https://sputnik.tj/20220403/amriko-guft-bayden-ukraina-kumak-1047317061.html
Амрико гуфт, барои чӣ Байден ба Украина кумак мекунад
Амрико гуфт, барои чӣ Байден ба Украина кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Расонаи Fox News хабар додааст, раисҷумҳури ИМА барои дастгирии Украина талош надорад, балки мехоҳад бозори энержии Амрикоро бозсозӣ кунад
2022-04-03T21:00+0500
2022-04-03T21:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
амрико
дар ҷаҳон
энержӣ
дастгирӣ
ҷо байден
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043201810_0:0:2872:1617_1920x0_80_0_0_ed3ad19eed631d16918c4a91b2761614.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кохи сафед дидаву дониста ба ҷанги Украина рӯған мерезад, то оташи ҷанг зиёдтар ва таваҷҷуҳи шаҳрвандони Амрико аз таҷдиди бозори дохилии энержӣ дур шавад.Ин андешаро муҷрии барномаи телевизионии шабакаи телевизионии "Fox News" Такер Карлсон баён кардааст.Ба гуфтаи Карлсон, тими раисҷумҳур Ҷо Байден гузариши Иёлоти Муттаҳидаро аз истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ба тавлиди энержии барқароршаванда тарҳрезӣ кардааст.Барандаи телевизион ёдовар шуд, ки чунин ислоҳот саноати Амрикоро зери хатар гузошта, боиси фақри тамоми шаҳрҳо ва инчунин вобастагии Иёлоти Муттаҳида аз таъминоти батареяҳои офтобии Чин мегардад.“Кӯмак" ба артиши Украина дар таъмини аслиҳа, таҳримҳои зидди Русия ва иттиҳом алайҳи Кремл дар болоравии нархи бензини амрикоӣ як қисми нақшаи Байден аст, ки ҳадаф аз он дигар кардани таваҷҷуҳи амрикоиҳои оддӣ аст”, - таъкид намуд рӯзноманигор.Президенти Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида мешавад.Пас аз ин Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълони мамнуияти воридоти манобеи энержӣаз Русияро эълон кард, қимати он ба суръат боло рафтааст. Тавре муовини нахуствазири Русия Александр Новак қайд кард, даст кашидан аз нафти Русия метавонад ба оқибатҳои ногуворе барои бозори ҷаҳонӣ дошта бошад ва боиси боло рафтани нархи он то 300 доллар барои як бушка нафт гардад.Рӯзи панҷшанбе Байден тасмим гирифт, ки дар давоми шаш моҳ аз захираи стратегии кишвар як миллион бушка нафт дар як рӯз ба бозор барорад. Раисҷумҳури ИМА инчунин талаб кард, истихроҷкунандагони нафт исихроҷи нафтро зиёд намоянд.
https://sputnik.tj/20220403/tramp-amriko-dahshat-iqtisod-bayden-aybdor-1047309440.html
https://sputnik.tj/20220402/lahiston-tahrim-rusiya-1047301678.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043201810_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_902a80e709a6f512f220851fe1cc00db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, таҳрим, украина, има, энержӣ, дастгирӣ
амрико, таҳрим, украина, има, энержӣ, дастгирӣ
Амрико гуфт, барои чӣ Байден ба Украина кумак мекунад
21:00 03.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Шабакаи телевизионии "Fox News" хабар додааст, раисҷумҳури ИМА барои дастгирии Украина талош намекунад, балки мехоҳад бозори энержии Амрикоро бозсозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кохи сафед дидаву дониста ба ҷанги Украина рӯған мерезад, то оташи ҷанг зиёдтар ва таваҷҷуҳи шаҳрвандони Амрико аз таҷдиди бозори дохилии энержӣ дур шавад.
Ин андешаро муҷрии барномаи телевизионии шабакаи телевизионии "Fox News" Такер Карлсон баён кардааст.
"Шумо намехоҳед иқрор шавед, ки ҳукумати шумо қасдан дарди миллионҳо шаҳрвандони Украинаро барои тасарруфи шабакаи энержии ИМА шадидтар мекунад, аммо ба назар мерасад, ҳамин аст, ки ҳоло рух дода истодааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Карлсон, тими раисҷумҳур Ҷо Байден гузариши Иёлоти Муттаҳидаро аз истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ба тавлиди энержии барқароршаванда тарҳрезӣ кардааст.
Барандаи телевизион ёдовар шуд, ки чунин ислоҳот саноати Амрикоро зери хатар гузошта, боиси фақри тамоми шаҳрҳо ва инчунин вобастагии Иёлоти Муттаҳида аз таъминоти батареяҳои офтобии Чин мегардад.
“Кӯмак" ба артиши Украина дар таъмини аслиҳа, таҳримҳои зидди Русия ва иттиҳом алайҳи Кремл дар болоравии нархи бензини амрикоӣ як қисми нақшаи Байден аст, ки ҳадаф аз он дигар кардани таваҷҷуҳи амрикоиҳои оддӣ аст”, - таъкид намуд рӯзноманигор.
Президенти Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида мешавад.
Пас аз ин Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълони мамнуияти воридоти манобеи энержӣаз Русияро эълон кард, қимати он ба суръат боло рафтааст. Тавре муовини нахуствазири Русия Александр Новак қайд кард, даст кашидан аз нафти Русия метавонад ба оқибатҳои ногуворе барои бозори ҷаҳонӣ дошта бошад ва боиси боло рафтани нархи он то 300 доллар барои як бушка нафт гардад.
Рӯзи панҷшанбе Байден тасмим гирифт, ки дар давоми шаш моҳ аз захираи стратегии кишвар як миллион бушка нафт дар як рӯз ба бозор барорад. Раисҷумҳури ИМА инчунин талаб кард, истихроҷкунандагони нафт исихроҷи нафтро зиёд намоянд.