https://sputnik.tj/20220323/putin-avrupo-pul-gaz-rusiya-rubl-1047022049.html
Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад
Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази интиқолшуда бо рубл сурат гирад
2022-03-23T19:30+0500
2022-03-23T19:30+0500
2022-03-23T19:30+0500
дар русия
аврупо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1b63c9980e3d2881fc52434804529c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Қарор қабул шуд, ки гази содиршуда ба Аврупо ҳарчи зудтар бо рубл пардохт шавад. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли раисҷумҳури Русия Владимир Путин хабар додааст.Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад.Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд. Путин тавзеҳ додааст, Русия газро тибқи ҳаҷм ва принсипҳои нархгузорие, ки дар қарордодҳо зикр шудаанд, интиқол медиҳад, аммо пули пардохтӣ тағйир хоҳад ёфт. Дар пасманзари изҳороти Путин арзиши доллар ҳангоми муомилот дар биржаи Маскав рӯзи 23 март аз 100 рубл поин рафт.
https://sputnik.tj/20220308/novak-payomad-ima-avrupo-naft-gaz-rusiya-1046624565.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd819a7e26a1e69b7e3255148f50e495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин аврупо газ рубл
Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад
Раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази содиршуда бо рубл пардохт шавад
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Қарор қабул шуд, ки гази содиршуда ба Аврупо ҳарчи зудтар бо рубл пардохт шавад. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли раисҷумҳури Русия Владимир Путин хабар додааст.
Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.
Путин тавзеҳ додааст, Русия газро тибқи ҳаҷм ва принсипҳои нархгузорие, ки дар қарордодҳо зикр шудаанд, интиқол медиҳад, аммо пули пардохтӣ тағйир хоҳад ёфт.
Дар пасманзари изҳороти Путин арзиши доллар ҳангоми муомилот дар биржаи Маскав рӯзи 23 март аз 100 рубл поин рафт.