https://sputnik.tj/20220216/yovon-omuzgor-muhojir-rais-nohiya-mushkil-1045951574.html
Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард
Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд
2022-02-16T21:00+0500
2022-02-16T21:00+0500
2024-02-07T17:24+0500
дар тоҷикистон
ёвон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061559675_0:163:3060:1884_1920x0_80_0_0_9c1e0d56888ed8929703e69714bf4c2a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон давоми як соли гузашта ҳудуди 86 муаллим тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.Ин нуктаро раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард ва аз муҳоҷир шуддани омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуд.Аммо сомонаи Фараж бо такя ба манобеи худ менависад, аз мактабҳои ноҳияи Ёвон дар соли сипаришуда 311 омӯзгор тарки кор намуда, аз ин миён 241 нафар ба Русия муҳоҷир шуданд.Дар нишасти мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ ҳузур дошта ва ӯ илова кардааст, ки феълан муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд.Зимнан раиси ноҳия иллати асосии ба муҳоҷират рафтани муаллимонро ба кам будани маоши онҳо пайванд додааст.Ӯ гуфтааст, омодааст, омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад.Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.
https://sputnik.tj/20220214/norasoi-harakat-saidzoda-tark-kasb-omuzgoron-1045839000.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061559675_166:0:2895:2047_1920x0_80_0_0_2f7eb23121dd52dd4c19619a842d8a00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ёвон омӯзгор муҳоҷир
Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард
21:00 16.02.2022 (Навсозишуда: 17:24 07.02.2024) Ҳоло муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон давоми як соли гузашта ҳудуди 86 муаллим тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.
Ин нуктаро раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард ва аз муҳоҷир шуддани омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуд.
Аммо сомонаи Фараж бо такя ба манобеи худ менависад, аз мактабҳои ноҳияи Ёвон дар соли сипаришуда 311 омӯзгор тарки кор намуда, аз ин миён 241 нафар ба Русия муҳоҷир шуданд.
Дар нишасти мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ ҳузур дошта ва ӯ илова кардааст, ки феълан муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд.
Зимнан раиси ноҳия иллати асосии ба муҳоҷират рафтани муаллимонро ба кам будани маоши онҳо пайванд додааст.
Ӯ гуфтааст, омодааст, омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.
"Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.