https://sputnik.tj/20220328/putin-muhlat-furush-gaz-rubl-1047122594.html
Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирад
Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия ба мақомоти дахлдори кишвар муҳлат додаст, ки чораҳоро барои ҳисоббаробаркуниҳои фурӯши газ бо рубли русӣ амалӣ созанд
2022-03-28T13:10+0500
2022-03-28T13:10+0500
2022-03-28T13:58+0500
дар русия
энергетика
владимир путин
газ
фурӯш
рубл
"газпром"
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_e7e957c7893e489dde710cad049f6166.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба кабинаи вазирон, Бонки марказӣ ва "Газпром" то 31 март муҳлат дод, ки фурӯши газро аз асъори хориҷӣ ба пули миллӣ гузаронанд, хабар дод Кремл. Ба иттилои манбаъ, фурӯши газ бо рубл барои кишварҳое сурат мегирад, ки дохили феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия мебошанд. Президенти Русия санаи гузориш дар ин бораро 31 март муқаррар карда, масъулинро муваззаф намудаст, ки минбаъд ҳар моҳ ҳисоботро дар ин бора пешниҳод намоянд. Путин ахиран аз тасмимаш барои фурӯши гази Русия бо пули миллии кишвар хабар дода буд. "Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.Александр Новак, муовини нахуствазири Русия дар зимн изҳор дошт, ки эътимоди тиҷорати нафт бо доллар ва евро бинобар таҳримҳо коста мегардад ва дар оянда харидуфурӯш бояд аз тариқи пулҳои миллӣ сурат гирад. Новак ба хабарнигорон гуфт, вай ба дурнамои гузаштани шарикони хориҷӣ ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули кишвари содиркунанда ё воридкунанда назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ низ ба ин бояд таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.“Асъор дар шакли доллар ё евро имрӯз ба қадре эътимоднок нест. Мо мебинем, ки маҳдудият вуҷуд дорад ва ин эътимод ба ин асъорҳоро коста мекунад. Дар оянда мо бояд тиҷоратро бештар бо пулҳои миллӣ анҷом диҳем. Ин имкон медиҳад, ки эътимоди бештарро таъмин намоем”, - гуфт муовини сарвазир.Маврид ба зикр аст, ки Русия аз таъминкунандаҳои аслии кишварҳои аврупоӣ бо газ ва нафт мебошад. Кишварҳои ғарбӣ дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд, ки шомили бахши энержӣ, молия, саноат ва дигар соҳаҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20220325/hushdori-vazorati-khorijai-rusiya-gazu-nafti-1047085421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_01306ad98b8f1c00edf21fbe8ae4c7ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, путин, рубл, газ
Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирад
13:10 28.03.2022 (Навсозишуда: 13:58 28.03.2022) Президенти Русия то охири март барои гузарондани фурӯши газ бо рубли русӣ муҳлат дода, таъкид намудаст, ки минбаъд ҳар моҳ дар ин хусус ба ӯ гузориш диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба кабинаи вазирон, Бонки марказӣ ва "Газпром" то 31 март муҳлат дод, ки фурӯши газро аз асъори хориҷӣ ба пули миллӣ гузаронанд, хабар дод Кремл.
Ба иттилои манбаъ, фурӯши газ бо рубл барои кишварҳое сурат мегирад, ки дохили феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия мебошанд.
"Ҳукумат бо Бонки марказӣ ва "Газпром" чораҳо барои иваз кардани асъори пардохтӣ барои интиқоли газ ба рублро амалӣ кунад. Ин иқдом нисбати кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳое амалӣ мешаванд, ки алайҳи Русия маҳдудият ҷорӣ кардаанд", - омадааст дар иттилоия.
Президенти Русия санаи гузориш дар ин бораро 31 март муқаррар карда, масъулинро муваззаф намудаст, ки минбаъд ҳар моҳ ҳисоботро дар ин бора пешниҳод намоянд.
Путин ахиран аз тасмимаш барои фурӯши гази Русия бо пули миллии кишвар хабар дода буд.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Александр Новак, муовини нахуствазири Русия дар зимн изҳор дошт, ки эътимоди тиҷорати нафт бо доллар ва евро бинобар таҳримҳо коста мегардад ва дар оянда харидуфурӯш бояд аз тариқи пулҳои миллӣ сурат гирад.
Новак ба хабарнигорон гуфт, вай ба дурнамои гузаштани шарикони хориҷӣ ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули кишвари содиркунанда ё воридкунанда назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ низ ба ин бояд таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
“Асъор дар шакли доллар ё евро имрӯз ба қадре эътимоднок нест. Мо мебинем, ки маҳдудият вуҷуд дорад ва ин эътимод ба ин асъорҳоро коста мекунад. Дар оянда мо бояд тиҷоратро бештар бо пулҳои миллӣ анҷом диҳем. Ин имкон медиҳад, ки эътимоди бештарро таъмин намоем”, - гуфт муовини сарвазир.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз таъминкунандаҳои аслии кишварҳои аврупоӣ бо газ ва нафт мебошад. Кишварҳои ғарбӣ дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд, ки шомили бахши энержӣ, молия, саноат ва дигар соҳаҳо мебошад.