https://sputnik.tj/20220404/istifodai-aslihai-qatli-om-gharb-rusiya-qurboni-1047349581.html
Истифодаи аслиҳаи қатли оми Ғарб алайҳи Русия қурбонӣ дар пай дошт
Истифодаи аслиҳаи қатли оми Ғарб алайҳи Русия қурбонӣ дар пай дошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ метарсад, Ғарб аллакай бар зидди Русия силоҳи муосири қатли омашро истифода кардааст
2022-04-04T21:40+0500
2022-04-04T21:40+0500
2022-04-04T21:40+0500
дар русия
ғарб
қатл
ҷанг
иттилоот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102313/35/1023133538_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_72696b8b082d81642dd579a820d6d5a1.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik, Давид Нармания. Шумо наметавонед худро аз он бо системаи зиддимушакӣ ва зиддиҳавоӣ муҳофизат кунед ва дар паноҳгоҳ пинҳон шавед. Аллакай аввалин қурбониён ва ҳатто гурезагон ҳастанд.Ман дар маҷмуъ ВАО ва аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро дар назар дорам.Шояд касе эътироз кунад — таблиғот дар лахзае пайдо шуд, ки инсоният сухан гуфтанро ёд гирифт ва онро ҳамчун аслиҳа дар чанги аввалин истифода кард, вақте, ки сарбозон ба сӯи якдигар фарьёд мезаданд: “ҳамдигарро ба амалҳое таҳдид мекарданд”. Ва ин албатта, ҳақиқат аст.Аммо бо рушди технология он воқеан ҳамаро фаро гирифтааст. Ёдовар мешавам, ки пайдоиши режимҳои тоталитарӣ танҳо дар асри 20 ба шарофати рушди телевизион ва радио имконпазир гардид.Акнун тасаввур кунед, ки дар асри смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ имконот барои таблиғот боз мешавад. Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон пас аз садои хоси огоҳии гирифташуда, шитобон барои дарёфти хабарҳои охирин, хондани изҳороти "пешвоёни афкор" ё мақолаҳои таҳлилии коршиносон ва ғайра шабонарӯзӣ ба кисаи худ даст мезананд.Дар ин гуна шароит хар як нафар ҳам ҳадафи комилан бемуҳофизати пропаганда аст ва хам имконоти суханварӣ дорад. Гирифтан - шинос шудан - ба дигар нафар ирсол кардан. Алгоритм хеле содда аст. Бале, ҳама чиз айнан ба коронавирус монанд аст: агар шумо сироят кунед, дигар нафарро ҳам сироят мекунед. Пандемияи русбадбинӣ ҳамин тавр паҳн мешавад."Мо бояд тамоми Русияро ба хок яксон кунем ва як Русияи нав созем" мегӯяд як барандаи машҳури телевизиони Русия, ки ба хориҷа куч бастааст."Ман барнамегардам: ман дар кишваре зиндагӣ карда наметавонам, ки бо ҳамсоягонаш ҷанг мекунад" мегӯяд собиқ мудири як корпоратсияи хеле бузурги IT, ки ба Исроил рафтааст. Ҷолиб он аст, ки фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Исроил дар он лаҳза ба зердастонашон ҳеҷ саволе надошт: "Шумо рӯзи 7 март Сурияро чӣ гуна бомбаборон кардед? Чаро касе аз ин хабар надорад? Чӣ шуд ба таблиғотчиёнӣ мо?Ана, нафароне, ки қурбони силоҳи қатли ом мебошанд."Русия дар Абхозистон, ки қаламрави онро нерӯҳои Русия ишғол кардааст, ҷанги мудҳишро оғоз кард", "гурезагон"-и бо шиносномаҳои русӣ дар Тифлис аз саҳифаҳои сомонаи The Village басташуда, зоҳиран вахшигарихои харбиён ва миллатчиёни гурҷӣ аз “Мхедриони”, ки абхазҳо нағз дар хотир доранд нодида мегирифтаанд.Августи соли 1992, Шеварднадзе фармони нақшаи “Шамшер” барои забт кардани Абхозистон дода буд. Ин ҷанг ба сари мардуми абхоз дарди сари зиёдеро ба бор овард ва онҳое, ки ҳамватанони худро барои “тафаккури мустамликавӣ” интиқод мекунанд, худ намунаи равшани он ҳастанд, ки чунин изҳорот медиҳанд.Аммо ҳатто барои ин рафтор шарҳҳо мавҷуданд.Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Русия на танҳо аз лиҳози геополитикӣ ва иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати идеологӣ низ як фалокат буд. Суқути ҷаҳонбинии коммунистиро ҳеҷ чиз иваз карда натавонист ва аз ин рӯ заминаи ҷаҳонбинии ғарбиро бо арзишҳо ва ғояҳои он, ки пас аз ҷанги сард ҳамчун ягона ва дуруст ба тамоми ҷаҳон таҳмил шуда буданд, ин ҷо замина пайдо карданд.Ин ғарқшавии тадриҷан ба фарҳанги ғарб рӯзи 24 феврал ба таври ногаҳонӣ ба поён расид. Ин на дар бораи аҳамияти ҳалкунандаи он барои Русия ҳамчун тамаддун - ин як мавзӯи алоҳида аст, ки дар давоми даҳсолаҳо омӯхта нашудааст - балки дар бораи он аст, ки чӣ гуна манобеъи хабарии ғарбӣ ва одамони машҳур ба чархофалаки ҷанги иттилоотӣ алайҳи русҳо ворид шуданд.Ин афсурдагӣ ҷомеаи Русияро, ки дар рӯзҳои аввали амалиёти вижа мушоҳида шуда буд, шарҳ медиҳад: мошини расонаҳои ғарбӣ ба фронти таблиғотӣ тир холӣ кард ва Facebook*, Twitter, Instagram* ва YouTube ба қалби русҳо аз тамоми силоҳ оташ кушоданд.Маҳз ба эҳсосот такя мешуд, зеро ҳама гуна далелҳои мантиқӣ бо далели оддитарин дар бораи он, ки чӣ гуна Украина барои нест кардани сокинони ҶМД ва ҶМЛ дар тӯли ҳашт сол ҳама чизро кардааст: аз шикасти низомӣ хурд то ба вайрон кардани созишномахои Минск зарба мезанад, ҳеҷ чизи беҳтар аз ба шӯхӣ табдил додан роҳи хубе пайдо накарданд. Ин як ҳиллаи дигари таблиғотӣ аст: агар шумо эътироз карда наметавонед, онро масхара мекунед.Табиист, ки дар ин сомонаҳо ба ҷавоби баробар додан барои Русия душвор буд, зеро қоидаҳои бозӣ аз ҷониби соҳибони онҳо муқаррар карда мешаванд. Онҳо пешбинӣ мекунанд, ки ба куштори русҳо даъват кардан мумкин аст, вале агар хабару наворҳо нашр кунед, агар дар онҳо русҳо бошанд на иҷозат нест. Мавқеи хеле мустақил, ҳамин тавр не?Telegram то ба ҳол як қаламрави нисбатан бетараф боқӣ мондааст ва дар ин ҷо бархӯрди иттилоотӣ хеле фаъол аст. Аз ҷониби Русия албатта - мудофиавӣ. Каналҳои украинӣ сохтакориҳои гуногуни ваҳшатнок паҳн мекунанд, ки бояд фош карда шаванд.Дурӯғ дар бораи талафот ва видеоҳо бо "далелҳои возеҳи ҷиноятҳои оркҳо" ва даъватҳо барои гирифтани қасос аз русҳо дар саросари ҷаҳон ва рӯйхати одамон ва ғайриинсонҳо мавҷуданд.Ҳамаи ин рад карда мешавад, аммо пайдоиши ин гуна хабарҳо аллакай ба русҳо таҳдид мекунад. Хонандаи таъсирбахш метавонад ин норинҷаки таблиғотиро гирифта, ба саҳифаҳои сӯҳбат бо хешовандон, дӯстон, ҳамкорон ва ғайра паҳн кунад.Ин ҳамон ҳолатест, ки одами шумо бо силоҳ дар дасташ аз рақиби касбӣ хатарноктар аст.Албатта, даъват кардани хонандагон аз даст кашидани шабакаҳои иҷтимоӣ соддалавҳона аст, аммо ҳадди аққал аз худ савол диҳед, ки аз он чизе, ки ҳоло ба шумо нишон дода мешавад, ба кӣ манфиат меорад. Оё шумо ақаллан як шарҳи оқилона доред, ки чаро сарбозони рус шаҳрвандони осоиштаро дар қаламравҳое, ки тарк мекунанд, тир мепаронанд? Шояд дар расонаҳои ғарбӣ тасвири боварибахш ироа карда, боз ҳам бештари мардумро зидди Русия гардонад?Бо мурури замон, сохтакориҳо боз ҳам бештар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як рус бояд ба чунин ҷанги иттилоотӣ бо масъулияти ҳадди аксар муносибат кунад. Ҳоло пеши он дар ҳар хона, дар ҳар телефони мобилӣ, дар ҳар як компютер аст. Ва мо ғайр аз ҳақиқат силоҳи дигаре надорем. Мо онро сафарбар карда, ба чанг меандозем.Дар хотир доред, ки дар ин муқовимат аз дӯсту душмани шумо кист. Кӣ ободии Русияро мехоҳад, ва кӣ - фурӯпошӣ ва хунрезӣ мехоҳад.* - Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ба унвони ширкати экстремистӣ манъ шудааст.
https://sputnik.tj/20220325/amri-lukashenko-vao-jangi-ittilooti-maghlub-1047071618.html
https://sputnik.tj/20220321/dodgoh-facebook-instagram-ifrotgaro-man-1046967381.html
https://sputnik.tj/20220404/lavrov-ighvo-bucharo-hamlai-feyk-1047346184.html
https://sputnik.tj/20220403/amriko-guft-bayden-ukraina-kumak-1047317061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102313/35/1023133538_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_121df939f48387a7e0bf817aa3f6483c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ғарб, ҷанг, иттилоот, силоҳи қатли ом, қурбонӣ
русия, ғарб, ҷанг, иттилоот, силоҳи қатли ом, қурбонӣ
Истифодаи аслиҳаи қатли оми Ғарб алайҳи Русия қурбонӣ дар пай дошт
Дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ метарсад, Ғарб аллакай бар зидди Русия силоҳи муосири қатли омашро истифода кардааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik, Давид Нармания. Шумо наметавонед худро аз он бо системаи зиддимушакӣ ва зиддиҳавоӣ муҳофизат кунед ва дар паноҳгоҳ пинҳон шавед. Аллакай аввалин қурбониён ва ҳатто гурезагон ҳастанд.
Ман дар маҷмуъ ВАО ва аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро дар назар дорам.
Шояд касе эътироз кунад — таблиғот дар лахзае пайдо шуд, ки инсоният сухан гуфтанро ёд гирифт ва онро ҳамчун аслиҳа дар чанги аввалин истифода кард, вақте, ки сарбозон ба сӯи якдигар фарьёд мезаданд: “ҳамдигарро ба амалҳое таҳдид мекарданд”. Ва ин албатта, ҳақиқат аст.
Аммо бо рушди технология он воқеан ҳамаро фаро гирифтааст. Ёдовар мешавам, ки пайдоиши режимҳои тоталитарӣ танҳо дар асри 20 ба шарофати рушди телевизион ва радио имконпазир гардид.
Акнун тасаввур кунед, ки дар асри смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ имконот барои таблиғот боз мешавад. Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон пас аз садои хоси огоҳии гирифташуда, шитобон барои дарёфти хабарҳои охирин, хондани изҳороти "пешвоёни афкор" ё мақолаҳои таҳлилии коршиносон ва ғайра шабонарӯзӣ ба кисаи худ даст мезананд.
Дар ин гуна шароит хар як нафар ҳам ҳадафи комилан бемуҳофизати пропаганда аст ва хам имконоти суханварӣ дорад. Гирифтан - шинос шудан - ба дигар нафар ирсол кардан. Алгоритм хеле содда аст. Бале, ҳама чиз айнан ба коронавирус монанд аст: агар шумо сироят кунед, дигар нафарро ҳам сироят мекунед. Пандемияи русбадбинӣ ҳамин тавр паҳн мешавад.
"Мо бояд тамоми Русияро ба хок яксон кунем ва як Русияи нав созем" мегӯяд як барандаи машҳури телевизиони Русия, ки ба хориҷа куч бастааст.
"Ман барнамегардам: ман дар кишваре зиндагӣ карда наметавонам, ки бо ҳамсоягонаш ҷанг мекунад" мегӯяд собиқ мудири як корпоратсияи хеле бузурги IT, ки ба Исроил рафтааст. Ҷолиб он аст, ки фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Исроил дар он лаҳза ба зердастонашон ҳеҷ саволе надошт: "Шумо рӯзи 7 март Сурияро чӣ гуна бомбаборон кардед? Чаро касе аз ин хабар надорад? Чӣ шуд ба таблиғотчиёнӣ мо?
Ана, нафароне, ки қурбони силоҳи қатли ом мебошанд.
"Русия дар Абхозистон, ки қаламрави онро нерӯҳои Русия ишғол кардааст, ҷанги мудҳишро оғоз кард", "гурезагон"-и бо шиносномаҳои русӣ дар Тифлис аз саҳифаҳои сомонаи The Village басташуда, зоҳиран вахшигарихои харбиён ва миллатчиёни гурҷӣ аз “Мхедриони”, ки абхазҳо нағз дар хотир доранд нодида мегирифтаанд.
Августи соли 1992, Шеварднадзе фармони нақшаи “Шамшер” барои забт кардани Абхозистон дода буд. Ин ҷанг ба сари мардуми абхоз дарди сари зиёдеро ба бор овард ва онҳое, ки ҳамватанони худро барои “тафаккури мустамликавӣ” интиқод мекунанд, худ намунаи равшани он ҳастанд, ки чунин изҳорот медиҳанд.
Аммо ҳатто барои ин рафтор шарҳҳо мавҷуданд.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Русия на танҳо аз лиҳози геополитикӣ ва иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати идеологӣ низ як фалокат буд. Суқути ҷаҳонбинии коммунистиро ҳеҷ чиз иваз карда натавонист ва аз ин рӯ заминаи ҷаҳонбинии ғарбиро бо арзишҳо ва ғояҳои он, ки пас аз ҷанги сард ҳамчун ягона ва дуруст ба тамоми ҷаҳон таҳмил шуда буданд, ин ҷо замина пайдо карданд.
Ин ғарқшавии тадриҷан ба фарҳанги ғарб рӯзи 24 феврал ба таври ногаҳонӣ ба поён расид. Ин на дар бораи аҳамияти ҳалкунандаи он барои Русия ҳамчун тамаддун - ин як мавзӯи алоҳида аст, ки дар давоми даҳсолаҳо омӯхта нашудааст - балки дар бораи он аст, ки чӣ гуна манобеъи хабарии ғарбӣ ва одамони машҳур ба чархофалаки ҷанги иттилоотӣ алайҳи русҳо ворид шуданд.
Ин афсурдагӣ ҷомеаи Русияро, ки дар рӯзҳои аввали амалиёти вижа мушоҳида шуда буд, шарҳ медиҳад: мошини расонаҳои ғарбӣ ба фронти таблиғотӣ тир холӣ кард ва Facebook*, Twitter, Instagram* ва YouTube ба қалби русҳо аз тамоми силоҳ оташ кушоданд.
Маҳз ба эҳсосот такя мешуд, зеро ҳама гуна далелҳои мантиқӣ бо далели оддитарин дар бораи он, ки чӣ гуна Украина барои нест кардани сокинони ҶМД ва ҶМЛ дар тӯли ҳашт сол ҳама чизро кардааст: аз шикасти низомӣ хурд то ба вайрон кардани созишномахои Минск зарба мезанад, ҳеҷ чизи беҳтар аз ба шӯхӣ табдил додан роҳи хубе пайдо накарданд. Ин як ҳиллаи дигари таблиғотӣ аст: агар шумо эътироз карда наметавонед, онро масхара мекунед.
Табиист, ки дар ин сомонаҳо ба ҷавоби баробар додан барои Русия душвор буд, зеро қоидаҳои бозӣ аз ҷониби соҳибони онҳо муқаррар карда мешаванд. Онҳо пешбинӣ мекунанд, ки ба куштори русҳо даъват кардан мумкин аст, вале агар хабару наворҳо нашр кунед, агар дар онҳо русҳо бошанд на иҷозат нест. Мавқеи хеле мустақил, ҳамин тавр не?
Telegram то ба ҳол як қаламрави нисбатан бетараф боқӣ мондааст ва дар ин ҷо бархӯрди иттилоотӣ хеле фаъол аст. Аз ҷониби Русия албатта - мудофиавӣ. Каналҳои украинӣ сохтакориҳои гуногуни ваҳшатнок паҳн мекунанд, ки бояд фош карда шаванд.
Дурӯғ дар бораи талафот ва видеоҳо бо "далелҳои возеҳи ҷиноятҳои оркҳо" ва даъватҳо барои гирифтани қасос аз русҳо дар саросари ҷаҳон ва рӯйхати одамон ва ғайриинсонҳо мавҷуданд.
Ҳамаи ин рад карда мешавад, аммо пайдоиши ин гуна хабарҳо аллакай ба русҳо таҳдид мекунад. Хонандаи таъсирбахш метавонад ин норинҷаки таблиғотиро гирифта, ба саҳифаҳои сӯҳбат бо хешовандон, дӯстон, ҳамкорон ва ғайра паҳн кунад.
Ин ҳамон ҳолатест, ки одами шумо бо силоҳ дар дасташ аз рақиби касбӣ хатарноктар аст.
Албатта, даъват кардани хонандагон аз даст кашидани шабакаҳои иҷтимоӣ соддалавҳона аст, аммо ҳадди аққал аз худ савол диҳед, ки аз он чизе, ки ҳоло ба шумо нишон дода мешавад, ба кӣ манфиат меорад. Оё шумо ақаллан як шарҳи оқилона доред, ки чаро сарбозони рус шаҳрвандони осоиштаро дар қаламравҳое, ки тарк мекунанд, тир мепаронанд? Шояд дар расонаҳои ғарбӣ тасвири боварибахш ироа карда, боз ҳам бештари мардумро зидди Русия гардонад?
Бо мурури замон, сохтакориҳо боз ҳам бештар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як рус бояд ба чунин ҷанги иттилоотӣ бо масъулияти ҳадди аксар муносибат кунад. Ҳоло пеши он дар ҳар хона, дар ҳар телефони мобилӣ, дар ҳар як компютер аст. Ва мо ғайр аз ҳақиқат силоҳи дигаре надорем. Мо онро сафарбар карда, ба чанг меандозем.
Дар хотир доред, ки дар ин муқовимат аз дӯсту душмани шумо кист. Кӣ ободии Русияро мехоҳад, ва кӣ - фурӯпошӣ ва хунрезӣ мехоҳад.
* - Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ба унвони ширкати экстремистӣ манъ шудааст.