Ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба чунин хатар мувоҷеҳ нашуда буд: Трамп аз чӣ метарсад?

© AP / Joe MaioranaЭкс-президент США Дональд Трамп во время выступления
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Ахиран зимни суханрониаш раисҷумҳури пешини ИМА дар "Heritage Foundation" ба сокинон гуфт, ки онҳо дар "хатарноктарин давраи таърихи кишвар" зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik, Виктория Никифорова. Доналд Трамп аз чӣ метарсад? Аҷиб аст, ки пеш аз ҳама ҳамватанони худ метарсад – пеш аз ҳама аз он нафароне, аз режими Вашингтон даъват мекунад дар низоъ дар қаламрави Украина ошкоро дахолат кунанд.
Марҳилаи нави амалиёти вижа Русия дар Украина ба таври возеҳ нишон дод, ки Маскав мехоҳад ба мушкили Киев хотима диҳад. Ба Украина ҳатто пешниҳоди аслиҳа аз ҷониби Ғарб кӯмак намекунад. Мутахассисони диловари ғарбӣ низ вазъро тағйир дода наметавонанд - онҳо ба таври оммавӣ кушта мешаванд, мегурезанд ё таслим мешаванд ва баъд бо таассуф дар наворҳо шикоят мекунанд, ки онҳоро нодуруст фаҳмидаанд. Хулоса, Русия пирӯз мешавад. Чӣ бояд кард?
Якчанд овозҳои солим дар сиёсати Амрико мегӯянд, ки вақти он расидааст, ки амрикоиҳо аз ин тиҷорат даст кашанд ва бо мушкилоти худ машғул шаванд. Мушкилот зиёд аст ва онҳо ба Украина рабте надоранд. Мардуми Амрико ба андозае камбизоат шудааст, ки дар таърих баъд аз давраи Депрессияи Бузург дида намешуд.
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Бо вуҷуди ин, майдони иттилоотӣ тақрибан аз ҷониби тундравҳо ишғол шудааст. Онҳо аллакай ба орзуҳои охир замон фуру рафтаанд.
Ба гуфтаи неоконҳо, натиҷаи амалиёти вижа дар Украина барои гегемонияи Амрико аҳамияти ҷиддӣ дорад. Ба ақидаи онҳо ё ИМА ё Русия боқӣ мемонад". Ягона натиҷаи қобили қабул барои Иёлоти Муттаҳида метавонад танҳо хуруҷи пурраи нерӯҳои Русия аз Украина, таслими Қрим ва Донбасс бошад. Бе ин гуфтушунид сурат намегирад.
Агар ба гуфтаи онҳо, Русия амалиёти вижаро бомуваффақият анҷом диҳад, ин шикасти ниҳоии Вашингтон хоҳад буд. Пас аз фирор аз Афғонистон, ҷаҳон метавонист дар бораи қудрати низомии Амрико баъзе тасаввуроте дошта бошад. Пас аз он ки ғарб аз Украина даст кашад, ба ин ҳама хотима дода мешавад. “Акела ғалат кард”.
Суоле ба миён меояд — агар ин тавр бошад, Чи чизи дахшатнок аст? Амрикоиҳо аввалин шуда моҷароҳои низомиро барангехта, ба онҳо дахолат мекунанд ва баъд шармандавор фирор мекнанд. Дар ин ҷо чи чизи нав аст? Сиёсатмадорони маҳаллӣ ҳамеша баҳс мекарданд ва таблиғгарони CNN ва Washington Post тавонистанд ҳар шикасти нангинтаринро пирӯзӣ эълон кунанд.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Байден барои бартараф кардани Трамп президент шуд?
Аммо имруз сиёсатмадорони тундрави Амрико мебинад, ки гегемонизми кишварҳои онҳо нафаси охирини худро мекашад. Аз ин рӯ, онҳо худ ва атрофиёнро мутмаин месозанд, ки бо пайвастан мушкилоти Украина, метавонанд, вориди "охирин ҷанги ҳалкунанда шаванд ва ҳама чизро ба роҳи пешина баргардонанд. Дар асл, тамоюлҳои таърихӣ ин тавр кор намекунанд. Бо вуҷуди ин, неоконҳо баланд бардоштани ҳиссаҳоро идома медиҳанд ва амрикоиҳои ҳайронро ба охир замон омода мекунанд.
Дар аввал ин ғоя дар он буд, ки бо аз даст додани McDonald's ва Starbucks, русҳо ба кӯчаҳо мебароянд, режимро саркӯб мекунанд ва ягон нафаре, ки Департаменти Давлатиро ба салтанат таъин кардааст, фарёд мезананд. Соддалавҳии аҷиб, дар ҳақиқат. Аммо вундерваффе дар шакли бургер ва қаҳва ба кор нарафт.
Иғвоҳо, ба монанди саҳнаҳои сохташуда аз Буча аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ сард қабул карда шуданд. Ба амрикоиҳо гуфтанд, ки ҳама аз сохтакориҳои онҳо ҳанӯз аз даврони Сурия хаста шудаанд.
Ин чӣ маъно дорад? Ба мо лозим аст, ки шиддати ташдид пурзур шавад. Дар айни замон ду сенарияи ташдиди вазъ вуҷуд дорад. Тибқи нақшаи аввал, Вашингтон низомиёнашро ба Украина мефиристад – барои ин бештар сиёсатмадорони воломақом даъват мекунанд.
Взрыв бомбы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Вазорати дифои ФР: ИМА мехоҳад, аз силоҳи қатли ом истифода кунад
Нақшаи дувум, истихбороти Амрико бо кумаки дастёрони украинии худ мехоҳанд дар қаламрави ин кишвар як навъ иғвои дӯзахӣ созанд ва сипас расонаҳои худро маҷбур созанд, ки ҳама чизро бар гардани Русия зананд. Нақшаи муфассали чорабиниҳо дарвазорати хориҷа таҳия шудааст. Ин иқдоми ғайриқобили қабул аст..
Иғвогарӣ метавонад силоҳи кимёи, биологй ва ҳастаӣ бошад. Дар ҳамин ҳол, тамоми силоҳҳои биологӣ дар қаламрави Украина танҳо аз Амрико мебошанд. Нафарон аз доираи наздики президент Байден барои сохтани озмоишгоҳҳо ва санҷиши патогенҳои хатарноктарин сармоягузорӣ карданд, ки дар байни сарпарастони асосӣ писари ӯ Ҳантер буд.
Ҳамон ҳикояи силоҳи кимиёӣ. Дар Русия ин тавр нест. Мувофики конвенция дар бораи манъ ва нест кардани яроки кимиёӣ дар қаламрави Русия ин силоҳ комилан нест карда шуд. Аммо дар ИМА — ягона кишвари иштироккунандаи конвенция — тоннаҳо кимиёӣ марговар хануз нигоҳ дошта мешавад. Нобудшавии он ҳамеша бо баҳонаҳои мухталиф ба таъхир гузошта мешуд ва пандемияи бомуваффақияти коронавирус ин равандро комилан мутаваққиф кард.
Эҳтимоли хуруҷи силоҳи ҳастаӣ танҳо дар нерӯгоҳҳои ҳастаии таҳти назорати режими Киев вуҷуд дорад. Яъне америкоиҳо ҳар гуна иғвогарӣ ташкил кунанд, ба тамоми ҷахон маълум мешавад, ки ин ҷиноятро худи онҳо саҳнасозӣ кардаанд.
Украинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад
Ногуфта намонад, ки авҷ гирифтани шиддат дар баъзе марҳалаҳо Русияро маҷбур мекунад, ки ба марказҳои тасмимгирӣ зарба занад. Ин бевосита дар стратегияи мо навишта шудааст. Аммо таҳлилгарони воломақоми амрикоӣ бар ин боваранд, ки ин як таҳдиди комилан ночиз аст.
"Русия дорои силоҳи даҳшатангези ҳастаӣ аст, аммо <…> хатари истифодаи он аз сӯйи Маскав ҳамеша ночиз буд" мегӯяд Роберт Каган, коршиноси барҷаста ва шавҳари Виктория Нуланд.
Трамп маҳз аз ҳамин гуна одамон мисли Коган тарс дорад. Вай хеле хуб мебинад, ки онҳо кишварашро ба куҷо мебаранд ва кӯшиш мекунад, ки амрикоиҳоро ҳушдор диҳад, ки муноқиша бо Русия то чӣ андоза барои кишвар марговар аст.
Аммо дар ин ҷо душвориҳо ҳаст. Дар Амрико гуфтугӯҳо дар бораи он, ки як кишвари дигар метавонад Амрикоро комилан нобуд кунад ба таври комил манъ аст. Ин тарс, албатта, рӯҳи амрикоиҳои оддиро садама мезанад.
Аз ин рӯ, дар Иёлоти Муттаҳида саҳнасозони Ҳолливуд аз ҳамлаи зомбиҳо, ғарибонҳо, вампирҳо истифода мебаранд. Бесабаб нест, ки классики нависандаи зиндаи адабиёти Амрико Стивен Кинг буд. Ҳамаи ин мусиқии поп ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз тарси абадии худ аз охир замони ҳастаӣ халос шаванд.
Американские военнослужащие в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
"Барои тамоми инсоният кофист": дар ИМА хароҷоти ҷанг дар Афғонистонро ошкор карданд
Аммо дар фазои ҷамъиятӣ ба куҷо давидан ва чӣ гуна худро аз мушакҳои душман муҳофизат карданро муҳокима кардан мумкин нест. Аз ин рӯ, Трамп маҷбур аст, ки суханони худро бо ишораҳои хеле дақиқ баён кунад. “Акнун калимаи “ҳастаӣ” мисли қанд ба чой партофта мешавад, — мегуяд ӯ.— Шумо ин корро карда наметавонед. Трамп ба ҷомеаи Амрико хотиррасон кард, ки Русия таҳти фармони ӯ амалиёти вижа анҷом надодааст. Бубинед, гуфт ӯ: "Дар замони Буш Русия Гурҷистонро гирифт (Трамп дар назар дошт озодкунии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ). Дар замони Обама Қримро гирифтанд. Зери ман, ҳеҷ чиз, ҳеҷ минтақае".
Бале, ин комилан дуруст аст. Чаро ин тавр шуд? Зеро Трамп умуман муносибатҳоро бо Украина таваққуф кард. Гап дар бораи таъмини силоҳи сабук буд. Нерӯҳо дар атрофи Донбасс ҷамъ нашуда буданд. Дар сурати мавҷуд набудани иғвоҳо Маскав ба иҷрои созишҳои Минск умед дошт. Ба амалиёти махсус ниёзе набуд.
Танҳо дар як сол режими Байден ин тавозуни нозукро вайрон кард. Дар натиҷа, ҷаҳон дар остонаи ҷанги ҷаҳонӣ қарор дорад ва актёрҳо ба монанди Роберт Каган, ки нақш бозӣ мекунанд мехоҳанд онро ба оташ тела диҳанд.
Трампро омманигори маъруфи муҳофизакор Пэт Бюкенан ҳам такрор мекунад. Барномаи ӯ чунин ном дорад: “Мақсади асосии мо бояд пешгирӣ аз ҷанг бо Русия бошад”. Вай ба мардуми Амрико хотиррасон мешавад, ки чӣ тавр роҳбарони давлати ИМА аз ҷанг бо Иттиҳоди Шӯравӣ худдорӣ карданд. “Айке” ​​Эйзенхауэр дар вақти эътирозҳои зиддишӯравӣ ба тарафдории венгерҳо баромад накард, Ҷон Кеннеди ба сохтмони девори Берлин тоб овард, Линдон Ҷонсон дар давраи баҳори Прага барои ба чеххо нерӯ нафиристод.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ҷаҳон ба ҷунуни Амрико таваҷҷуҳ намекунад, балки ба умеди Русия аст
Мутаасифона, овози солим аз доду фарёди пропагандаи низомӣ хеле душвор мебарояд. Танҳо рӯйдодҳои муҳим, аз қабили партоби мушаки дурбурди “Сармат” метавонад ҷилави амрикоиҳо барои худкушӣ гирад.
Русия намехоҳад касеро тарсонд. Ба хама маълум аст, ки системахои мавҷудаи зиддимушакии Амрико наметавонад аз зарбаҳои мушакҳои дурбурд ҳозиразамон ҷилавгирӣ кунад. Амрикоиҳо аз ҷавоби илмию техникии Русия “Сармат” ҳимоят надоранд.
Дар чунин сенарияҳо, ҳама гуна шиддати вазъ ба аҳолии Иёлоти Муттаҳида таҳдиди мустақим дорад. Вақти он расидааст, ки "ҷодугарҳои охир замон" аз орзуҳои худ даст кашанд ва аз майдони иттилоот дур шаванд ва барои одамони муътадил роҳ диҳанд. Ба монанди ҳадди аққал Трамп.
Лентаи хабарҳо
0