https://sputnik.tj/20220325/amri-lukashenko-vao-jangi-ittilooti-maghlub-1047071618.html
Амри Лукашенко: ВАО дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашавад!
Амри Лукашенко: ВАО дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашавад!
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Беларус Васоити ахбори оммдаи кишварашро амр кард, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашаванд
2022-03-25T17:00+0500
2022-03-25T17:00+0500
2022-03-25T20:16+0500
беларус
александр лукашенко
ҷанг
иттилоотӣ
мағлубият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350356_0:0:1892:1065_1920x0_80_0_0_09b2b3a4e1a713d7a7481666b08df48d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, расонаҳои кишвар набояд дар ҷанги иттилоотие, ки ба зеҳни мардум таъсир мегузоранд, мағлуб шаванд.Роҳбари давлат қайд кард, ки ҳоло дар ҷаҳон барои тафаккури мардумон ва ояндаи кӯдакон ҷанги густурдаи иттилоотӣ идома дорад."Шумо мебинед, ки онҳо (Ғарб) ба муқобили мо чӣ қадар дағалона мубориза мебаранд. Мансабдорони Маскаву Минскро дар тамоми ҷаҳон таҳқир мекунанд. Ҳатто аз Шарп (идеологи амрикоии “инқилобҳои ранга”) ва Геббелсро ҳам гузаронданд”, - гуфт Лукашенко.Бояд гуфт, Ғарб нисбати роҳбарони Русия ва Беларус таҳримҳо ҷорӣ кард ва аз роҳбарони ин кишварҳо аждаҳо метарошанд. Таҳримҳо баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина оғоз шуданд.Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.
https://sputnik.tj/20220325/turkiya-sarmo-erdughon-tahrim-rusiya-1047070953.html
https://sputnik.tj/20220325/narishkin-ukraina-rusiya-oyanda-1047066871.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350356_216:0:1865:1237_1920x0_80_0_0_e282619f501c151b58d8782ed3a95273.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукошенко, беларус, русия, ҷанги иттилоотӣ, мағлуб
лукошенко, беларус, русия, ҷанги иттилоотӣ, мағлуб
Амри Лукашенко: ВАО дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашавад!
17:00 25.03.2022 (Навсозишуда: 20:16 25.03.2022) Раисҷумҳури Беларус ба васоити ахбори оммдаи кишвараш амр кард, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашаванд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, расонаҳои кишвар набояд дар ҷанги иттилоотие, ки ба зеҳни мардум таъсир мегузоранд, мағлуб шаванд.
"Мо наметавонем дар ин ҷанг мағлуб шавем. Мо мавқеи хуб дорем, аз ин рӯ набояд ин мавқеъро аз даст диҳем ва иштибоҳҳои бузург кунем", - гуфт Лукашенко дар нишасте дар бораи ВАО иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Беларус.
Роҳбари давлат қайд кард, ки ҳоло дар ҷаҳон барои тафаккури мардумон ва ояндаи кӯдакон ҷанги густурдаи иттилоотӣ идома дорад.
"Шумо мебинед, ки онҳо (Ғарб) ба муқобили мо чӣ қадар дағалона мубориза мебаранд. Мансабдорони Маскаву Минскро дар тамоми ҷаҳон таҳқир мекунанд. Ҳатто аз Шарп (идеологи амрикоии “инқилобҳои ранга”) ва Геббелсро ҳам гузаронданд”, - гуфт Лукашенко.
Бояд гуфт, Ғарб нисбати роҳбарони Русия ва Беларус таҳримҳо ҷорӣ кард ва аз роҳбарони ин кишварҳо аждаҳо метарошанд. Таҳримҳо баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина оғоз шуданд.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.