https://sputnik.tj/20220328/bitkoin-tahrimho-gharb-kriptoasor-dodugirift-1047134513.html
Бо биткойн бар зидди таҳримҳо. Оё метавон бо Ғарб бо криптоасъор додугирифт кард?
Бо биткойн бар зидди таҳримҳо. Оё метавон бо Ғарб бо криптоасъор додугирифт кард?
Sputnik Тоҷикистон
Амалиётҳо бо криптоасъор ба низоми доллар вобаста нест ва бонкҳо имкон надоранд технологияи blockchain-ро пайгирӣ кунанд
2022-03-28T17:00+0500
2022-03-28T17:00+0500
2022-03-28T17:42+0500
дар русия
қурби асъор
пул
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_eb074752a96be3dab8fa62d621f0bfb9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Дмитрий Ермаков, Дарья Зеленская. Эрон чиҳил сол боз зери таҳримҳо ба сар мебарад ва ба шарофати қонунигардонии биткойн бомуваффақият молҳои воридотӣ мехарад. Ҷои дуюм дар истеҳсоли криптоаъсор Қазоқистон аст. Аммо дар Русия ин соҳа танзим карда нашудааст ва рубли рақамӣ ҳанӯз дар марҳилаи санҷиш аст. Ояндаи ин шакли пулро РИА "Новости" баррасӣ кардааст.Бидуни иртибот бо долларТаҳлилгарони ғарбӣ бар ин назаранд, ки барои ҷилавгирӣ аз тафтиш ва масдудшавӣ созмонҳои Русия метавонанд аз дороиҳои рақамӣ истифода намояд. Дар баробари ин муаллифони тадқиқот, барои мисол, "The New York Times", рубли рақамиро низ криптоасъор меноманд. Майкл Паркер, ҳуқуқшиноси ширкати "Ferrari & Associates" дар Вашингтон мегӯяд: "Соддалавҳона аст, ки Русия ин нақшаро пешбинӣ накардааст".Барои самаранок будани маҳдудиятҳо низоми молии зери назорати давлат зарур аст. Ташкилотҳои қарзӣ дар ин масъала нақши муҳимтаринро мебозанд: онҳо мебинанд, ки маблағҳо аз куҷо меоянд ва ба куҷо мераванд. Қонунҳои мубориза бо пулшӯӣ аз бонкҳо талаб мекунанд, ки муомилот бо шахсони муҷозотшударо масдуд кунанд ва дар бораи талоши муомилот ба мақомот хабар диҳанд.Аммо криптоасъор фаъол аст, дар сурате ки агар берун аз сохторҳои молӣ ҳам набошад, балки дар баробари он истифода шавад. Аслан он чизе, ки ба Русия ҳоло лозим аст, пайдо кардани роҳҳои тиҷорат бидуни вобастагӣ ба низоми доллар аст. Савдои криптоасъор чунин имкониятро фароҳам меорад. Дар ҳоле ки транзаксияҳо дар "blockchain" сабт мешаванд, онҳоро шаффоф мегардонанд, технологияҳои рақамӣ метавонанд як қисми занҷирро пинҳон кунанд. Ин ба шахсони ҳуқуқии Ғарб имкон медиҳад, ки бо шахсони Русия пинҳонӣ тиҷорат намоянд.Баъзе кишварҳо аллакай ин усулро аз худ кардаанд. Мақомоти ИМА ва Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ мекунанд, ки Эрон ва Кореяи Шимолӣ пули рақамиро барои сабук кардани таъсири таҳримҳои Ғарб истифода кардаанд. Гузашта аз ин "The New York Times" дар истинод ба гузориши СММ, иддао мекунад, Пхенян аз барномаҳои ҳаккерӣ барои дуздидани криптоасъор барои маблағгузории барномаи ҳастаии худ истифода кардааст.Ҳамаи ин ба шарофати қонунигардонии тиҷорати криптоасъор дар худи давлатҳо имконпазир гардид. Аз соли 2015 онҳо ба додани иҷозатномаҳо барои тиҷорати биткойн шуруъ карданд. Аз он лаҳза то имрӯз шумораи асъорҳои рақамӣ дар ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тибқи гузориши "Crypto.com", дар миёнаҳои соли гузашта 220 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба хиридуфурӯши криптоасъор машғуланд.Музди кор бо биткойнДар соли 2021, "Elliptic", як ширкати машваратӣ, ки дар соҳаи молияи крипто-молия ва таҳлили блокчейн машғул аст, гузориш дод, Эрон даромади истихроҷи биткойнро барои ҷуброн кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ дар фурӯши нафт истифода мекунад.Дар соли 2018 криптоасъор дар ин кишвар аз тарси хуруҷи сармоя аз кишвар манъ карда шуд, аммо базудӣ боз қонунӣ шуд. Маркази таҳлилии назди президент ҳисоб кардааст, ки аз истихроҷи маъдан метавонад дар як сол 700 миллион даромад гираду ҷойҳои корӣ эҷод кунад.Ба криптомайнерҳои эронӣ иҷозатномаи давлатӣ ва тахфиф барои нерӯи барқ дода мешавад. Аммо онҳо бояд тамоми криптоасъорро ба давлат супоранд. Дар баробари ин, маоши расмӣ бо биткойнҳо гирифта мешавад. Вале агар бидуни иҷозатнома фаъолият намоӣ, ҷарима хоҳӣ шуд. Масалан, бархе ҷойҳои майнинг ба таври ғайриқонунӣ ҳатто дар масҷидҳо кушода шуданд.Бо вуҷуди ин аз далели сарборӣ ба шабакаи барқ, майнинг дар Эрон давра ба давра манъ карда мешавад, ки чунки даромад аз криптоасъор ноустувор аст. "Elliptic" тахмин мезанад, ки дар ибтидои соли 2020 ба Эрон тақрибан 4,5% биткойни тавлидшуда дар ҷаҳон рост меояд, ки бо қурби он вақт тақрибан як миллиард долларро ташкил медод.Дар сатҳи давлатӣ низ риёли рақамӣ таҳия мешавад ва дар соли 2019 раисҷумҳури пешин Ҳасани Рӯҳонӣ пешниҳод карда буд, ки кишварҳои мусалмонӣ бояд пули ягонаи электронӣ эҷод кунанд, то "аз вобастагии доллар халос шаванд". Аммо ҳич як аз ин пешниҳодҳо аз ҳарф ба воқеият табдил нашуданд.Эҳсон Ғозизода, мудири кулли биржаи криптоасъори "Exchange Iran", дар суҳбат бо нашрияи профилии "Cointelegraph" иқрор шуд, ки санҷиши риёли рақамӣ метавонад дар давоми як сол анҷом ёбад. На ҳама бонкҳои эронӣ криптоасъорро як воситаи муносиб барои тиҷорати байналмилалӣ медонанд. Аммо ба гуфтаи Ғозизода, он метавонад як риёли рақамии мутамаркиз бошад.Азбаски ин шакли пул имконияти муомилоти молиявиро васеъ мекунад, бонкҳои марказии бисёре аз кишварҳо дар ин самт рушд мекунанд.Нуҳ кишвар, асосан Амрикои Лотинӣ аллакай пули рақамии худро роҳандозӣ кардаанд. Дуруст, на ҳама чиз аз зиндагии хуб ба вуҷуд омадааст. Масалан, дар Салвадор се миллион нафар аз биткойн истифода мекунан, вале аксарияти аҳолӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд. Дар Чин озмоиши юани рақамӣ ба охир расид, оғози роҳандозии он метавонад дар рӯзҳои наздик сурат гирад.Мақомоти Қазоқистон "мурғи тилоиро мебуранд"Русия бо кишваре ҳамсарҳад аст, ки соли гузашта дар ҷаҳон ҷои дуюмро дар тавлиди криптоасъор гирифта буд. Қазоқистонро дар назар дорем. Чунин мавқеъҳо бо ду сабаб ба даст омадаанд: ворид шудани майнерҳои чинӣ ба бозор ва паст будани нархи нерӯи барқ. Масалан, дар Нурсултон як киловатт барқ дар як соат ҳамагӣ 0,92 рубл арзиш дорад. Барои муқоиса: дар Маскав арзонтарин нархи шабонарӯзӣ 2,69 рубл аст.Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи миллии саноати блокчейн ва маркази маълумот, бозигарони қонунии бозор ҳамасола ба иқтисоди Қазоқистон 227 миллион доллар ворид мекунанд. Ҳамин қадар маблағ боз аз майнерҳо ворид мегардад. Сергей Путра, ноиби раиси ассотсиатсия мегӯяд: "Агар истифодаи расмӣ 800 мегаватт нерӯи барқро ташкил диҳад, пас майнинг 1,3 гигаваттро ташкил медиҳад".Тамоми низоми электрикии Қазоқистон бо нерӯи ҳаддиаксарӣ дар ҳоли фаъолият аст. Зиёда аз 60 дарсади шабакаҳо тамоман фарсуда шудаанд. Сарбории изофӣ ба онҳо ғайримустақим боиси садамаи моҳи январ шуда буд - на танҳо Қазоқистон, балки Қирғизистону Ӯзбекистон низ чанд соат бебарқ монданд. Пас аз он баъзе соҳибони майнинг тасмим гирифтанд, ки тиҷорати худро ба кишвари дигар интиқол диҳанд.Бо вуҷуди ин барои соҳибкорон нигоҳ доштани марказҳои майнинг дар Қазоқистон аллакай фоидаовар нест. Дар соли 2022 ҳукумат андози истихроҷи биткоинҳоро даҳ баробар афзоиш дод, то 1,77 рубл барои барои киловатт. "Дар акси ҳол маълум мешавад, ки мо дар ҷаҳон дар ҷои дувум ҳастем ва амалан даромади молиро намебинем", - гуфт раҳбари ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев.Дар ҳамин ҳол Путра мутмаин аст, ки андозбандии худсарона боиси суқути ин соҳа мешавад: “Дар чунин шароит рушд кардан ғайриимкон аст, мо кӯшиш мекунем, мавқеамонро ба ҳукумат расонем, аммо онҳо моро намешунаванд. Танҳо як далел аст: ба мо барои буҷа пули бештар лозим аст, дар асл ин мисли куштани мурғест, ки тухми тилоӣ медиҳад". Вай бар ин назар аст, ки мақомот бояд бо соҳибони марказҳои майнингӣ гуфтугӯ кунанд, на ин ки яктарафа тасмим бигиранд.Моҳи феврал мақомоти Қазоқистон алайҳи майнингҳо ҷанг эълон карданд. Дар саросари ин кишвар санҷишҳои оммавӣ дар суроғаҳое, ки истеъмоли нерӯи барқ аз 202 мегаватт зиёд буд, оғоз шуд. Зиёда аз 50 фермаи майнинг фаъолияташро баст, таҷҳизотро ба дигар кишварҳо бурданд. Дар шикор шаҳрвандони оддӣ низ метавонанд ширкат кунанд. Ассотсиатсияи миллии саноати блокчейн ва марказҳои майнинг барои маълумот дар бораи ҷойгиршавиашон аз 4000 то 30000 рубл мукофот пешниҳод кард."Тартиб лозим аст. Агар ҳама чиз мувофиқи қоидаҳои ягона кор кунад, саноат пешгӯишаванда ва пешгӯинашаванда мешавад. Ва албатта, як миқдори манфии аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ аз байн хоҳад рафт", - шарҳ медиҳад Путра.Дар Қазоқистон нерӯи барқ нисбат ба баъзе минтақаҳои ИМА, Канада ва кишварҳои Скандинавия болотар аст. Аммо агар сиёсати мақомот дар умури пурзӯр кардани назорат аз болои конканҳо тағйир наёбад, онҳо метавонанд давлатҳои дигарро барои тиҷорат интихоб кунанд.Бонки марказӣ мухолиф астДар Русия мақоми ҳуқуқии криптоасъорҳо пурра муқаррар нашудааст. Соли гузашта Қонуни федералии 259-ФЗ "Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ ва пули рақамӣ дар Русия" эътибор пайдо кард. Ҳамин тариқ криптоасъор ғайриқонунӣ ҳисобида намешавад. Аммо дар хуҷҷат бисёр нозукиҳо баён карда нашудаанд. Анатолий Аксаков, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар бозори молия гуфт, дар соли 2021 русҳо ба ин гуна дороиҳо ҳудуди панҷ триллион рубл сармоягузорӣ кардаанд. Гузашта аз ин ба андешаи ӯ, бисёре аз корбарон тахассуси молиявӣ надоранд.Дар аввали соли 2022 раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина ба истифодаи инфрасохтори Русия барои тиҷорати криптоасъор муқобил баромад ва тавсия дод, ки истихроҷи дороиҳои рақамӣ ҷиноят эълон шавад. Вазорати молия бо пешниҳоди муқобил вокуниш нишон дод: муомилот бо криптоасъор комилан қонунӣ карда шавад ва роҳҳо дар ворид намудани тағйирот ба қонунгузории соҳа фароҳам оварда шавад.Бо вуҷуди ин новобаста аз он ки онҳо дар Русия чӣ қарор қабул мекунанд, криптоасъор ҳамчун воситаи молиявӣ дар асл дар хатар аст."Як камбудии умумиро ба назар гирифтан лозим аст: қурб хеле якбора тағйир меёбад, зеро он танҳо ба эътимоди корбарон вобаста аст. Қурби пули фиатро бонкҳои марказӣ муқаррар мекунанд, ки метавонанд онҳоро ислоҳ кунанд. Ин маънои онро дорад, ки хатар аз талафоти калони молӣ аз тафовути қурби асъор вуҷуд дорад”, - таъкид мекунад иқтисоддон Леонид Хазанов.Вай инчунин хотиррасон мекунад, ки терминалҳои мавҷудаи пардохт бо криптоасъор кор намекунанд. Ба ҳамин хотир камбудиҳои техникӣ вуҷуд дорад. Бояд гуфт, иваз намудани криптоасъор ба пули ҳақиқӣ осон нест: дар пойтахт нуқтаҳои мубодилаи асъор хеле каманд.
https://sputnik.tj/20220328/putin-muhlat-furush-gaz-rubl-1047122594.html
https://sputnik.tj/20220324/siyosatmadori-rus-rusiya-gaz-rubl-1047040174.html
https://sputnik.tj/20220323/kharidufurushi-naft-rubl-1047027359.html
https://sputnik.tj/20220323/putin-avrupo-pul-gaz-rusiya-rubl-1047022049.html
https://sputnik.tj/20220323/chin-nishona-oghoz-suqut-dollar-ishora-1047010107.html
https://sputnik.tj/20220316/lavrov-naqsh-dollar-siyosat-vashington-kohish-1046843464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_434:0:3165:2048_1920x0_80_0_0_8a943c6de62e5134d6d4b3f00ae26ff6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
биткойн, пул, криптоасъор, асъор, доллар, амалиёт, русия
биткойн, пул, криптоасъор, асъор, доллар, амалиёт, русия
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Дмитрий Ермаков, Дарья Зеленская. Эрон чиҳил сол боз зери таҳримҳо ба сар мебарад ва ба шарофати қонунигардонии биткойн бомуваффақият молҳои воридотӣ мехарад. Ҷои дуюм дар истеҳсоли криптоаъсор Қазоқистон аст. Аммо дар Русия ин соҳа танзим карда нашудааст ва рубли рақамӣ ҳанӯз дар марҳилаи санҷиш аст. Ояндаи ин шакли пулро РИА "Новости" баррасӣ кардааст.
Таҳлилгарони ғарбӣ бар ин назаранд, ки барои ҷилавгирӣ аз тафтиш ва масдудшавӣ созмонҳои Русия метавонанд аз дороиҳои рақамӣ истифода намояд. Дар баробари ин муаллифони тадқиқот, барои мисол, "The New York Times", рубли рақамиро низ криптоасъор меноманд. Майкл Паркер, ҳуқуқшиноси ширкати "Ferrari & Associates" дар Вашингтон мегӯяд: "Соддалавҳона аст, ки Русия ин нақшаро пешбинӣ накардааст".
Барои самаранок будани маҳдудиятҳо низоми молии зери назорати давлат зарур аст. Ташкилотҳои қарзӣ дар ин масъала нақши муҳимтаринро мебозанд: онҳо мебинанд, ки маблағҳо аз куҷо меоянд ва ба куҷо мераванд. Қонунҳои мубориза бо пулшӯӣ аз бонкҳо талаб мекунанд, ки муомилот бо шахсони муҷозотшударо масдуд кунанд ва дар бораи талоши муомилот ба мақомот хабар диҳанд.
Аммо криптоасъор фаъол аст, дар сурате ки агар берун аз сохторҳои молӣ ҳам набошад, балки дар баробари он истифода шавад. Аслан он чизе, ки ба Русия ҳоло лозим аст, пайдо кардани роҳҳои тиҷорат бидуни вобастагӣ ба низоми доллар аст. Савдои криптоасъор чунин имкониятро фароҳам меорад. Дар ҳоле ки транзаксияҳо дар "blockchain" сабт мешаванд, онҳоро шаффоф мегардонанд, технологияҳои рақамӣ метавонанд як қисми занҷирро пинҳон кунанд. Ин ба шахсони ҳуқуқии Ғарб имкон медиҳад, ки бо шахсони Русия пинҳонӣ тиҷорат намоянд.
Баъзе кишварҳо аллакай ин усулро аз худ кардаанд. Мақомоти ИМА ва Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ мекунанд, ки Эрон ва Кореяи Шимолӣ пули рақамиро барои сабук кардани таъсири таҳримҳои Ғарб истифода кардаанд. Гузашта аз ин "The New York Times" дар истинод ба гузориши СММ, иддао мекунад, Пхенян аз барномаҳои ҳаккерӣ барои дуздидани криптоасъор барои маблағгузории барномаи ҳастаии худ истифода кардааст.
Ҳамаи ин ба шарофати қонунигардонии тиҷорати криптоасъор дар худи давлатҳо имконпазир гардид. Аз соли 2015 онҳо ба додани иҷозатномаҳо барои тиҷорати биткойн шуруъ карданд. Аз он лаҳза то имрӯз шумораи асъорҳои рақамӣ дар ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тибқи гузориши "Crypto.com", дар миёнаҳои соли гузашта 220 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба хиридуфурӯши криптоасъор машғуланд.
Дар соли 2021, "Elliptic", як ширкати машваратӣ, ки дар соҳаи молияи крипто-молия ва таҳлили блокчейн машғул аст, гузориш дод, Эрон даромади истихроҷи биткойнро барои ҷуброн кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ дар фурӯши нафт истифода мекунад.
Дар соли 2018 криптоасъор дар ин кишвар аз тарси хуруҷи сармоя аз кишвар манъ карда шуд, аммо базудӣ боз қонунӣ шуд. Маркази таҳлилии назди президент ҳисоб кардааст, ки аз истихроҷи маъдан метавонад дар як сол 700 миллион даромад гираду ҷойҳои корӣ эҷод кунад.
Ба криптомайнерҳои эронӣ иҷозатномаи давлатӣ ва тахфиф барои нерӯи барқ дода мешавад. Аммо онҳо бояд тамоми криптоасъорро ба давлат супоранд. Дар баробари ин, маоши расмӣ бо биткойнҳо гирифта мешавад. Вале агар бидуни иҷозатнома фаъолият намоӣ, ҷарима хоҳӣ шуд. Масалан, бархе ҷойҳои майнинг ба таври ғайриқонунӣ ҳатто дар масҷидҳо кушода шуданд.
Бо вуҷуди ин аз далели сарборӣ ба шабакаи барқ, майнинг дар Эрон давра ба давра манъ карда мешавад, ки чунки даромад аз криптоасъор ноустувор аст. "Elliptic" тахмин мезанад, ки дар ибтидои соли 2020 ба Эрон тақрибан 4,5% биткойни тавлидшуда дар ҷаҳон рост меояд, ки бо қурби он вақт тақрибан як миллиард долларро ташкил медод.
Дар сатҳи давлатӣ низ риёли рақамӣ таҳия мешавад ва дар соли 2019 раисҷумҳури пешин Ҳасани Рӯҳонӣ пешниҳод карда буд, ки кишварҳои мусалмонӣ бояд пули ягонаи электронӣ эҷод кунанд, то "аз вобастагии доллар халос шаванд". Аммо ҳич як аз ин пешниҳодҳо аз ҳарф ба воқеият табдил нашуданд.
Эҳсон Ғозизода, мудири кулли биржаи криптоасъори "Exchange Iran", дар суҳбат бо нашрияи профилии "Cointelegraph" иқрор шуд, ки санҷиши риёли рақамӣ метавонад дар давоми як сол анҷом ёбад. На ҳама бонкҳои эронӣ криптоасъорро як воситаи муносиб барои тиҷорати байналмилалӣ медонанд. Аммо ба гуфтаи Ғозизода, он метавонад як риёли рақамии мутамаркиз бошад.
Азбаски ин шакли пул имконияти муомилоти молиявиро васеъ мекунад, бонкҳои марказии бисёре аз кишварҳо дар ин самт рушд мекунанд.
Нуҳ кишвар, асосан Амрикои Лотинӣ аллакай пули рақамии худро роҳандозӣ кардаанд. Дуруст, на ҳама чиз аз зиндагии хуб ба вуҷуд омадааст. Масалан, дар Салвадор се миллион нафар аз биткойн истифода мекунан, вале аксарияти аҳолӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд. Дар Чин озмоиши юани рақамӣ ба охир расид, оғози роҳандозии он метавонад дар рӯзҳои наздик сурат гирад.
Мақомоти Қазоқистон "мурғи тилоиро мебуранд"
Русия бо кишваре ҳамсарҳад аст, ки соли гузашта дар ҷаҳон ҷои дуюмро дар тавлиди криптоасъор гирифта буд. Қазоқистонро дар назар дорем. Чунин мавқеъҳо бо ду сабаб ба даст омадаанд: ворид шудани майнерҳои чинӣ ба бозор ва паст будани нархи нерӯи барқ. Масалан, дар Нурсултон як киловатт барқ дар як соат ҳамагӣ 0,92 рубл арзиш дорад. Барои муқоиса: дар Маскав арзонтарин нархи шабонарӯзӣ 2,69 рубл аст.
Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи миллии саноати блокчейн ва маркази маълумот, бозигарони қонунии бозор ҳамасола ба иқтисоди Қазоқистон 227 миллион доллар ворид мекунанд. Ҳамин қадар маблағ боз аз майнерҳо ворид мегардад. Сергей Путра, ноиби раиси ассотсиатсия мегӯяд: "Агар истифодаи расмӣ 800 мегаватт нерӯи барқро ташкил диҳад, пас майнинг 1,3 гигаваттро ташкил медиҳад".
Тамоми низоми электрикии Қазоқистон бо нерӯи ҳаддиаксарӣ дар ҳоли фаъолият аст. Зиёда аз 60 дарсади шабакаҳо тамоман фарсуда шудаанд. Сарбории изофӣ ба онҳо ғайримустақим боиси садамаи моҳи январ шуда буд - на танҳо Қазоқистон, балки Қирғизистону Ӯзбекистон низ чанд соат бебарқ монданд. Пас аз он баъзе соҳибони майнинг тасмим гирифтанд, ки тиҷорати худро ба кишвари дигар интиқол диҳанд.
Бо вуҷуди ин барои соҳибкорон нигоҳ доштани марказҳои майнинг дар Қазоқистон аллакай фоидаовар нест. Дар соли 2022 ҳукумат андози истихроҷи биткоинҳоро даҳ баробар афзоиш дод, то 1,77 рубл барои барои киловатт. "Дар акси ҳол маълум мешавад, ки мо дар ҷаҳон дар ҷои дувум ҳастем ва амалан даромади молиро намебинем", - гуфт раҳбари ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев.
Дар ҳамин ҳол Путра мутмаин аст, ки андозбандии худсарона боиси суқути ин соҳа мешавад: “Дар чунин шароит рушд кардан ғайриимкон аст, мо кӯшиш мекунем, мавқеамонро ба ҳукумат расонем, аммо онҳо моро намешунаванд. Танҳо як далел аст: ба мо барои буҷа пули бештар лозим аст, дар асл ин мисли куштани мурғест, ки тухми тилоӣ медиҳад". Вай бар ин назар аст, ки мақомот бояд бо соҳибони марказҳои майнингӣ гуфтугӯ кунанд, на ин ки яктарафа тасмим бигиранд.
Моҳи феврал мақомоти Қазоқистон алайҳи майнингҳо ҷанг эълон карданд. Дар саросари ин кишвар санҷишҳои оммавӣ дар суроғаҳое, ки истеъмоли нерӯи барқ аз 202 мегаватт зиёд буд, оғоз шуд. Зиёда аз 50 фермаи майнинг фаъолияташро баст, таҷҳизотро ба дигар кишварҳо бурданд. Дар шикор шаҳрвандони оддӣ низ метавонанд ширкат кунанд. Ассотсиатсияи миллии саноати блокчейн ва марказҳои майнинг барои маълумот дар бораи ҷойгиршавиашон аз 4000 то 30000 рубл мукофот пешниҳод кард.
"Тартиб лозим аст. Агар ҳама чиз мувофиқи қоидаҳои ягона кор кунад, саноат пешгӯишаванда ва пешгӯинашаванда мешавад. Ва албатта, як миқдори манфии аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ аз байн хоҳад рафт", - шарҳ медиҳад Путра.
Дар Қазоқистон нерӯи барқ нисбат ба баъзе минтақаҳои ИМА, Канада ва кишварҳои Скандинавия болотар аст. Аммо агар сиёсати мақомот дар умури пурзӯр кардани назорат аз болои конканҳо тағйир наёбад, онҳо метавонанд давлатҳои дигарро барои тиҷорат интихоб кунанд.
Бонки марказӣ мухолиф аст
Дар Русия мақоми ҳуқуқии криптоасъорҳо пурра муқаррар нашудааст. Соли гузашта Қонуни федералии 259-ФЗ "Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ ва пули рақамӣ дар Русия" эътибор пайдо кард. Ҳамин тариқ криптоасъор ғайриқонунӣ ҳисобида намешавад. Аммо дар хуҷҷат бисёр нозукиҳо баён карда нашудаанд. Анатолий Аксаков, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар бозори молия гуфт, дар соли 2021 русҳо ба ин гуна дороиҳо ҳудуди панҷ триллион рубл сармоягузорӣ кардаанд. Гузашта аз ин ба андешаи ӯ, бисёре аз корбарон тахассуси молиявӣ надоранд.
Дар аввали соли 2022 раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина ба истифодаи инфрасохтори Русия барои тиҷорати криптоасъор муқобил баромад ва тавсия дод, ки истихроҷи дороиҳои рақамӣ ҷиноят эълон шавад. Вазорати молия бо пешниҳоди муқобил вокуниш нишон дод: муомилот бо криптоасъор комилан қонунӣ карда шавад ва роҳҳо дар ворид намудани тағйирот ба қонунгузории соҳа фароҳам оварда шавад.
Бо вуҷуди ин новобаста аз он ки онҳо дар Русия чӣ қарор қабул мекунанд, криптоасъор ҳамчун воситаи молиявӣ дар асл дар хатар аст.
"Як камбудии умумиро ба назар гирифтан лозим аст: қурб хеле якбора тағйир меёбад, зеро он танҳо ба эътимоди корбарон вобаста аст. Қурби пули фиатро бонкҳои марказӣ муқаррар мекунанд, ки метавонанд онҳоро ислоҳ кунанд. Ин маънои онро дорад, ки хатар аз талафоти калони молӣ аз тафовути қурби асъор вуҷуд дорад”, - таъкид мекунад иқтисоддон Леонид Хазанов.
Вай инчунин хотиррасон мекунад, ки терминалҳои мавҷудаи пардохт бо криптоасъор кор намекунанд. Ба ҳамин хотир камбудиҳои техникӣ вуҷуд дорад. Бояд гуфт, иваз намудани криптоасъор ба пули ҳақиқӣ осон нест: дар пойтахт нуқтаҳои мубодилаи асъор хеле каманд.