https://sputnik.tj/20220506/talaf-chorvo-takhrib-roh-manzil-kharobiho-sel-tojikiston-1048241929.html
Аз талафи чорво то тахриб шудани роҳу манзили сокинон: харобиҳои сел дар Тоҷикистон
Аз талафи чорво то тахриб шудани роҳу манзили сокинон: харобиҳои сел дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари боронгариҳои шадид, ки боиси обхезиву селфароӣ гардидаст, замину манзили сокинон тахриб шуда, роҳҳои мошингард аз селобаю санг пур шуданд
2022-05-06T14:50+0500
2022-05-06T14:50+0500
2022-05-06T15:27+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_af1ae58fb9d75dbf667e943c60a8ae41.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми чанд рӯз боронгариҳои шадид идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз оқибатҳои селу обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар хабар дод.Ба гузориши ин ниҳод, шаби панҷ ба шашуми май дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон сели азим 25 қитъаи наздиҳавлигиро зери обу лой кард. Илова бар ин як манзил дар ин деҳа бар асари омадани сел қисман тахриб шуда, ҳамчунин 450 метр роҳи байни деҳаҳо хароб гардидааст.Боронгариҳо ба навоҳии вилояти Суғд низ зарари зиёд расондаанд. Аз ҷумла дар деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор сел сабабгори ҳалокати 15 сар чорвои калони сокинони русто гардид.Дар ноҳияи Деваштичи ин вилоят сели азим ба пуле, ки аз тариқи ҷамоати деҳоти Ғазантарак мегузарад, зарар расондааст. Инчунин 9,7 километр қубури обгузари Даҳансой низ зери хатар мондааст. КҲФ мегӯяд, шаби шашуми май дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби боронгариҳои шадид сатҳи оби дарё баланд шуда, боиси зери об мондани роҳи мошингарди Ваҳдат - Чӯянгарон - Ромит шуд.Гуфта мешавад, ҳудуди як километр роҳи мошингард аз сангу рег пур шудааст ва феълан қисман ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220506/sel-tahdid-khonavoda-deha-tojikiston-kuch-1048240747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2091:1568_1920x0_80_0_0_fb83fc5fe47f9c3eb69be2bd63b33536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сел харобиҳо
Аз талафи чорво то тахриб шудани роҳу манзили сокинон: харобиҳои сел дар Тоҷикистон
14:50 06.05.2022 (Навсозишуда: 15:27 06.05.2022) Бар асари боронгариҳои шадид, ки боиси обхезиву селфароӣ гардидаст, замину манзили сокинон тахриб шуда, роҳҳои мошингард аз селобаю санг пур шуданд
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми чанд рӯз боронгариҳои шадид идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз оқибатҳои селу обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар хабар дод.
Ба гузориши ин ниҳод, шаби панҷ ба шашуми май дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон сели азим 25 қитъаи наздиҳавлигиро зери обу лой кард. Илова бар ин як манзил дар ин деҳа бар асари омадани сел қисман тахриб шуда, ҳамчунин 450 метр роҳи байни деҳаҳо хароб гардидааст.
Боронгариҳо ба навоҳии вилояти Суғд низ зарари зиёд расондаанд. Аз ҷумла дар деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор сел сабабгори ҳалокати 15 сар чорвои калони сокинони русто гардид.
Дар ноҳияи Деваштичи ин вилоят сели азим ба пуле, ки аз тариқи ҷамоати деҳоти Ғазантарак мегузарад, зарар расондааст. Инчунин 9,7 километр қубури обгузари Даҳансой низ зери хатар мондааст.
КҲФ мегӯяд, шаби шашуми май дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби боронгариҳои шадид сатҳи оби дарё баланд шуда, боиси зери об мондани роҳи мошингарди Ваҳдат - Чӯянгарон - Ромит шуд.
Гуфта мешавад, ҳудуди як километр роҳи мошингард аз сангу рег пур шудааст ва феълан қисман ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.