https://sputnik.tj/20220423/gharb-manfiat-rusiya-nodida-1047899193.html
Захарова: Ғарб манфиатҳои Русияро нодида мегирад
Захарова: Ғарб манфиатҳои Русияро нодида мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Ихтилофҳо бо Ғарб бинобар беэътиноӣ ба манфиатҳои Русия ба вуҷуд омадаанд. Чунин андешаро сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия изҳор дошт
2022-04-23T18:38+0500
2022-04-23T18:38+0500
2022-04-25T19:12+0500
мария захарова
сиёсат
ғарб
има
дар русия
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047797333_0:0:3321:1868_1920x0_80_0_0_7a6319df93e10c5bfaf1725875015a20.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ихтилофоти феълии Русия бо Амрико ва Аврупо дар натиҷаи нодида гирифтани манофеи амниятии Русия ба вуҷуд омадааст, гуфт Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия."Ихтилофоти феълии Русияву Амрико ва Аврупо дар натиҷаи он ба вуҷуд омадааст, ки муддати тӯлонӣ, манфиатҳои амниятии кишвари мо нодида гирифта мешуд. Ғарбиҳо қадам ба қадам механизмҳои назорати силоҳро, ки аз ҷониби чандин насли музокирон ба вуҷуд омадааст, хароб карданд. Ин як мисоли рӯшани он аст, ки чаро шиддати байналмилалӣ ба сатҳи ғайриқобили қабул расидааст", - гуфт Захарова дар мусоҳиба бо RT. Захарова афзуд, ки баргаштан ба гуфтушунид дар доираи амнияти тақсимнашавандаи Аврупо ва тартиб додани қоидаҳои ҳамзистии осоишта дар асоси принсипи эҳтироми манфиатҳои ҳамаи давлатҳои асосӣ ба манфиати ҳама аст. Ба гуфтаи вай, низоми муносибатҳои байналмилалӣ давраи дигаргунии амиқро аз сар мегузаронад. "Ҷаҳони якқутбӣ хеле пеш аз рӯйдодҳои Украина тамом шуд. Марказҳои нави қудрат дар Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши рӯзафзун доранд ва омодаанд, аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд ва талаб мекунанд, ки ба роҳи рушди худ эҳтиром гузоранд", - шарҳ дод намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия.Захарова умедворӣ кард, ки эҳсосоти Байден ҷаҳонро дучори фалокат накунадБа эътиқоди Захарова, ин ҳамбастагӣ ба Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мувофиқ нест. "Онҳо омода нестанд, ки аз мавқеи имтиёзноки худ дар арсаи ҷаҳонӣ даст кашанд ва кӯшиш мекунанд, ки раванди демократикунонии муносибатҳои байналмилалиро боздоранд ё суст кунанд", - шарҳ дод вай.
https://sputnik.tj/20220420/zakharova-rusiya-muzokirkunandagoni-ukraini-bovar-1047805793.html
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047797333_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_56ae4dd7b5c72eb5533c166ddb442cc5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб, манфиат, русия
Захарова: Ғарб манфиатҳои Русияро нодида мегирад
18:38 23.04.2022 (Навсозишуда: 19:12 25.04.2022) Ихтилофҳо бо Ғарб бинобар беэътиноӣ ба манфиатҳои Русия ба вуҷуд омадаанд. Чунин андешаро сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ихтилофоти феълии Русия бо Амрико ва Аврупо дар натиҷаи нодида гирифтани манофеи амниятии Русия ба вуҷуд омадааст, гуфт Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия.
"Ихтилофоти феълии Русияву Амрико ва Аврупо дар натиҷаи он ба вуҷуд омадааст, ки муддати тӯлонӣ, манфиатҳои амниятии кишвари мо нодида гирифта мешуд. Ғарбиҳо қадам ба қадам механизмҳои назорати силоҳро, ки аз ҷониби чандин насли музокирон ба вуҷуд омадааст, хароб карданд. Ин як мисоли рӯшани он аст, ки чаро шиддати байналмилалӣ ба сатҳи ғайриқобили қабул расидааст", - гуфт Захарова дар мусоҳиба бо RT.
Захарова афзуд, ки баргаштан ба гуфтушунид дар доираи амнияти тақсимнашавандаи Аврупо ва тартиб додани қоидаҳои ҳамзистии осоишта дар асоси принсипи эҳтироми манфиатҳои ҳамаи давлатҳои асосӣ ба манфиати ҳама аст.
Ба гуфтаи вай, низоми муносибатҳои байналмилалӣ давраи дигаргунии амиқро аз сар мегузаронад.
"Ҷаҳони якқутбӣ хеле пеш аз рӯйдодҳои Украина тамом шуд. Марказҳои нави қудрат дар Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши рӯзафзун доранд ва омодаанд, аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд ва талаб мекунанд, ки ба роҳи рушди худ эҳтиром гузоранд", - шарҳ дод намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия.
Ба эътиқоди Захарова, ин ҳамбастагӣ ба Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мувофиқ нест.
"Онҳо омода нестанд, ки аз мавқеи имтиёзноки худ дар арсаи ҷаҳонӣ даст кашанд ва кӯшиш мекунанд, ки раванди демократикунонии муносибатҳои байналмилалиро боздоранд ё суст кунанд", - шарҳ дод вай.