https://sputnik.tj/20220302/rusiya-ukraina-kafolati-amniyati-barrasi-1046454027.html
Русия омодааст, бо Украина кафолати амниятиро баррасӣ кунад
Русия омодааст, бо Украина кафолати амниятиро баррасӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия гуфт кишвараш омодааст, бо Украина масъалаи кафолати амниятро баррасӣ кунад
2022-03-02T22:20+0500
2022-03-02T22:20+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
кафолат
вазири хориҷа
музокирот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045857993_0:177:3011:1871_1920x0_80_0_0_de3835b65ccbc2f9d38d95af7697b363.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, кишвараш омодааст, масъалаи кафолати амниятиро дар даври дувуми музокирот бо Украина баррасӣ кунад, иттилоъ додааст РИА "Новости”.Лавров изҳороти Зеленский дар бораи хоҳиши гирифтани кафолатҳои амниятиро як қадами мусбат номид.Ҳамзамон вазир таъкид кард, ки талаботи Русия дар бораи Украина наметавонад ҳамчун таслими он эътироф шавад. Маскав пешниҳоди музокира дорад.Вазифаи амалиёт дар Украина муайян кардани навъҳои мушаххаси силоҳҳои зарбазан аст, ки ҳеҷ гоҳ дар он ҷо ҷойгир карда намешаванд, илова намуд Лавров.Ҳамзамон Лавров қайд кард, ки нияти Маскав ва Киев барои баргузории даври дувуми музокирот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо барои ҷустуҷӯи роҳи ҳалли низоъ омодаанд."Мо ҳоло ба тафсилот назар намеандозем, зеро ин танҳо марҳилаи аввал аст, аммо ба тавофуқ расидем, ки ҷонибҳо бори дувум мулоқот кунанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал омода мебошанд. Ман гуфтам, ки мавқеи мо дар чист. Ин ба ҷониби Украина маълум аст ", - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира".Амалиёти вижаи Русия дар УкраинаРусия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220302/maskav-guft-tahrim-ghayrichashmdosht-1046446818.html
https://sputnik.tj/20220302/tavzehi-vukh-i-rusiya-payomadhoi-olmon-majroi-shimoli-2-1046448918.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045857993_140:0:2871:2048_1920x0_80_0_0_ea39ef1cf8bc824b0e300cec516ffde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, кафолат, амният, вазири хориҷа, лавров
русия, украина, кафолат, амният, вазири хориҷа, лавров
Русия омодааст, бо Украина кафолати амниятиро баррасӣ кунад
22:20 02.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири хориҷаи Русия гуфт, кишвараш омодааст, бо Украина масъалаи кафолати амниятро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, кишвараш омодааст, масъалаи кафолати амниятиро дар даври дувуми музокирот бо Украина баррасӣ кунад, иттилоъ додааст РИА "Новости”.
Лавров изҳороти Зеленский дар бораи хоҳиши гирифтани кафолатҳои амниятиро як қадами мусбат номид.
Ҳамзамон вазир таъкид кард, ки талаботи Русия дар бораи Украина наметавонад ҳамчун таслими он эътироф шавад. Маскав пешниҳоди музокира дорад.
Вазифаи амалиёт дар Украина муайян кардани навъҳои мушаххаси силоҳҳои зарбазан аст, ки ҳеҷ гоҳ дар он ҷо ҷойгир карда намешаванд, илова намуд Лавров.
Ҳамзамон Лавров қайд кард, ки нияти Маскав ва Киев барои баргузории даври дувуми музокирот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо барои ҷустуҷӯи роҳи ҳалли низоъ омодаанд.
"Мо ҳоло ба тафсилот назар намеандозем, зеро ин танҳо марҳилаи аввал аст, аммо ба тавофуқ расидем, ки ҷонибҳо бори дувум мулоқот кунанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал омода мебошанд. Ман гуфтам, ки мавқеи мо дар чист. Ин ба ҷониби Украина маълум аст ", - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира".
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.