https://sputnik.tj/20220331/sokinon-britaniya-hukumat-oqibat-tahrim-rusiya-mazamat-1047220244.html
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷорӣ шудани таҳримҳои густурда алайҳи Русия боиси нигаронии аксар шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ гардид. Онҳо барои ин амал ҳукуматдоронро масхара ва шадидан танқид мекунанд
2022-03-31T12:05+0500
2022-03-31T12:05+0500
2022-03-31T20:51+0500
дар ҷаҳон
британияи кабир
сиёсат
таҳрим
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042016228_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f7427a9e3ecd32555044b5a8b4967b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сокинони Бритониё ҳукумати кишварашонро барои коҳиши рекордии сатҳи зиндагӣ пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия танқид карданд.Сокинон дар вебсайти рӯзномаи "The Daily Mail" шарҳҳои хашмгинона гузоштанд. Қаблан идораи вобаста ба буҷа тасмим гирифта буд, ки ба далели вазъи печидаи иқтисодӣ сарбории андози шаҳрвандонро коҳиш диҳад.Коршиносон қайд карданд, ки аз миёнаҳои асри 20 инҷониб дар Бритониё чунин коҳиш мушоҳида нашудааст. Дигаре чунин нигоштааст, ки "вақти он расид, ки саноати нафту газро бояд миллӣ кард ва ба содироти энергия нуқта гузошт.Дар идома корбаре бо номи Snowbird56 қайд намудааст, ки "дардро ҳама эҳсос хоҳанд кард, ба ҷуз аз масъулин, ки бо тамоми шароити зарурӣ таъмин шудаанд"."Бо як даст медиҳанду бо дигаре мегиранд...Мақомот аз воқеият чунон ҷудо шудаанд, ки сафар ба Моҳ аллакай наздик шудааст", - бо киноя навиштааст madmacca_5. Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар украина бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё, алайҳи Маскав дар бахши бонкӣ ва таҳвили маҳсулоти технологӣ таҳримҳои густарда эълон карданд.Аксари ширкатҳои ҷаҳонӣ низ аз идомаи фаъолият дар Русия даст кашиданд.Лондон эълон кард, ки то охири соли 2022 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Русияро қатъ мекунад. Дар натиҷаи ин тадбирҳо, тибқи маълумоти RAC, нархи миёнаи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Бритониё рекордҳои нав гузоштанд: сӯзишвории дизелӣ то 179,72 пенс (тақрибан 2,37 доллар) барои як литр, бензин то 167,01 (тақрибан 2,2 доллар) боло рафт.
https://sputnik.tj/20220302/tavzehi-vukh-i-rusiya-payomadhoi-olmon-majroi-shimoli-2-1046448918.html
британияи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042016228_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4ecfd770f1d0b23674a6dc2645c06753.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бритониё русия таҳрим
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
12:05 31.03.2022 (Навсозишуда: 20:51 31.03.2022) Ҷорӣ шудани таҳримҳои густурда алайҳи Русия боиси нигаронии аксари шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ гардид. Онҳо барои ин амал ҳукуматдоронро масхара ва шадидан танқид мекунанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сокинони Бритониё ҳукумати кишварашонро барои коҳиши рекордии сатҳи зиндагӣ пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия танқид карданд.
Сокинон дар вебсайти рӯзномаи "The Daily Mail" шарҳҳои хашмгинона гузоштанд. Қаблан идораи вобаста ба буҷа тасмим гирифта буд, ки ба далели вазъи печидаи иқтисодӣ сарбории андози шаҳрвандонро коҳиш диҳад.
Коршиносон қайд карданд, ки аз миёнаҳои асри 20 инҷониб дар Бритониё чунин коҳиш мушоҳида нашудааст.
"Андозро аз сарватмандон гиред, на аз камбағалон! Ин кишвар рӯзе аз хашм метаркад, бовар кунед", - навиштааст корбаре бо номи Purple Hexagon.
Дигаре чунин нигоштааст, ки "вақти он расид, ки саноати нафту газро бояд миллӣ кард ва ба содироти энергия нуқта гузошт.
Дар идома корбаре бо номи Snowbird56 қайд намудааст, ки "дардро ҳама эҳсос хоҳанд кард, ба ҷуз аз масъулин, ки бо тамоми шароити зарурӣ таъмин шудаанд".
"Бо як даст медиҳанду бо дигаре мегиранд...Мақомот аз воқеият чунон ҷудо шудаанд, ки сафар ба Моҳ аллакай наздик шудааст", - бо киноя навиштааст madmacca_5.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар украина бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё, алайҳи Маскав дар бахши бонкӣ ва таҳвили маҳсулоти технологӣ таҳримҳои густарда эълон карданд.
Аксари ширкатҳои ҷаҳонӣ низ аз идомаи фаъолият дар Русия даст кашиданд.
Лондон эълон кард, ки то охири соли 2022 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Русияро қатъ мекунад. Дар натиҷаи ин тадбирҳо, тибқи маълумоти RAC, нархи миёнаи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Бритониё рекордҳои нав гузоштанд: сӯзишвории дизелӣ то 179,72 пенс (тақрибан 2,37 доллар) барои як литр, бензин то 167,01 (тақрибан 2,2 доллар) боло рафт.