https://sputnik.tj/20220224/halokat-muhojir-sukhtor-krasnoyarsk-1046193439.html
Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск
Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки маҷрӯҳшудагон ва фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд
2022-02-24T10:12+0500
2022-02-24T10:12+0500
2022-02-24T16:32+0500
муҳоҷират
дар русия
сӯхтор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_0:90:2859:1698_1920x0_80_0_0_ced1dd0048f7c7958b681112f812289e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асари як сӯхтор дар ноҳияи Курагинскии Красноярск чаҳор нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Сарраёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, хабари сӯхтори се вагони чӯбӣ, ки муҳоҷирон дар он мезистанд, соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ ба онҳо расид.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки се маҷруҳи дигар дар бемористони ноҳияи Курагинская бистарӣ шудаанд.Тибқи маълумоти муқаддамотии додситонӣ, маҷруҳон ва ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Додситонӣ аз оғози тафтишот дар ин хусус хабар дод.Дар Сарраёсати вилоятии Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марг аз хунукназарӣ хабар доданд. Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати ТоҷикистонТахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ, беэҳтиётӣ дар робита ба истифода аз оташ будааст.Тибқи маълумоти муқаддамотии тафтишот, фавтидагон ва маҷруҳшудагон кормандони ташкилоти пудратчии ҶДММ "ArkStoun", ки ба таъмири роҳҳо машғул аст, будаанд. Қаблан дар вилояти Иркутск афроди ношинос як макони зисти муҳоҷиронро оташ зада буданд, ки дар он ду муҳоҷир ҷон бохтанд.Ҳамзамон дар пайи сӯхтор панҷ тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_239:0:2620:1786_1920x0_80_0_0_2f968d0023daf7a698ff196e61ed7f68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат муҳоҷир сӯхтор красноярск
ҳалокат муҳоҷир сӯхтор красноярск
Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск
10:12 24.02.2022 (Навсозишуда: 16:32 24.02.2022) Гуфта мешавад, ки маҷруҳон ва фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асари як сӯхтор дар ноҳияи Курагинскии Красноярск чаҳор нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Сарраёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, хабари сӯхтори се вагони чӯбӣ, ки муҳоҷирон дар он мезистанд, соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ ба онҳо расид.
"Дар натиҷаи сӯхтор 4 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки се маҷруҳи дигар дар бемористони ноҳияи Курагинская бистарӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти муқаддамотии додситонӣ, маҷруҳон ва ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Додситонӣ аз оғози тафтишот дар ин хусус хабар дод.
Дар Сарраёсати вилоятии Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марг аз хунукназарӣ хабар доданд.
Тахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ, беэҳтиётӣ дар робита ба истифода аз оташ будааст.
Тибқи маълумоти муқаддамотии тафтишот, фавтидагон ва маҷруҳшудагон кормандони ташкилоти пудратчии ҶДММ "ArkStoun", ки ба таъмири роҳҳо машғул аст, будаанд.
Қаблан дар вилояти Иркутск афроди ношинос як макони зисти муҳоҷиронро оташ зада буданд, ки дар он ду муҳоҷир ҷон бохтанд.
Ҳамзамон дар пайи сӯхтор панҷ тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.