https://sputnik.tj/20220501/qaror-hukumati-rusiya-poin-foiz-ipoteka-1048122160.html
Қарори ҳукумати Русия барои поин бурдани фоизи ипотека
Қарори ҳукумати Русия барои поин бурдани фоизи ипотека
Sputnik Тоҷикистон
Фоизҳои қарзҳои имтиёзноки ипотекӣ дар Русия поин бурда шуда, муҳлати амали онҳо низ бо дастури роҳбарияти кишвар тамдид шудааст
2022-05-01T17:03+0500
2022-05-01T17:03+0500
2022-05-01T17:03+0500
дар русия
сохтмон
иқтисод
қарздиҳӣ
молия
фоиз
бонк
хона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_0:0:3045:1714_1920x0_80_0_0_1987d51e1abc90a8f2c7568f77c42e60.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Михаил Мишустин, сарвазири Русия, қарор дар бораи тамдиди муҳлати амали барномаи имтиёзноки ипотекиро имзо кардааст. Бар асоси қарор, фоизи қарзҳои ипотекӣ аз 12 то ба 9% поин бурда шуда, муҳлати амалаш то охири соли 2022 тамдид гардидаст. Доираи фарогирии барнома пешина боқӣ мондаанд. Аз рӯи барномаи имтиёзнок қарз барои гирифтани манзил дар биноҳои навбунёд, сохтмони хона ва хариди қитъаи замин дода мешавад. Ҳадди ниҳоии қарз дар шаҳру вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ленинград 12 млн сомониро ташкил дода, барои бархе минтақаҳо 6 млн муқраррар шудааст. Бар асоси шарти барнома, маблағи аввалия бояд на кам аз 15%-ро ташкил диҳад. Фарқ байни фоизи имтиёзнок ва суди бозории қарзҳоро давлат барои ширкатҳои сохтмонӣ барқарор мекунад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Шӯрои мудирони Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда, дар ҳадди 14%-и солона муқаррар кард.Дар пайи ин бонкҳо низ судашонро поин бурданд. Аз ҷумла фоизи қарзҳо ва суди пасандозҳо дар "Сбербанк" аз оғози май поин бурда шуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти бонк, қарзҳои истеъмолӣ 2 банди фоизӣ камтар то ба 17,7%-и солона расонда шуданд. Инчунин бонки мазкур фоизи қарзҳои ипотекӣ барои биноҳои навбунёд ва дасти дуюмро 13,9% муқаррар кард.
https://sputnik.tj/20220501/sberbank-foiz-qarzh-poin-1048114841.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_157:0:2888:2048_1920x0_80_0_0_567b609b36f597ddb2404fc843060e8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, ипотека, қарз, поин
фоиз, ипотека, қарз, поин
Қарори ҳукумати Русия барои поин бурдани фоизи ипотека
Фоизҳои қарзҳои имтиёзноки ипотекӣ дар Русия поин бурда шуда, муҳлати амали онҳо низ бо дастури роҳбарияти кишвар тамдид шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Михаил Мишустин, сарвазири Русия, қарор дар бораи тамдиди муҳлати амали барномаи имтиёзноки ипотекиро имзо кардааст.
Бар асоси қарор, фоизи қарзҳои ипотекӣ аз 12 то ба 9% поин бурда шуда, муҳлати амалаш то охири соли 2022 тамдид гардидаст.
"Ин имконият медиҳад, ки дастрасии оилаҳои Русия ба манзили истиқоматӣ таъмин гардаду бахши сохтмон рушд ёбад", - омадааст дар иттилоияи кабинаи вазирон.
Доираи фарогирии барнома пешина боқӣ мондаанд. Аз рӯи барномаи имтиёзнок қарз барои гирифтани манзил дар биноҳои навбунёд, сохтмони хона ва хариди қитъаи замин дода мешавад.
Ҳадди ниҳоии қарз дар шаҳру вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ленинград 12 млн сомониро ташкил дода, барои бархе минтақаҳо 6 млн муқраррар шудааст. Бар асоси шарти барнома, маблағи аввалия бояд на кам аз 15%-ро ташкил диҳад.
Фарқ байни фоизи имтиёзнок ва суди бозории қарзҳоро давлат барои ширкатҳои сохтмонӣ барқарор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шӯрои мудирони Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда, дар ҳадди 14%-и солона муқаррар кард.
Дар пайи ин бонкҳо низ судашонро поин бурданд. Аз ҷумла фоизи қарзҳо ва суди пасандозҳо дар "Сбербанк" аз оғози май поин бурда шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти бонк, қарзҳои истеъмолӣ 2 банди фоизӣ камтар то ба 17,7%-и солона расонда шуданд. Инчунин бонки мазкур фоизи қарзҳои ипотекӣ барои биноҳои навбунёд ва дасти дуюмро 13,9% муқаррар кард.