https://sputnik.tj/20220426/tahrimho-rusiya-jahon-dollarro-pinhon-1047971658.html
Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд
Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсати берунии кутоҳандешонаи Вашингтон қудратҳои ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки долларро бо нақшаҳои махфӣ пинҳон кунанд, то ки роҳҳо ба иштибоҳ андохта шаванд
2022-04-26T15:50+0500
2022-04-26T15:50+0500
2022-04-26T20:08+0500
доллар
дар ҷаҳон
има
иа
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Маҳдуд кардани захираҳои молиявии Бонки маркази Русия аз тариқи таҳрим як вазъеро ба вуҷуд овард, ки пас аз он бонкҳои марказии дигар кишварҳо ба пинҳон кардани захираҳои доллар шуруъ мекунанд. Чунин хулосаро Ян Петер Кранен, профессори донишгоҳи Гёте дар Франкфурти лаби Майн дар суҳбат бо нашрияи маҳаллии "Wirtschafts Woche" изҳор дошт. Вай ба чунин андеша аст, ки муассисаҳои молиявӣ метавонанд аз ширкатҳои ниҳонӣ истифода баранд.Кранен таклиф кард, ки мамлакатҳо захираҳоро ба қисмҳои хурд тақсим карда, дар бозори хусусии сармоя нигоҳ доранд. Ин соҳиби воқеии маблағҳоро пинҳон мекунад ва ҳузур дар бозорҳои молии ғарбиро нигоҳ медорад. "Иёлоти Муттаҳида долларро дар даргириҳо бо Русия ба унвони аслиҳа истифода мекунад. Ин ба мақоми доллар ҳамчун пули асосии захиравии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад", - хулоса кард ӯ. Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд. Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
https://sputnik.tj/20220415/matvienko-chin-dollarzudoi-iqtisod-barrasi-1047675700.html
https://sputnik.tj/20220426/korshinos-gurusnagi-jahon-tahdid-1047960917.html
има
иа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳрим русия ҷаҳон доллар
таҳрим русия ҷаҳон доллар
Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд
15:50 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:08 26.04.2022) Сиёсати берунии кутоҳандешонаи Вашингтон қудратҳои ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки долларро бо нақшаҳои махфӣ пинҳон кунанд, то роҳҳо ба иштибоҳ андохта шаванд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Маҳдуд кардани захираҳои молиявии Бонки маркази Русия аз тариқи таҳрим як вазъеро ба вуҷуд овард, ки пас аз он бонкҳои марказии дигар кишварҳо ба пинҳон кардани захираҳои доллар шуруъ мекунанд.
Чунин хулосаро Ян Петер Кранен, профессори донишгоҳи Гёте дар Франкфурти лаби Майн дар суҳбат бо нашрияи маҳаллии "Wirtschafts Woche" изҳор дошт.
Вай ба чунин андеша аст, ки муассисаҳои молиявӣ метавонанд аз ширкатҳои ниҳонӣ истифода баранд.
"Ин корро метавон ба таври махфӣ анҷом дод. Захираҳои асъорро пинҳон кардан мумкин аст ва бонкҳои марказӣ роҳу василаҳои пинҳон кардани ҳувияти худро дар бозори молӣ доранд", - шарҳ дод олим.
Кранен таклиф кард, ки мамлакатҳо захираҳоро ба қисмҳои хурд тақсим карда, дар бозори хусусии сармоя нигоҳ доранд. Ин соҳиби воқеии маблағҳоро пинҳон мекунад ва ҳузур дар бозорҳои молии ғарбиро нигоҳ медорад.
"Иёлоти Муттаҳида долларро дар даргириҳо бо Русия ба унвони аслиҳа истифода мекунад. Ин ба мақоми доллар ҳамчун пули асосии захиравии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.