Коршинос: Гуруснагии ҷаҳон дар соли 2023 ба садҳо миллион нафар таҳдид мекунад

© Sputnik / Sergey Pivovarov / Гузариш ба медиабонкПустые полки в супермаркете в Мадриде
Пустые полки в супермаркете в Мадриде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Иқтисоддон гуфт, ки соли оянда бузургтарин буҳрони ғизоӣ дар таърих метавонад фаро расад, ки ба бисёре аз кишварҳо таъсир хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Занҷираҳои таъминот, ки бар асари буҳрони Украина вайрон мешаванд, боиси нокомии ҳосил мегардад. Дар ин бора дар мақолае дар нашрияи олмонии "Compact" навишта шудааст.
Ба гуфтаи муаллифи мавод, нарасидани нуриҳо ба амал меояд, ки аз ин сабаб деҳқонон зиён мебинанд, онҳо дигар ба қадри кофӣ маҳсулот тавлид карда наметавонанд.
Маттиас Бернингер, сардори шуъбаи корпоратсияи фаромиллии кимиёӣ ва фармасевтии "Bayer" AG, гуфтааст: "Соли оянда моро яке аз бузургтарин буҳронҳои ғизоӣ дар таърихи инсоният интизор аст".
Вид на Бранденбургские ворота  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Барои ғалаба бар Русия Олмон бо тақдири иқтисоди худ бозӣ мекунад
Иқтисодшиноси олмонӣ Матин Каим низ бар ин назар аст, ки фалокати иқтисодӣ дар пеш аст, ки бар асари он гуруснагии ҷаҳон метавонад то сад миллион нафарро фаро гирад.
Ба гуфтаи раиси Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бисли, нарасидани ғизо ҷараёнҳои бузурги муҳоҷиратро ба вуҷуд меорад, ки буҳрони соли 2015 ба дар баробари он "ба сайри тобистона монанд хоҳад шуд".
Махсусан барои кишварҳои ғарбӣ корхонаҳои нуриҳои калий дар Урал ва Беларус, ки ҳоло таҳти таҳримҳои Ғарб қарор доранд, муҳиманд.
Бояд ашёи хомро бо нуриҳои азотӣ иваз кард, вале дар баробари ин нархи истеҳсоли онҳо аз сабаби боло рафтани нархи газ ба фалак мерасад.
Мужчина у пустых прилавков в супермаркете, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
"Мушкилот ба миён меояд": оё Аврупо ба буҳрони озуқа дучор мешавад?
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Историческое здание Рейхстага в центре Берлина. В реконструированном здании рейхстага размещается Германский бундестаг (парламент). - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
"Bloomberg": Олмон бинобар таҳримҳо алайҳи Русия қарздор мешавад
Илова бар ин, Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik"-ро мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0