https://sputnik.tj/20220404/lavrov-ighvo-bucharo-hamlai-feyk-1047346184.html
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия иғво атрофи шаҳри Бучаро боз як ҳамлаи сохта хонд
2022-04-04T19:40+0500
2022-04-04T19:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
видео
сергей лавров
фейк
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047345162_21:0:1310:725_1920x0_80_0_0_c4b44be4c93db6d021c635d8e4781bf4.png
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия вазъ дар атрофи шаҳри Бучаи Украинаро як ҳамлаи сохтаи навбатӣ хонд ва гуфт, ки дар он ҷо саҳнасозӣ шудааст.Лавров дар мулоқот бо муовини дабири кулли СММ дар умури кӯмакҳои башардӯстона Мартин Гриффитс гуфт: “Рӯзи дигар дар шаҳри Бучаи вилояти Киев пас аз тарки нерӯҳои Русия аз он ҷо, тибқи нақша, як ҳамлаи сохтакоришуда сурат гирифт”.Ба гуфтаи ӯ, “пас аз чанд рӯз дар он ҷо як саҳнасозие шуд, ки тавассути тамоми расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби намояндагони Украина ва сарпарастони ғарбии онҳо паҳн карда мешавад".Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навореро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.Лавров гуфт, иғво дар Буча бо ҳадафҳои зидди Русия истифода мешавадВазорати дифои Русия изҳор дошт, ки ҳама аксҳо ва матолиби видеоии нашркардаи режими Киев, ки гӯё аз як навъ “ҷиноят”-и низомиёни Русия дар шаҳри Бучаи вилояти Киев шаҳодат медиҳанд, “як иғвои навбатӣ” аст.Тавре Вазорати дифоъ қайд кард, дар замони ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин шаҳрак, ҳеч сокини маҳаллӣ аз амали хушунатомез осеб надидааст. Вазорат қайд кард, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март Бучаро комилан тарк карданд.Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, Русия ҳама гуна иттиҳомоти даст доштан дар марги сокинони Бучаро комилан рад ва аз раҳбарони байналмилалӣ талаб мекунад, ки ба иттиҳомоти густурда алайҳи Русия шитоб накунанд, балки ба далелҳои Маскав гӯш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои Русия мавзуи иғво дар Бучаро дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳанд кард.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047345162_182:0:1149:725_1920x0_80_0_0_ad1a1144fafa136fdab8b03f23839c32.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, иғво, видео, буча, украина, ҳамла
сергей лавров, иғво, видео, буча, украина, ҳамла
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
19:40 04.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири хориҷаи Русия иғво атрофи шаҳри Бучаро боз як ҳамлаи сохта хонд
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия вазъ дар атрофи шаҳри Бучаи Украинаро як ҳамлаи сохтаи навбатӣ хонд ва гуфт, ки дар он ҷо саҳнасозӣ шудааст.
Лавров дар мулоқот бо муовини дабири кулли СММ дар умури кӯмакҳои башардӯстона Мартин Гриффитс гуфт: “Рӯзи дигар дар шаҳри Бучаи вилояти Киев пас аз тарки нерӯҳои Русия аз он ҷо, тибқи нақша, як ҳамлаи сохтакоришуда сурат гирифт”.
Ба гуфтаи ӯ, “пас аз чанд рӯз дар он ҷо як саҳнасозие шуд, ки тавассути тамоми расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби намояндагони Украина ва сарпарастони ғарбии онҳо паҳн карда мешавад".
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навореро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки ҳама аксҳо ва матолиби видеоии нашркардаи режими Киев, ки гӯё аз як навъ “ҷиноят”-и низомиёни Русия дар шаҳри Бучаи вилояти Киев шаҳодат медиҳанд, “як иғвои навбатӣ” аст.
Тавре Вазорати дифоъ қайд кард, дар замони ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин шаҳрак, ҳеч сокини маҳаллӣ аз амали хушунатомез осеб надидааст. Вазорат қайд кард, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март Бучаро комилан тарк карданд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, Русия ҳама гуна иттиҳомоти даст доштан дар марги сокинони Бучаро комилан рад ва аз раҳбарони байналмилалӣ талаб мекунад, ки ба иттиҳомоти густурда алайҳи Русия шитоб накунанд, балки ба далелҳои Маскав гӯш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои Русия мавзуи иғво дар Бучаро дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳанд кард.