https://sputnik.tj/20220419/shoygu-ima-okhirin-ukrain-jang-kunad-1047774278.html
Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад
Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки Амрико ва НАТО кореро мекунанд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тамдид шавад. Ӯ мегӯяд, ИМА "то охирин украинӣ" ҷанг мекунад
2022-04-19T16:00+0500
2022-04-19T16:00+0500
2022-04-19T18:03+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей шойгу
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102992/15/1029921543_0:0:2653:1492_1920x0_80_0_0_ae9232aecb9aac63140a97c79739fee0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Вашингтон ва кишварҳои ғарбие, ки таҳти контроли он қарор доранд, коре мекунанд, то амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба таъхир афтад, изҳор дошт Сергей Шойгу, вазири мудофиа дар ҳайати мушовараи Департаменти ҳарбӣ.Ба таъкиди ӯ, ИМА ният дорад, "то охирин украинӣ" ҷанг кунад."Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои таҳти контроли Ғарб ҳама корҳоро мекунанд, то амалиёти вижаи низомиро то ҳадди имкон ба таъхир гузоранд. Ҳаҷми афзояндаи интиқоли силоҳи хориҷӣ барои таҳрик додани режими Киев мебошад, ки то 2 охирин украинӣ биҷангад", - афзуд Шойгу.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, иқдомоти нерӯҳои Русия ва сифати силоҳҳои истифодашуда бори дигар дурустии авлавиятҳои бунёдии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро, ки раҳбарияти низомиву сиёсии кишвар муайян кардааст, нишон медиҳад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220419/peshnihod-rusiya-taslim-jangiyon-azovstal-1047772638.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102992/15/1029921543_108:0:2564:1842_1920x0_80_0_0_db538e0bb81c2ed0e5868af68041df3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу русия има
Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад
16:00 19.04.2022 (Навсозишуда: 18:03 19.04.2022) Вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, Амрико ва НАТО коре мекунанд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тамдид шавад. Ӯ мегӯяд, ИМА "то охирин украинӣ" ҷанг мекунад
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Вашингтон ва кишварҳои ғарбие, ки таҳти контроли он қарор доранд, коре мекунанд, то амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба таъхир афтад, изҳор дошт Сергей Шойгу, вазири мудофиа дар ҳайати мушовараи Департаменти ҳарбӣ.
Ба таъкиди ӯ, ИМА ният дорад, "то охирин украинӣ" ҷанг кунад.
"Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои таҳти контроли Ғарб ҳама корҳоро мекунанд, то амалиёти вижаи низомиро то ҳадди имкон ба таъхир гузоранд. Ҳаҷми афзояндаи интиқоли силоҳи хориҷӣ барои таҳрик додани режими Киев мебошад, ки то 2 охирин украинӣ биҷангад", - афзуд Шойгу.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, иқдомоти нерӯҳои Русия ва сифати силоҳҳои истифодашуда бори дигар дурустии авлавиятҳои бунёдии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро, ки раҳбарияти низомиву сиёсии кишвар муайян кардааст, нишон медиҳад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.