Ҳушдори Новак аз пайомадҳои даст кашидани ИМА ва Аврупо аз нафту гази Русия

© Sputnik / Ramil Sitdikov / Гузариш ба медиабонкМинистр энергетики РФ Александр Новак
Министр энергетики РФ Александр Новак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Ноиби сарвазири Русия гуфт, чанд дарсади талаботи Аврупоро бо нафту газ Маскав таъмин мекунаду дар сурати даст кашидан аз он чӣ пайомадҳое ба бор хоҳад овард
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Александр Новак, ноиби саразири Русия мегӯяд, аз 500 млрд. метри мукааби газ, ки Аврупо истифода мекунад, 40%-ашро Маскав таъмин мекунад.
Новак дар суҳбат бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки Русия тайи даҳсолаҳо сарфи назар аз ҳама мушкилот шарики муътамад буд ва тамоми созишҳоро иҷро мекард. Вай афзуд, ки феълан низ "Газпром" тамоми уҳдадориҳои газияшро дар Аврупо амалӣ месозад.
Аз ҷумла зикр гардид, ки интиқоли газ аз тариқи қаламрави Украина то 109 млн. метри мукааб афзоиш дода шуд, ки муодили тақрибан 40 млрд. метри мукааб дар як сол мебошад.
Вай ҳамчунин аз мушоҳидаи фишор болои тоҷирон, ширкатҳои нақлиётӣ ва бонкҳо гуфт, то аз хариди нафту маҳсулоти нафтии Русия даст кашанд. Ноиби сарвазир изҳор дошт, ки дар сурати худдории Аврупо ва ИМА Русия барои молаш бозор пайдо карда метавонад.
Ӯ ҳамчунин аз ҷаҳиши нарх дар Амрикову Аврупо дар сурати даст кашидани ин кишварҳо аз нафту гази Русия ҳушдор дод.

"Рӯшан аст, ки худдорӣ аз нафти русиягӣ пайомадҳои фаҷеъ дар бозори ҷаҳонӣ дорад. Ҷаҳиши нархҳо пешгӯинашаванда хоҳад буд, беш аз 300 доллар барои як бушка, агар беш аз он нашавад", - таъкид намуд Новак.

Зикр шуд, ки барои пайдо намудани ҷойгузини маҳсулоти Русия на як сол зарур меояд ва аз ҳама беш дар чунин сурат шаҳрвандони оддӣ азоб хоҳанд кашид.
Ба гуфтаи ноиби сарвазир, интиқоли нафту маҳсулоти он аз Русия феълан барои бозори Аврупо аз ҳама осон аст, чун инфрасохтори муосири интиқоли нафту логистикаи баҳрии хуб фароҳам аст.
Дар пасманзари боздоштани "Маҷрои шимолӣ-2" Новак изҳор дошт, ки Маскав метавонад чораҳои ҷавобӣ андешад.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Медведев ҳамкорони аврупоиашро бо болоравии рекордии нархи газ табрик кард
"Мо тамоми ҳақро барои чораҳои ҷавобӣ дорему метавонем маҳдудиятро дар лӯлаи гази "Маҷлои шимолӣ-1" роҳандозӣ кунем, ки феълан бо 100%-и зарфияташ кор бурда мешавад", - изҳор дошт сиёсатмадор.
Дар зимн мақомдори Русия изҳор дошт, ки чунин раванди ҳаводис аз эҳтимол дур аст, дар ҳоле ки он ба фоидаи ҳич тарафе нест.
Муовини сарвазир ҳамчунин аз омодасозии фитна дар нисбати низоми интиқоли газ дар қаламрави Украина хабар дод.
"Тибқи маълумоти расида, моҷарое дар мавриди низоми интиқоли газ дар Украина омода шуда истодааст. Қаблан таъкид месозам, ки ин хатарнок буда, Русия дар он манфиатдор нест. Мо тамоми талошамонро мекунем, ки ба ин роҳ надиҳем", - афзуд ӯ.
Сиёсатмадор таъкид намуд, ки ахбори беасос ҳамчунин атрофи гӯиё ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Запарож паҳн шуда истодаанд. Нерӯҳои Русия ба корхонаҳо ҳамла намекунанд, балки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони украинӣ барои таъмини амнияти минтақа талош менамоянд. Вай такрор намуд, ки Русия ба ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаӣ ҳич иртиботе надорад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Зеленский эътирофи Қриму Донбассро қобили баррасӣ хонд
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0