https://sputnik.tj/20220308/zelenskiy-etirof-qrimu-donbass-barrasi-1046624001.html
Зеленский эътирофи Қриму Донбассро қобили баррасӣ хонд
Зеленский эътирофи Қриму Донбассро қобили баррасӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Украина мегӯяд, дар мавриди Қрим ва Донбасс бояд мусолимате сурат гирад
2022-03-08T15:35+0500
2022-03-08T15:35+0500
2022-03-09T13:34+0500
дар ҷаҳон
владимир зеленский
муколама
қрим
донбасс
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045122220_0:142:2765:1697_1920x0_80_0_0_35821277c7aa5e8a58a67c0068a94948.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хондааст. Ин нуктаро Зеленский дар посух ба хабарнигори шабакаи телевизионии ABC баён дошт, ки аз президенти Украина дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск суол кард. Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд, ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст. Зеленский ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба гуфтушунид ва барқарорсозии муколама даъват кардаст. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст. Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран изҳори умед кард, ки дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд."Онҳо мегӯянд, ин тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба назари ман, байни "ғайриимкон" ва "тақрибан ғайриимкон" фарқи калонест", - такъид намудааст ёвари президенти Русия.Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".То ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шудаанд. То ин дам ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.
https://sputnik.tj/20220308/maslihati-yanukovich-zelenskiy-qahramoni-1046621588.html
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045122220_16:0:2747:2048_1920x0_80_0_0_45e7a41b15665456fea032083171ec2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, қрим, донбасс, баррасӣ
зеленский, қрим, донбасс, баррасӣ
Зеленский эътирофи Қриму Донбассро қобили баррасӣ хонд
15:35 08.03.2022 (Навсозишуда: 13:34 09.03.2022) Президенти Украина мегӯяд, дар мавриди Қрим ва Донбасс бояд маслиҳате сурат гирад
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хондааст.
Ин нуктаро Зеленский дар посух ба хабарнигори шабакаи телевизионии ABC баён дошт, ки аз президенти Украина дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск суол кард.
"Мо метавонем масоили марбути минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва ҷумҳуриҳои эътирофнашударо баррасӣ намоем, дар мавриди тақдири ояндаи ин минтақаҳо муросо кунем", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Зеленский.
Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд, ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст.
Зеленский ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба гуфтушунид ва барқарорсозии муколама даъват кардаст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран изҳори умед кард, ки дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд.
"Онҳо мегӯянд, ин тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба назари ман, байни "ғайриимкон" ва "тақрибан ғайриимкон" фарқи калонест", - такъид намудааст ёвари президенти Русия.
Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".
То ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шудаанд. То ин дам ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.