https://sputnik.tj/20220514/berbok-buhroni-ukraina-gurusnagii-margbor-1048454406.html
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Олмон ахиран гуфт, ки бино бар оқибатҳои буҳрони Украина мо ба чашми гуруснагии маргбор нигоҳ хоҳем кард
2022-05-14T19:35+0500
2022-05-14T19:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
буҳрон
ғалла
маҳсулоти ғизоӣ
норасоӣ
олмон
вазири хориҷа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044925356_0:0:2725:1532_1920x0_80_0_0_ebc20cef05a8309e53cfdb631c77b339.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон зимни нишасти матбуотӣ пас аз нишасти вазирони умури хориҷаи G7 гуфт, имрӯзҳо паёмадҳои фалокатбори ғизоӣ, ки бар асари вазъи Украина ба вуҷуд омадааст, эҳсос мешавад.Вай афзуд, беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот ба эътидол овардани вазъ дар Украина аст, ки ба назари ӯ, вазъро метавонад дар бозори ғалла ва қимати маводи ғизоиро ба эътидол биёрад."Аммо шумо ҳоло ба он эътимод карда наметавонед", - гуфт Бербок.Илова бар ин, вазир иддао дорад, ки Русия бар зидди ҷаҳон "ҷанги ғалла"-ӣ эълон кардааст."Ман ва ҳамаи мо махсусан аз амнияти озуқаворӣ нигарон ҳастем, ин як мавзӯи муҳим дар ин нишасти G7 буд. Ба далели амалҳои Русия, таъминот коҳиш меёбад, нархҳо на танҳо дар ин ҷо, балки дар тамоми ҷаҳон боло хоҳанд рафт. Таҳдиди гуруснагии шадид аст”, - гуфт роҳбари дипломатияи Аврупо.Бояд қайд кард, ки чанде пеш Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия аз паёмадҳои манфии маҳдудиятҳо зидди кишварашро таъкид карда буд. Вай гуфт ин раванд метавонад ба бӯҳрони пурраи байналмилалии ғизо ва эҳтимоли гуруснагӣ дар кишварҳои алоҳида расонад.Вазири ғизо ва кишоварзии Олмон Ҷем Оздемир ахиран Русияро дар "дузд"-ии ғалла дар шарқи Украина муттаҳам кард.Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия чунин изҳоротро сохта хонд. Ҳамчунин, собиқ вакили Верховная Радаи Украина Иля Кива гуфт, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дастур додааст захираи давлатии ғаллаи Украина ба Полша бурда шавад.Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ бар ин назар аст, ки Вашингтон ба пирӯзии Киев бовар надорад, балки нигарони он аст, ки чӣ гуна аз онҷо ҳарчи зудтар ғалларо берун биёранд ва дар саросари Украина "гуруснагӣ” оғоз шавад.
https://sputnik.tj/20220513/gharb-ukraina-titan-sokht-1048424453.html
https://sputnik.tj/20220511/gutterish-anjom-dargiriho-ukraina-bovar-1048366845.html
олмон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044925356_0:0:2471:1853_1920x0_80_0_0_add82fc08d12a59da4ce25b94889cc48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, ҷаҳон, гуруснагӣ, украина, вазири хориҷа, буҳрон
олмон, ҷаҳон, гуруснагӣ, украина, вазири хориҷа, буҳрон
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
19:35 14.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазири умури хориҷаи Олмон ахиран гуфт, ки бино бар оқибатҳои буҳрони Украина мо ба чашми гуруснагии маргбор нигоҳ хоҳем кард
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон зимни нишасти матбуотӣ пас аз нишасти вазирони умури хориҷаи G7 гуфт, имрӯзҳо паёмадҳои фалокатбори ғизоӣ, ки бар асари вазъи Украина ба вуҷуд омадааст, эҳсос мешавад.
"Гап дар бораи пешгирии фалокат аз сар задани гуруснагӣ дар тӯли чанд моҳ нест. Мо имрӯз ин таъсирашро аллакай эҳсос мекунем. мо имрӯзҳо барои таъмини ҳама мардумон мушкилоти зиёде дорем. Ҳамин ҳоло бояд ба чашм гуруснагӣ нигоҳ кунем”, - гуфт хонум Бербок.
Вай афзуд, беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот ба эътидол овардани вазъ дар Украина аст, ки ба назари ӯ, вазъро метавонад дар бозори ғалла ва қимати маводи ғизоиро ба эътидол биёрад.
"Аммо шумо ҳоло ба он эътимод карда наметавонед", - гуфт Бербок.
Илова бар ин, вазир иддао дорад, ки Русия бар зидди ҷаҳон "ҷанги ғалла"-ӣ эълон кардааст.
"Ман ва ҳамаи мо махсусан аз амнияти озуқаворӣ нигарон ҳастем, ин як мавзӯи муҳим дар ин нишасти G7 буд. Ба далели амалҳои Русия, таъминот коҳиш меёбад, нархҳо на танҳо дар ин ҷо, балки дар тамоми ҷаҳон боло хоҳанд рафт. Таҳдиди гуруснагии шадид аст”, - гуфт роҳбари дипломатияи Аврупо.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия аз паёмадҳои манфии маҳдудиятҳо зидди кишварашро таъкид карда буд. Вай гуфт ин раванд метавонад ба бӯҳрони пурраи байналмилалии ғизо ва эҳтимоли гуруснагӣ дар кишварҳои алоҳида расонад.
Вазири ғизо ва кишоварзии Олмон Ҷем Оздемир ахиран Русияро дар "дузд"-ии ғалла дар шарқи Украина муттаҳам кард.
Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия чунин изҳоротро сохта хонд. Ҳамчунин, собиқ вакили Верховная Радаи Украина Иля Кива гуфт, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дастур додааст захираи давлатии ғаллаи Украина ба Полша бурда шавад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ бар ин назар аст, ки Вашингтон ба пирӯзии Киев бовар надорад, балки нигарони он аст, ки чӣ гуна аз онҷо ҳарчи зудтар ғалларо берун биёранд ва дар саросари Украина "гуруснагӣ” оғоз шавад.