https://sputnik.tj/20220323/chin-nishona-oghoz-suqut-dollar-ishora-1047010107.html
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар аз Чин дар бораи нақши асъори амрикоӣ дар заминаи қабули модели тиҷорт бо пули миллӣ аз ҷониби кишварҳои бузург гуфт
2022-03-23T13:14+0500
2022-03-23T13:14+0500
2022-03-23T13:26+0500
дар ҷаҳон
чин
амрико
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045766967_0:131:1280:851_1920x0_80_0_0_351c9711ff175a0a5d09453326c39a5a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи қарордодҳои нафту гази Арабистони Саудӣ ва Русия, ки бо пули миллии кишварҳои харидор анҷом дода мешаванд, метавонанд ба мавқеъҳои устувори доллари ИМА зарбаи сахте шаванд.Ин андешаро Чжан Югуй, декани факултаи молия ва тиҷорати байналмилалии Донишгоҳи Шанхай дар мақолае дар нашрияи чинии "Huanqiu Shibao" баён кардааст.Ба гуфтаи ин коршинос, пас аз нашри иттилоъ дар расонаҳо дар бораи нақшаҳои истифодаи юан аз тарафи Арабистони Саудӣ барои муомилоти нафтӣ бо Чин ва музокироти Русияву Ҳинд дар бораи эҷоди як механизми пардохти рубли русӣ афкори умум дар Ғарб тағйир кард. Ӯ гуфт, даромади солонаи "Saudi Aramco" беш аз 350 миллиард доллар мебошад. Гузариши чунин як бозигари асосӣ аз доллар ба юан ҳангоми тиҷорат бо Пекин ба бозори ҷаҳонии савдои энержӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.Коршинос ҳамчунин ба бархе аз пажуҳишҳо ишора кард, ки собит мекунанд, барои пуле, ки битавонад ба унвони пули бартари байналмилалӣ эътироф шавад, тақрибан 100 сол лозим аст.Дар ояндаи кутоҳ, ба фикри Югуй, проблемаи асосии асъори амрикоӣ афзоиши хароҷоти нигоҳ доштани системаи ҳозираи ИМА хоҳад шуд. Коҳиши нисбии қудрати миллӣ ҳоло ба Вашингтон имкон намедиҳад, ки афзалиятҳои бозигарони асосии кишварҳои Ховари Миёнаро қонеъ кунад.Ба гуфтаи Югуй, наздиктар ба миёнаҳои асри 21, иқтисоди Амрико дигар аз ҳама муҳимтарин нахоҳад буд, дар натиҷа марказҳои нави қудрати пулӣ пайдо мешаванд.
https://sputnik.tj/20220316/lavrov-naqsh-dollar-siyosat-vashington-kohish-1046843464.html
чин
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045766967_111:0:1246:851_1920x0_80_0_0_e7d13e1ce4b456294c92a411b2c209f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин доллар суқут
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
13:14 23.03.2022 (Навсозишуда: 13:26 23.03.2022) Таҳлилгаре аз Чин дар бораи нақши асъори амрикоӣ дар заминаи қабули модели тиҷорат бо пули миллӣ аз ҷониби кишварҳои бузург гуфт
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи қарордодҳои нафту гази Арабистони Саудӣ ва Русия, ки бо пули миллии кишварҳои харидор анҷом дода мешаванд, метавонанд ба мавқеъҳои устувори доллари ИМА зарбаи сахте шаванд.
Ин андешаро Чжан Югуй, декани факултаи молия ва тиҷорати байналмилалии Донишгоҳи Шанхай дар мақолае дар нашрияи чинии "Huanqiu Shibao" баён кардааст.
Ба гуфтаи ин коршинос, пас аз нашри иттилоъ дар расонаҳо дар бораи нақшаҳои истифодаи юан аз тарафи Арабистони Саудӣ барои муомилоти нафтӣ бо Чин ва музокироти Русияву Ҳинд дар бораи эҷоди як механизми пардохти рубли русӣ афкори умум дар Ғарб тағйир кард.
Ӯ гуфт, даромади солонаи "Saudi Aramco" беш аз 350 миллиард доллар мебошад. Гузариши чунин як бозигари асосӣ аз доллар ба юан ҳангоми тиҷорат бо Пекин ба бозори ҷаҳонии савдои энержӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
"Ин як таркиши воқеӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин гуна пешгӯиҳо дар расонаҳои ғарбӣ бештар ба озмоишҳои сигналии қаблан омодашуда шабоҳат доранд", - мегӯяд таҳлилгар.
Коршинос ҳамчунин ба бархе аз пажуҳишҳо ишора кард, ки собит мекунанд, барои пуле, ки битавонад ба унвони пули бартари байналмилалӣ эътироф шавад, тақрибан 100 сол лозим аст.
Дар ояндаи кутоҳ, ба фикри Югуй, проблемаи асосии асъори амрикоӣ афзоиши хароҷоти нигоҳ доштани системаи ҳозираи ИМА хоҳад шуд. Коҳиши нисбии қудрати миллӣ ҳоло ба Вашингтон имкон намедиҳад, ки афзалиятҳои бозигарони асосии кишварҳои Ховари Миёнаро қонеъ кунад.
Ба гуфтаи Югуй, наздиктар ба миёнаҳои асри 21, иқтисоди Амрико дигар аз ҳама муҳимтарин нахоҳад буд, дар натиҷа марказҳои нави қудрати пулӣ пайдо мешаванд.