https://sputnik.tj/20220501/sberbank-foiz-qarzh-poin-1048114841.html
"Сбербанк" фоизи қарзҳояшро поин бурд
"Сбербанк" фоизи қарзҳояшро поин бурд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи поинравии меъёри бозтамвил дар Русия "Сбербанк" низ фоизи қарзҳояшро поин бурдааст. Дар зимн суди пасандозҳо низ кам карда шудааст
2022-05-01T14:10+0500
2022-05-01T14:10+0500
2022-05-01T16:07+0500
дар русия
иқтисод
фоиз
қарздиҳӣ
сбербанк
кам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102213/46/1022134614_0:174:3023:1874_1920x0_80_0_0_4fee958b9bdd2b8c26fd0ce9c22b2473.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Фоизи қарзҳо ва суди пасандозҳо дар "Сбербанк" аз оғози май поин бурда шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти бонк, қарзҳои истеъмолӣ 2 банди фоизӣ камтар то ба 17,7%-и солона расонда шуданд. Ин қарз барои мизоҷоне, ки аз тариқи кортҳои бонкии "Сбербанк" маош мегиранд, дастрас мебошад. Инчунин бонки мазкур фоизи қарзҳои ипотекӣ барои биноҳои навбунёд ва дасти дуюмро 13,9% муқаррар кард. Суди пасандозҳо ба ҷои 16%-и қаблӣ то ба 12%-и солона кам карда шудаст. Ин ҳадди аксари суд барои гузоштани амонат дар ин бонк мебошад. Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд. Шӯрои мудирони Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда, дар ҳадди 14%-и солона муқаррар кард. Даҳаи аввали моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 20 то ба 17% кам карда буд.Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
https://sputnik.tj/20220429/kohish-ghayrimuntazira-boztamvil-rusiya-1048079405.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102213/46/1022134614_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_dca17bdb284f3f44066322f9e9435396.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, фоиз, қарз, сбербанк
коҳиш, фоиз, қарз, сбербанк
"Сбербанк" фоизи қарзҳояшро поин бурд
14:10 01.05.2022 (Навсозишуда: 16:07 01.05.2022) Дар пайи поинравии меъёри бозтамвил дар Русия "Сбербанк" низ фоизи қарзҳояшро поин бурдааст. Дар зимн суди пасандозҳо низ кам карда шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Фоизи қарзҳо ва суди пасандозҳо дар "Сбербанк" аз оғози май поин бурда шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти бонк, қарзҳои истеъмолӣ 2 банди фоизӣ камтар то ба 17,7%-и солона расонда шуданд. Ин қарз барои мизоҷоне, ки аз тариқи кортҳои бонкии "Сбербанк" маош мегиранд, дастрас мебошад.
Инчунин бонки мазкур фоизи қарзҳои ипотекӣ барои биноҳои навбунёд ва дасти дуюмро 13,9% муқаррар кард.
Суди пасандозҳо ба ҷои 16%-и қаблӣ то ба 12%-и солона кам карда шудаст. Ин ҳадди аксари суд барои гузоштани амонат дар ин бонк мебошад.
Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд.
Шӯрои мудирони Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда, дар ҳадди 14%-и солона муқаррар кард. Даҳаи аввали моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 20 то ба 17% кам карда буд.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.