https://sputnik.tj/20220424/moshin-tahrim-rusiya-belgiya-darmondand-1047908764.html
Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд
Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд
Sputnik Тоҷикистон
WSJ менависад,тақрибан ҳашт ҳазор мошинҳои боҳашамат бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар шаҳри Зебрюгеи давлати Белгия дармондаанд
2022-04-24T13:50+0500
2022-04-24T13:50+0500
2022-04-25T13:18+0500
дар ҷаҳон
белгия
мошин
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044955673_0:191:3283:2038_1920x0_80_0_0_be6f0b468915889a6f09caa319b83698.jpg
Ҳудуди ҳашт ҳазор мошин, ки омодаи интиқол ба Русия ҳастанд, дар шаҳри бандарии Зебрюгеи Белгия бар асари таҳримҳои Ғарб дармондаанд, хабар медиҳад "Wall Street Journal". Мошинҳо аз ҷумлаи навтарин моделҳои "Cadillac", "Mercedes" ва "Lexus" дар авоили моҳи апрел аз Осиё ворид шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд мошинҳо муддати тӯлонӣ ба ҳеҷ куҷо интиқол дода намешаванд ва дар ниҳоят ба бозорҳои дигар фурӯхта мешаванд.Иттиҳодияи Аврупо пештар бастаи панҷуми таҳримҳои зидди Русияро тасвиб кард. Тадбирҳои нави маҳдудкунанда манъи воридоти ангишт аз моҳи августи соли 2022, манъи вуруди киштиҳо бо парчами Русия ба бандарҳои Иттиҳоди Аврупо ва маҳдудиятҳои ширкатҳои боркашонии Русия ва Беларусро дар бар мегиранд. Амалҳои мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ аллакай ба мушкилоти иқтисодии кишварҳояшон табдил ёфта, боиси болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки монанди онҳо то ҳол набудааст, вале таъкид кард, ки онҳо ба чунин рушди ҳаводис омодаанд.
https://sputnik.tj/20220331/sokinon-britaniya-hukumat-oqibat-tahrim-rusiya-mazamat-1047220244.html
белгия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044955673_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_462dfb8138be379808194b718c5def75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия таҳрим мошин
Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд
13:50 24.04.2022 (Навсозишуда: 13:18 25.04.2022) "Wall Street Journal" менависад, тақрибан ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар шаҳри Зебрюгеи давлати Белгия дармондаанд
Ҳудуди ҳашт ҳазор мошин, ки омодаи интиқол ба Русия ҳастанд, дар шаҳри бандарии Зебрюгеи Белгия бар асари таҳримҳои Ғарб дармондаанд, хабар медиҳад "Wall Street Journal".
Мошинҳо аз ҷумлаи навтарин моделҳои "Cadillac", "Mercedes" ва "Lexus" дар авоили моҳи апрел аз Осиё ворид шудаанд.
"Мошинҳо аз содироти молҳои боҳашамат мамнуъ шудаанд, аммо як қатор молҳои дигаре, ки таҳти таҳримҳои гуногун қарор доранд, низ дар ин ҷо мондаанд", - гуфт Марк Адриансенс, директори терминали мошинҳои бандар.
Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд мошинҳо муддати тӯлонӣ ба ҳеҷ куҷо интиқол дода намешаванд ва дар ниҳоят ба бозорҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Иттиҳодияи Аврупо пештар бастаи панҷуми таҳримҳои зидди Русияро тасвиб кард. Тадбирҳои нави маҳдудкунанда манъи воридоти ангишт аз моҳи августи соли 2022, манъи вуруди киштиҳо бо парчами Русия ба бандарҳои Иттиҳоди Аврупо ва маҳдудиятҳои ширкатҳои боркашонии Русия ва Беларусро дар бар мегиранд.
Амалҳои мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ аллакай ба мушкилоти иқтисодии кишварҳояшон табдил ёфта, боиси болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки монанди онҳо то ҳол набудааст, вале таъкид кард, ки онҳо ба чунин рушди ҳаводис омодаанд.