https://sputnik.tj/20220420/zakharova-rusiya-muzokirkunandagoni-ukraini-bovar-1047805793.html
Захарова: Русия кайҳост, ки ба музокиркунандагони украинӣ бовар надорад
Захарова: Русия кайҳост, ки ба музокиркунандагони украинӣ бовар надорад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, кишвараш кайҳост, ки ба музокиракунандагони украинӣ эътимодашро аз даст додааст
2022-04-20T17:30+0500
2022-04-20T17:30+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
мария захарова
эътимод
музокира
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_0:327:3057:2047_1920x0_80_0_0_d716176577816e4628cfcfd7bb8434b6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, кишвараш кайҳост, ба музокиракунандагони украинӣ бовар надорад."Дар мавриди музокирот, бояд гуфт, ин дархости ҷониби Украина буд, Русия ин дархостро рад накард. Сипас чун ҳамеша аз сӯйи режими Киев сирк оғоз шуд – гоҳе меоянду гоҳе не, гоҳе мехоҳанд дар музокирот иштирок кунанд гоҳе намехоҳанд ё ин ки як рӯз пеш чизе мегӯянд, ки ба натиҷаҳои гуфтушунидҳои пешин мухолифат мекунад, баъд мавқеи худро тағйир медиҳанд. Ба ин раванд Маскав омода буд? Режими Киев дар нисбати гуфтугӯҳо дар солҳои ахир ҳамин гуна рафтор мекунад", - гуфт Захарова дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24".Вай қайд кард, ки Киев ҳамеша музокиротро "ҳумчун иқдоми мунҳарифкунанда" истифода мекунад.Ёдрас менамоем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220419/lavrov-marhila-nav-amaliyot-ukraina-1047775571.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_204:0:2933:2047_1920x0_80_0_0_62ea6e908095deb1bd4e530e939426e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, музокира, боварӣ, эътимод, мария захарова, вух
русия, украина, музокира, боварӣ, эътимод, мария захарова, вух
Захарова: Русия кайҳост, ки ба музокиркунандагони украинӣ бовар надорад
17:30 20.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия гуфт, кишвараш кайҳост, ки ба музокиракунандагони украинӣ эътимод надорад
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, кишвараш кайҳост, ба музокиракунандагони украинӣ бовар надорад.
"Дар мавриди музокирот, бояд гуфт, ин дархости ҷониби Украина буд, Русия ин дархостро рад накард. Сипас чун ҳамеша аз сӯйи режими Киев сирк оғоз шуд – гоҳе меоянду гоҳе не, гоҳе мехоҳанд дар музокирот иштирок кунанд гоҳе намехоҳанд ё ин ки як рӯз пеш чизе мегӯянд, ки ба натиҷаҳои гуфтушунидҳои пешин мухолифат мекунад, баъд мавқеи худро тағйир медиҳанд. Ба ин раванд Маскав омода буд? Режими Киев дар нисбати гуфтугӯҳо дар солҳои ахир ҳамин гуна рафтор мекунад", - гуфт Захарова дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24".
Вай қайд кард, ки Киев ҳамеша музокиротро "ҳумчун иқдоми мунҳарифкунанда" истифода мекунад.
"Ин маънои онро надорад, ки касе ин раванди музокираро ҳамчун нуқтаи олии ҳуқуқи байналмилалӣ медонад ва ба нафароне, ки сари мизи музокира менишинанд, эътимод дорад. Ин ҷо ҷои "бовар кун, аммо бисанҷ" нест, эътимод ба ин музкиракунандагон кайҳост, ки вуҷуд надорад. Масъалаи аслӣ дар майдон ҳал мешавад”, - афзуд Захарова.
Ёдрас менамоем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.