар Олмон соҳибони тарабхонаҳои тезтайёр аллакай картошка ва дигар хӯрокҳоро дар омехтаи равған бирён мекунанд, ки офтобпараст танҳо сеякро ташкил медиҳад ва ҳама чизи дигарро рапс иваз мекунад. Дар ИМА танҳо дар моҳи март нархи гӯшт, парранда ва моҳӣ беш аз 13 дарсад боло рафта, рейтинги бе ин ҳам пасти президенти феълиро боз ҳам поин бурд.
Аз ин рӯ мо фикр мекунем, ҳеҷ чизи тааҷҷубовар нест, ки касе талаб намекунад, холдингҳои кишоварзии амрикоӣ, китиҷорати худро дар дохили Русия нигоҳ медоранд, фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ кунанд. Метавонӣ бе телефону интернет зиндагӣ кунӣ, аммо ҳар рӯз як пора нон хӯрдан мехоҳӣ. Ҳатто он агар аз гандуми тоталитарии Русия пухта шавад ҳам.
Лентаи хабарҳо
0