https://sputnik.tj/20220510/asht-to-ayni-maqomot-sughd-selkhez-1048334553.html
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Суғд аз шаҳру ноҳияҳое ном бурданд, ки бо сабаби ноҳамвории реълеф хатари фаромади сел дар онҳо вуҷуд дорад
2022-05-10T17:00+0500
2022-05-10T17:00+0500
2022-05-11T13:53+0500
дар тоҷикистон
кҳф
селфароӣ
сел
хатар
суғд
ашт
айнӣ
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/20/1022062088_7:0:1280:716_1920x0_80_0_0_d6295fe506c43911edaa146c07f66ace.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино ба оморе, ки мақомоти КҲФ ироа намуданд, дар ин феҳраст нуҳ шаҳру навоҳии Суғд вориданд.Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки кадом шаҳру ноҳияҳо селхезанд ва чаро.Ин масъули КҲФ гуфт, ин навоҳӣ аз он лиҳоз шаҳру ноҳияҳои селхез гуфта мешаванд, ки дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар ҳудуди онҳо селроҳаҳо вуҷуд дорад.Ахиран дар пайи боришоти боронҳои пуршиддати рӯзҳои 4 ба 5-уми май дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон селхезӣ ба вуҷуд омад ва шаҳру ноҳияҳои Суғд низ аз ин истисно набуданд.Аз ҷумла сел як қатор роҳҳои рустоҳои шаҳри Панҷакентро хароб карда, роҳи миёни деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучро баст.Ин чунин дар он рӯзҳо бар асари боронҳои басо пуршиддат дар қаламрави деҳаи Ятин, ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ва ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич обхезӣ ба қайд гирифта шуд.Мақомот гуфтанд, ки дар пайи рух додани ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, селхезӣ даҳо сар чорво ва чандин гектар замини кишти сокинон ва роҳҳои истифодаи умумро тахриб ва нобуд гардонидааст.Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббӣ, аз ҷумла селхезиҳо ҳисоб ба вуҷуд меояд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.КҲФ бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 10 то 16 моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, эҳтимол боридани боронҳои пуршиддат, жола, шамоли сахт, раъду барқ ба вуқуъ ояд
https://sputnik.tj/20220506/talaf-chorvo-takhrib-roh-manzil-kharobiho-sel-tojikiston-1048241929.html
https://sputnik.tj/20220506/sel-tahdid-khonavoda-deha-tojikiston-kuch-1048240747.html
суғд
ашт
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/20/1022062088_168:0:1123:716_1920x0_80_0_0_12e9b8d61e5bebfec7c7bf6fe0d59493.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ашт, айнӣ, сел, мақомот, селхез, фаромадани сел, кҳф
тоҷикистон, ашт, айнӣ, сел, мақомот, селхез, фаромадани сел, кҳф
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
17:00 10.05.2022 (Навсозишуда: 13:53 11.05.2022) Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд аз шаҳру ноҳияҳое ном бурданд, ки бо сабаби ноҳамвории релеф хатари фаромади сел дар онҳо вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино ба оморе, ки мақомоти КҲФ ироа намуданд, дар ин феҳраст нуҳ шаҳру навоҳии Суғд вориданд.
Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки кадом шаҳру ноҳияҳо селхезанд ва чаро.
“Шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Айнӣ”, – таъкид намуд Ҳамдамов.
Ин масъули КҲФ гуфт, ин навоҳӣ аз он лиҳоз шаҳру ноҳияҳои селхез гуфта мешаванд, ки дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар ҳудуди онҳо селроҳаҳо вуҷуд дорад.
Ахиран дар пайи боришоти боронҳои пуршиддати рӯзҳои 4 ба 5-уми май дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон селхезӣ ба вуҷуд омад ва шаҳру ноҳияҳои Суғд низ аз ин истисно набуданд.
Аз ҷумла сел як қатор роҳҳои рустоҳои шаҳри Панҷакентро хароб карда, роҳи миёни деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучро баст.
Ин чунин дар он рӯзҳо бар асари боронҳои басо пуршиддат дар қаламрави деҳаи Ятин, ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ва ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич обхезӣ ба қайд гирифта шуд.
Мақомот гуфтанд, ки дар пайи рух додани ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, селхезӣ даҳо сар чорво ва чандин гектар замини кишти сокинон ва роҳҳои истифодаи умумро тахриб ва нобуд гардонидааст.
Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббӣ, аз ҷумла селхезиҳо ҳисоб ба вуҷуд меояд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.
КҲФ бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 10 то 16 моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, эҳтимол боридани боронҳои пуршиддат, жола, шамоли сахт, раъду барқ ба вуқуъ ояд