https://sputnik.tj/20220506/sel-tahdid-khonavoda-deha-tojikiston-kuch-1048240747.html
Сел таҳдид мекунад: 237 хонаводаи як деҳа дар Тоҷикистонро кӯчонданд
Сел таҳдид мекунад: 237 хонаводаи як деҳа дар Тоҷикистонро кӯчонданд
Sputnik Тоҷикистон
Боронгариҳое, ки давоми чанд рӯз дар Тоҷикистон идома дорад, боиси масдуду хароб гардидани роҳҳу пулҳо гардидааст. Дар деҳаи Файзбахш 237 хонавода ба ҷойи амнтар кӯчонида шуд
2022-05-06T14:15+0500
2022-05-06T14:15+0500
2022-05-06T15:14+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
турсунзода
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055752_0:253:657:623_1920x0_80_0_0_72669f1db9f3989f34672f1a40f514f1.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Боронгариҳои шадид ба шаҳри Турсунзода харобиҳои зиёд овард. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бинобар хатари омадани сели харобиовар дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлол беш аз 237 хонавода ба ҷойи амттар кӯчонида шуданд. Зеро боронгариҳои шадид сабаби резиши сел аз теппаҳои атрофи ин деҳа гардидааст.Манбаъ меафзояд, боронгариҳои ду рӯзи ахир боиси баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ гардидааст, ки дар пайи он сел ҷорӣ шудааст.Гуфта мешавад, сел дар деҳаҳои Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода, 75 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.КҲФ мегӯяд, барои бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ қувваҳо ва воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷалб шудаанд. Барои тоза кардани таҳхонаҳо ва қитъаҳои замин аз селобаву лойқа корҳо идома доранд.Феълан дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ бо роҳбарии муовини раиси КҲФ Иброҳимзода ва намояндаи комиссияи шаҳрӣ қарор доранд.Маврид ба зикр аст, селу обхезие, ки давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон идома доранд, хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.
https://sputnik.tj/20220506/hushdor-khf-boron-khatar-sel-1048230437.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055752_0:192:657:685_1920x0_80_0_0_35a402b1669df1a29fbe07c32d6c9e50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон турсунзода сел хонавода кӯч
тоҷикистон турсунзода сел хонавода кӯч
Сел таҳдид мекунад: 237 хонаводаи як деҳа дар Тоҷикистонро кӯчонданд
14:15 06.05.2022 (Навсозишуда: 15:14 06.05.2022) Боронгариҳое, ки давоми чанд рӯз дар Тоҷикистон идома дорад, боиси масдуду хароб гардидани роҳу пулҳо гардидааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Боронгариҳои шадид ба шаҳри Турсунзода харобиҳои зиёд овард.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бинобар хатари омадани сели харобиовар дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлол беш аз 237 хонавода ба ҷойи амттар кӯчонида шуданд. Зеро боронгариҳои шадид сабаби резиши сел аз теппаҳои атрофи ин деҳа гардидааст.
Манбаъ меафзояд, боронгариҳои ду рӯзи ахир боиси баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ гардидааст, ки дар пайи он сел ҷорӣ шудааст.
Гуфта мешавад, сел дар деҳаҳои Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода, 75 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.
КҲФ мегӯяд, барои бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ қувваҳо ва воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷалб шудаанд. Барои тоза кардани таҳхонаҳо ва қитъаҳои замин аз селобаву лойқа корҳо идома доранд.
Феълан дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ бо роҳбарии муовини раиси КҲФ Иброҳимзода ва намояндаи комиссияи шаҳрӣ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, селу обхезие, ки давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон идома доранд, хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.