Барои оила рафту аз баҳраш гузашт. Чаро муҳоҷират бархе занони тоҷикро бешавҳар кард?

© SputnikЖенщины в национальной одежде
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Ҷои пинҳон кардан нест, ки кор дар Русия барои бисёре аз сокинони Тоҷикистон имкониятҳоеро фаро овард: хона, мошин, оростани тӯй, маълумоти олӣ, тиҷорат ва ғайра. Аммо кам нестанд ҳолатҳое, ки аз асари манфии муҳоҷират дар ҷомеаи мо ҳикоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 мар-Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар соли 2009 тадқоқоте анҷом дод, ки нишондодҳои он ҳайратоваранд: аз 230 ҳазор то 288 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҳамсаронашон ҷудо гардиданд ё “гум шуданд”.
Солҳои охир шикояти занони тоҷик аз бедарак шудани шавҳарони муҳоҷирашон ва ё зани дигар гирифтани онҳо кам ба гӯш намерасанд.
Ҳарчанд бархе коршиносон ин равандро як падидаи маъмулӣ медонанд, ки дар пайи густариши муҳоҷират ба миён омадааст, қисматҳои шикастаи занони тоҷик такондиҳанда аст.
Sputnik Тоҷикистон чунучарои ин мушкилии хонаводаҳои муҳоҷиронро баррасӣ кард.

Дар Маскав ишқи нокомашро ёфтааст

“Шавҳарам вақте аз осотонаи хонаам мебаромад, дар ишора ба панҷоҳоям ваъда дод, ки ҳамагӣ пас аз 7 моҳ тамоми мушкилоти молиашро ҳал карда, ба наздам бармегардад”, - ба ёд меоварад Гурдофариди 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Преподаватель пишет на доске в классе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард
Аммо интизориҳои ман хато баромаданд. Ӯ пас аз 7 моҳи рафтанаш, на танҳо мувофиқи ваъдааш барнагашт, балки “гум” шуд.
“Баъди чанд вақт бо равон кардани як акси якҷояи худу маъшуқааш ба ман хабар дод, ки “ишқи ноком”-ашро пайдо кардааст”, - қисса мекунад бо алам ин зан.

Зани рус гирифтаву фарзанддор шудааст

Муҳаббат, бонуи 39-солаи сокини Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, волидонаш ҷавонеро хуш карда, ӯро ба шавҳар доданд.
Баъди тӯй маълум шуд, ки домод кор намекардааст. Пас аз таваллуди се фарзанд шавҳари Муҳаббат роҳи Русияро пеш гирифт.
“Шавҳарам аввалҳо кор наёфт, сипас каме кор карда, маблағ равон менамуд. Баъди андаке аввал маблағҳояш ва сипас худаш “гум” шуд”, – мегӯяд вай.
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд
Муҳаббат ҳамакнун солҳост, ки бо се писараш бори рӯзгорро худаш мекашад.
“Писари калониам тобистон, баъди дарсҳо ғишт рехта, мефурӯшад. Ман ба бозор баромадам, савдо мекунам”, - мегӯяд вай.
“Боре дар бозор будам, ки ҳамсинфамро дидам. Ӯ ба ман нақл кард, ки ҳамсарам зани рус гирифтаву соҳиби фарзанд шудааст”, - меафзояд Муҳаббат.

"Гуфтам, ки биё, хуб зиндагӣ кунем, ҷавобамро дод"

“13 сол мешавад, ки бо шавҳарам зиндагӣ мекунам. Чор фарзандро тарбия мекунем. Шавҳарам чандин сол аст, барои кор ба Русия сафар мекунад. Дар ду сол як бор барои як моҳ ба Тоҷикистон меояд. Аммо ман то ҳол фаҳмида наметавонам, ки ӯ дар Русия чӣ кор мекунад. Зеро оиларо таъмин намекунад”, - шикоят мекунад Руқияи 37-сола аз шаҳри Душанбе.
Ӯ дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳр зарф мешӯяд. Ҳар рӯз 70-сомонӣ музд мегирад ва ин маблағ танҳо барои хариди хӯрока мерасаду халос.
“Аз ҳама аламовараш ин аст, ки муносибатҳои шавҳарамро дар Русия бо занҳои бегона шунидам. Телефонаш пур аз суҳбатҳои ошиқона бо чанд зан, аксҳои якоҷоя. Боз ба картаи онҳо пул равон мекардааст. Ман бошам, аз ҳар ҷиҳат сарфа мекунам, либоси куҳнаи дигаронро мепӯшам, ба духтур нарафта, бо гиёҳ табобат мегирам”, - шикоят мекунад ӯ бо алам.
Руқия вақте аз шавҳараш хоҳиш кардааст, ки ниҳоят зиндагиашонро ба танзим дароварад, аз пайи фарзандон ва оила шавад, шавҳар “ҷавобашро додааст”.
“Гуфтам, биёед, мисли ҳама зиндагии обод кунем, гуфт, “рав, аз ту ҳам, аз фарзандонат ҳам безорам”,- аз гиря гӯлугир шуда, нақл мекунад ин зан.

Чилу ду зан ба кумита муроҷиат карданд

Садоқат Рустам, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 дар маҷмуъ ҳудуди 42 зан ба кумита бо чунин мушкилӣ муроҷиат карданд.
Хонум Садоқат мегӯяд, кумита аз ҷониби худ маҷмуи кӯмакҳоеро ба чунин занон мерасонад.
Ба гуфтаи вай, занон пеш аз ҳама бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилаашон ба кумита муроҷиат карданд.
 Мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург Чернейко Дмитрий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Мақомоти тоҷику рус шеваи ҷазби коргарони муҳоҷир ба Русияро баррасӣ карданд
“Мо бо ҳамкорӣ бо вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ ва маориф бо мақсади таъмини онҳо бо ҷои кор, шуғлу ҳунар ва эҷоди иттиҳод дар миёни аъзои хонаводаҳо, барои таълим гирифтани фарзандонашон онҳоро кӯмак кардем”, - қайд мекунад вай.
Ҳамчунин шикояткунандаҳо метавонанд дар озмуни грантҳои президентӣ иштирок карда, касбу кор ё тиҷорати худро ривоҷ бахшанд.

Танҳо муроҷиат кунанд, қонун онҳоро ҳифз мекунад

Зуҳро Муборова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор кард, ки қонунгузории Тоҷикистон пурра дар ин гуна ҳолатҳо занонро ҳимоят мекунад.
Онҳо имкониятҳои зиёд доранд, ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд: аз ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани мард то маскун шудану талаб кардани алимент барои худ.
“Зан метавонад то сесола шудани фарзандаш барои худаш ва то 18-солагӣ барои фарзандаш алимент талат кунад”, - меафзояд Зуҳро Муборова.
Хонум Зуҳро мегӯяд, дар ин гуна ҳолатҳо ғайр аз қонунгузорӣ ташкилотҳои ғайридавлатие низ ҳастанд, ки бевосита бо чунин қишри осебпазири ҷомеа кор мекунанд.
Ҳамчунин байни Тоҷикистон ва Русия ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки мушкилоти ҳуқуқиро осон мекунанд.
“Конвенсияи Минск ва Конвенсияи Кишинёв ҳаст. Он дар бораи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ мебошад. Зан дар асоси он метавонад ба мақомоти судӣ дар Тоҷикистон ё Русия муроҷиат кунанд”,- қайд мекунад вай.

Тавони таъмини як занро надоранду зани дувум мегиранд

Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ мегӯяд, ҳарчанд зани дувум гирифтан аз ҳуқуқи мардон мебошад, ки ислом ба онҳо додааст, мушкилии чунин мардон дар он аст, ки онҳо иқтидори таъмини як занро надоранд.
“Мардҳои мо барои зани худаш маскану либом надорад, кӯдаконаш тарбияву таълими пурра намегиранд, дар ҳоле ки шариат ӯро вазифадор кардааст, ки ин ҳамаро таъмин кунад”,- таъкид мекунад вай.
Ӯ таъкид мекунад, ки бо талоқ мард наметавонад аз дигар уҳдадориҳояш гурезад.
“Мард бо ин роҳ аз риштаи ақди никоҳи диние, ки баста буданд, танҳо аз ҳамон метавонад фирор кунад, на аз ҳуқуқҳои зан. Аз ҷумла ӯ масъули фарзандони ноболиғаш аст”, - мегӯяд вай.

Онҳо ба зангирӣ омода набуданд

Ҳамчунин домулло таъкид мекунад, ки мувофиқи ҳадиси паёмбар (с), мардони муҳоҷир бояд як ҳушдори уламои исломро ба назар гиранд: муҳлати дурӣ аз ҳамсар аз 4 то 6 моҳ аст. Мард дар ин муддат кӯшиш кунад, ки ё ба назди ҳамсараш баргардад ё ҳамсарашро ба наздаш даъват кунад.
Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик бошад, сабаби аслии рӯй додани чунин ҳолатҳоро на ба авҷ гирифтани раванди муҳоҷират, балки ба омода набудани ҳамсарон ба оиладорӣ рабт медиҳад.
“Онҳо мардоне ҳастанд, ки масъулияти зандориро намешиносанд, падару модарашон зан додаанд, аз нигоҳи иҷтимоӣ, моддӣ, ҳатто равонӣ ба оилодор шудан тайёр набуданд”, - таъкид мекунад хонум Давлатова.
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск
Аммо ӯ меафзояд, дар ҳолати муҳоҷир шудани марде, ки масъулияти оиладориро намешиносад, эҳтимоли аз ҳам пошидани ин оилаҳо дучанд мешавад.
“Ӯ аз хонавода дур аст, меҳр намерасад, волидонаш дар бараш нестанд ва ҳазорҳо сабабҳои дигарро метавон пайдо кард, ки аз пайи зани дигаре шавад”, - меафзояд коршинос.
Ба қавли вай, бор кардани тамоми “гуноҳ” ба сари муҳоҷират хатост – фосила барои оилаҳои қавӣ имтиҳонест, ки онҳоро аз ҳам намепошад. На ҳамаи мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсару фарзандони дар Ватанмондаашон мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0