https://sputnik.tj/20220422/tramp-ima-khatar-1047855134.html
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури собиқи Амрико гуфт, ба далели иштибоҳоте, ки ҳукумати кунунии ИМА мекунад, ҷаҳон ва кишвараш дар як лаҳзаи хатарноки таърих қарор доранд
2022-04-22T10:08+0500
2022-04-22T10:08+0500
2022-04-22T14:30+0500
доналд трамп
има
хатар
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154289_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_13fdc792a957b962d8e1d3e05c1c7dd7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки роҳбарияти кунунии Амрикоро дар ҷаҳон эҳтиром намекунанд ва аз он тарс надоранд, гуфт сиёсатмадор зимни суханронӣ дар чорабинии "Heritage Foundation" (Бунёди Мерос) дар Флорида.Ба гуфтаи вай, ин боиси хатарноктарин лаҳза дар таърихи ҷаҳон ва бахусус Иёлоти Муттаҳида шуд.Вай тавзеҳ дод, ки ҷаҳон аз қудрати бузурги силоҳи муосир, ки қаблан дар дунё вуҷуд надошт, дар хатар аст. Раиси пешини Кохи сафед гуфт: "Мо онро дорем, дигарон ҳам доранд. Аммо қаблан чизе монанди он набуд."Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки "кӯчактарин имкон" вуҷуд надошт, ки дар замони раҳбарии ӯ Русия ба амалиёти вижа дар Украина даст занад. "Чин дигар моро эҳтиром намекунад, Эрон дигар аз мо наметарсад. Ва бо ҳамлаи даҳшатноки худ ба Украина Русия танҳо нишон дод, ки то чӣ андоза раҳбарони моро заъиф мешуморанд", - гуфт Трамп.Ғайр аз ин вай дар нутқи худ амалҳои Ҳукумати ИМА-ро ба муосиргардонии қувваҳои ядроии Амрико рабт дода, илова намуд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз онҳо истифода бурдан намехоҳад.Ёдовар мешавем, қаблан Трамп низ изҳор карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар остонаи даҳшати иқтисодӣ қарор дорад. Трамп мегӯяд, Байден орзуи амрикоиро куштИн аз он сабаб аст, ки даромади воқеии аҳолӣ коҳиш меёбад, кишвар дар остонаи даҳшати иқтисодӣ, ки бо номи стагфлятсия маъруф аст, ба ларза омадааст. Илова бар ин, соҳиби собиқи Кохи сафед вазъи кунунии иқтисоди Амрикоро "фалокати таварруми Байден" номид.
https://sputnik.tj/20220403/tramp-amriko-dahshat-iqtisod-bayden-aybdor-1047309440.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154289_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1e2923213a0f4aadf178cba02e5dafd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп има хатар
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
10:08 22.04.2022 (Навсозишуда: 14:30 22.04.2022) Раисҷумҳури собиқи Амрико гуфт, ба далели иштибоҳоте, ки ҳукумати кунунии ИМА мекунад, ҷаҳон ва кишвараш дар як лаҳзаи хатарноки таърих қарор доранд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки роҳбарияти кунунии Амрикоро дар ҷаҳон эҳтиром намекунанд ва аз он тарс надоранд, гуфт сиёсатмадор зимни суханронӣ дар чорабинии "Heritage Foundation" (Бунёди Мерос) дар Флорида.
Ба гуфтаи вай, ин боиси хатарноктарин лаҳза дар таърихи ҷаҳон ва бахусус Иёлоти Муттаҳида шуд.
"Ҳамин ҳоло, ба назари ман, хатарноктарин давраи таърихи кишвари мост. Ҳеҷ гоҳ ҷаҳони мо дар ин гуна хатар қарор нагирифта буд", - гуфт Трамп.
Вай тавзеҳ дод, ки ҷаҳон аз қудрати бузурги силоҳи муосир, ки қаблан дар дунё вуҷуд надошт, дар хатар аст.
Раиси пешини Кохи сафед гуфт: "Мо онро дорем, дигарон ҳам доранд. Аммо қаблан чизе монанди он набуд."
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки "кӯчактарин имкон" вуҷуд надошт, ки дар замони раҳбарии ӯ Русия ба амалиёти вижа дар Украина даст занад.
"Чин дигар моро эҳтиром намекунад, Эрон дигар аз мо наметарсад. Ва бо ҳамлаи даҳшатноки худ ба Украина Русия танҳо нишон дод, ки то чӣ андоза раҳбарони моро заъиф мешуморанд", - гуфт Трамп.
Ғайр аз ин вай дар нутқи худ амалҳои Ҳукумати ИМА-ро ба муосиргардонии қувваҳои ядроии Амрико рабт дода, илова намуд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз онҳо истифода бурдан намехоҳад.
Ёдовар мешавем, қаблан Трамп низ изҳор карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар остонаи даҳшати иқтисодӣ қарор дорад.
Ин аз он сабаб аст, ки даромади воқеии аҳолӣ коҳиш меёбад, кишвар дар остонаи даҳшати иқтисодӣ, ки бо номи стагфлятсия маъруф аст, ба ларза омадааст.
Илова бар ин, соҳиби собиқи Кохи сафед вазъи кунунии иқтисоди Амрикоро "фалокати таварруми Байден" номид.