https://sputnik.tj/20220307/medvedev-avrupo-gaz-tabrik-1046613252.html
Медведев ҳамкорони аврупоиашро бо болоравии рекордии нархи газ табрик кард
Медведев ҳамкорони аврупоиашро бо болоравии рекордии нархи газ табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия баъд аз болоравии нархи газ Иттиҳодияи Аврупоро бо ҳимояи пурқудрат аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” табрик кард
2022-03-07T21:00+0500
2022-03-07T21:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
аврупо
нарх
газ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_0:205:2915:1844_1920x0_80_0_0_c0360aaa8ef04303e420cf435c6f2aab.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амният болоравии рекордии қимати газ дар Аврупоро шарҳ дод ва аз мақомдорони Ғарб дар мавриди қатъи иҷозатномадиҳии лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ-2” изҳори назар кард.Чанде пеш фючерсҳои газ дар моҳи апрел, тибқи шохиси TTF, аз 2400 доллар барои як метри мукааб ба 3900 доллар боло рафта, дар ҳамин ҳол нархи ҳисоббаробаркуниҳо дар рӯзи ҷумъа 2170 долларро ташкил дод.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220307/avrupo-narkhi-gaz-3800-dollar-shud-1046607285.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_ea14dc3b6ec0fbb8b14e587a38df93f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, газ, дмитрий медведев, табрикот, нарх
русия, газ, дмитрий медведев, табрикот, нарх
Медведев ҳамкорони аврупоиашро бо болоравии рекордии нархи газ табрик кард
21:00 07.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия баъд аз болоравии нархи газ Иттиҳодияи Аврупоро бо ҳимояи пурқудрат аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” табрик кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амният болоравии рекордии қимати газ дар Аврупоро шарҳ дод ва аз мақомдорони Ғарб дар мавриди қатъи иҷозатномадиҳии лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ-2” изҳори назар кард.
“Ман танҳо метавонам ҳамкасбони аврупоии дурандешро, ки худро аз русҳои маккор ва лоиҳаи "Маҷрои Шимолӣ-2" боэътимод дифоъ карданд, табрик кунам”, - гуфт ӯ.
Чанде пеш фючерсҳои газ дар моҳи апрел, тибқи шохиси TTF, аз 2400 доллар барои як метри мукааб ба 3900 доллар боло рафта, дар ҳамин ҳол нархи ҳисоббаробаркуниҳо дар рӯзи ҷумъа 2170 долларро ташкил дод.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.