Мақомоти тоҷику рус шеваи ҷазби коргарони муҳоҷир ба Русияро баррасӣ карданд

© Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург Чернейко Дмитрий
 Мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербург Чернейко Дмитрий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ва Русия раванди ирсоли дастҷамъии коргарони муҳоҷири тоҷик ба Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарби кишвари дувумиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар зимни баргузории мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнати кишвар бо Чернейко Дмитрий Семёнович, раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт-Петербург ирсоли дастҷамъии коргарони муҳоҷири тоҷик ба Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарби кишвари дувумӣ баррасӣ шудааст.
Ба гузориши намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, кафолатҳои ҳуқуқии онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ аз дигар мавзуоти матраҳ дар ин дидор будаанд.
Ин дидори мақомоти тоҷику рус дар зимни баргузории шашумин ҳамоиши байналмилалии меҳнат дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар идомаи мулоқот ҷонибҳо бо роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷавонону донишҷӯёни фаъоли тоҷик вохӯрӣ барпо намуданд.
Лентаи хабарҳо
0